Чаро бояд ба вай таъзим кунанд?

Дар интернет наворе пахш шудааст, ки дар он, мансабдорону соҳибмақмони Туркманистон ҷиҳати таъзим ба раиси ҷумҳури ин кишвар, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов навбат истодаанд, то навбаташон бирасад ва ба раиси ҷумҳурашон таъзим намоянд.

Дар интернет наворе пахш шудааст, ки дар он, мансабдорону соҳибмақмони Туркманистон ҷиҳати таъзим ба раиси ҷумҳури ин кишвар,  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов навбат истодаанд, то навбаташон бирасад ва ба раиси ҷумҳурашон таъзим намоянд.

Тавре дар ин навор мушоҳида мешавад, мақомоти давлатӣ ва мансабдорон, гулдастаҳо дар даст навбат истодаанд ва баъди ба толор ворид шудани Бердимуҳаммадов, ҳар яке бо навбат пеши ӯ таъзим мекунад ва дасташро мефишоранд.

Ин нивор дар шабаҳои иҷтимоӣ бозтоби зиёде дошта, аз ҷумла бисёре аз корбарони интернетӣ навиштаанд, ки чунин шакли парастиши шахси раҳбар, як намунаи дигари мансабпарастист, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна роиҷ аст.

Ҳамчунин нафари дигаре ибрози назар намуда гуфтааст, Ӯ ҳам як одами оддист! Чаро бояд ба вай таъзим кунанд? Ва чаро бо гулдастаҳо?

Яки дигар аз корбарон гуфтааст, режимҳои худкома дар ҳамаҷо кори худро мекунанд, чӣ дар Туркманистон ва чӣ дар Кореяи шимолӣ.

Албатта Туркманистон дар парастиши шахси раҳбари аввал дар минтақа танҳо нест ва ин як падидаи умумӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, ба истиснои Қирғизистон ба шумор меравад.

Ба унвони мисол, дар кишвари Қазоқистон ба раиси ҷумҳурӣ, Нурсултон Назарбоев расман унвони “Элбасӣ”, яъне “пешво”-ро додаанд, ки ба ӯ имтиёзҳои фаровоне ато мекунад. Дар инҷо алакай осорхонаи Назарбоеву Донишгоҳи Назарбоев ва китобхонаи ба номи ӯро таъсис додаанд ва дар борааш даҳҳо филму китоб низ таҳия намудаанд. Ҳамчунин дар Ӯзбакистон низ вазъ чунин аст.

Вазъият дар Тоҷикистон низ ин гуна аст ва парастиши шахси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир вусъати бештаре пайдо намудааст. Дар моҳи декабри соли 2015 парлумони Тоҷикистон қонунеро қабул кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” медиҳад. Акнун дар ахбори расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро танҳо бо ҳамин сифат ном мебаранд.

Қаблан ҳам зимни сафарҳои Раҳмон ба манотиқ ва мулоқотҳояш бо мардум дида мешуд, ки чӣ гуна мардумро барои истиқболи вижа аз раиси ҷумҳур омода мекунанд. Аз ҷумла кӯдакон ва ҳар нафаре, ки дар мулоқот бо президент сухан мегӯяд, ҳатман ашъори тавсифие дар ҳаққи раиси ҷумҳур қироат мекунад. Ҳамин тавр, ҳамагӣ бояд дар рӯбарӯи раиси ҷумҳур дастҳо пеши бар биистанд. Шоҳидон мегӯянд, ҳанӯз қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳӣ, афроди махсус мардумро “таълим” медиҳанд, ки дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо “Пешвои миллат” чӣ рафторе дошта бошанд.

general.images