Чаро бало, заминларза, сел, қаҳтӣ, фақр ва марги ногаҳонӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст?

Чаро бало, заминларза, сел, қаҳтӣ, фақр, марги ногаҳонӣ ва... (мутобиқи ҳадис) дар Тоҷикистон зиёд шудааст?

Солҳои ахир бало, заминларза, сел, қаҳтӣ, марги дому гӯсфанду мурғу гов, марги ногаҳонӣ, марги ҷавонон, фақр, қатл, ҷиноят ва садҳо балои дигар зиёд дида мешавад. Ҳамаи ин ҳодисаҳо ва бадбахтиҳову мусибатҳои табиъӣ ва ғайри табиъӣ сабаб доранд ва яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ин бадбахтиҳову мусибатҳо амалкарди инсонҳо, ба хусус амалкарди шахси ҳоким аст.

Дар ин мақола бар он ҳастем, ки сабабҳои ин бадбахтиҳо дар Тоҷикистонро аз забони содиқи мусаддақ, Расули раҳмат ва ҳазрати хатмии мартабат Абӯлқосими Мустафо Муҳаммад (с) баррасӣ кунем ва бо Қуръон татбиқ созем ва пешкаши хонандагон намоем.

Дар инки балоҳову иттифоқоти дунё маълули илал ва омилҳои гуногуне аст, ки яке аз онҳо амалкарди инсонҳо ва навъи рафтори онон аст, шакке вуҷуд надорад, ки ҳам дар Қуръон ба он ишора шудааст ва ҳам дар ҳадисҳои Набавӣ (с).

Дар Қуръони Карим дар ду ояти зер ба сабаби нузули бало ишора ва тасреҳ шудааст: 

 Ояти аввал:

وَ لَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرى‏ آمَنُوا وَ اتَّقَوْا لَفَتَحْنا عَلَيْهِمْ بَرَكاتٍ‏ مِنَ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ وَ لكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْناهُمْ بِما كانُوا يَكْسِبُونَ

“Ва агар мардуми шаҳрҳо имон оварда ва тақво пеша мекарданд, қатъан баракатҳое аз осмону замин барояшон мекушодем, вале онҳо такзиб карданд. Мо низ онҳоро ба хотири амалкардашон гирифтор кардем” (сураи Аъроф, ояти 96).

Ояти дувум:

 ظَهَرَ الْفَسادُ فِي الْبَرِّ وَ الْبَحْرِ بِما كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذيقَهُمْ بَعْضَ الَّذي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

“Ба сабаби аъмоле ки мардум анҷом доданд, дар хушкӣ ва дарё фасод ба вуҷуд омада аст, то [сазои‏] баъзе аз аъмолеро ки анҷом додаанд, ба онон бичашонад, шояд, ки бозгарданд” (сураи  Рум, ояти 41).

 Дар ҳадисҳои ворида низ матолибе дар ин бора нақл шудааст, ки бо пазириши асли қуръонии фавқ; яъне иртиботи аъмоли неки шахсе ё аъмоли бади он бо балоҳои осмонии олам, дур аз зеҳн нахоҳад буд. Пайғамбари Азимуш-шаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:

وَ قَالَ النَّبِيُّ ص‏ إِذَا ظَهَرَتْ فِي أُمَّتِي عَشْرُ خِصَالٍ عَاقَبَهُمُ اللَّهُ بِعَشْرِ خِصَالٍ قِيلَ وَ مَا هِيَ يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ إِذَا قَلَّلُوا الدُّعَاءَ نَزَلَ الْبَلَاءُ وَ إِذَا تَرَكُوا الصَّدَقَاتِ كَثُرَ الْأَمْرَاضُ وَ إِذَا مَنَعُوا الزَّكَاةَ هَلَكَتِ الْمَوَاشِي وَ إِذَا جَارَ السُّلْطَانُ مُنِعَ الْقَطْرُ مِنَ السَّمَاءِ وَ إِذَا كَثُرَ فِيهِمُ الزِّنَاءُ كَثُرَ فِيهِمْ مَوْتُ الْفَجْأَةِ وَ إِذَا كَثُرَ الرِّبَا كَثُرَتِ الزَّلَازِلُ وَ إِذَا حَكَمُوا بِخِلَافِ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ تَعَالَى سَلَّطَ عَلَيْهِمْ عَدُوَّهُمْ وَ إِذَا نَقَضُوا عَهْدَ اللَّهِ ابْتَلَاهُمُ اللَّهُ بِالْقَتْلِ وَ إِذَا طَفَّفُوا الْكَيْلَ أَخَذَهُمُ اللَّهُ بِالسِّنِينَ ثُمَّ قَرَأَ رَسُولُ اللَّهِ ص‏ ظَهَرَ الْفَسادُ فِي الْبَرِّ وَ الْبَحْرِ بِما كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذِيقَهُمْ بَعْضَ الَّذِي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ‏

Расули азимушшаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мефармояд: “Агар даҳ чиз байни уммати ман тарк шавад, Худои Таоло ба даҳ чиз онҳоро гирифтор кунад.

1) агар дуо кам шавад, бало нозил мешавад.

2) агар садақа тарк шавад, маризиҳову бемориҳо зиёд мешавад.

3) агар закот тарк шавад, чаҳорпоён мемиранд.

4) агар ҳукумат зулм кунад, хушксолӣ мешавад.

5) агар зино зиёд шавад, марги ногаҳонӣ зиёд мешавад.

6) агар рибо шавад, зилзила ва заминларза зиёд мешавад.

7) агар бар зидди қонуни Илоҳӣ (дар ҷомеае) ҳукм шавад, Худованд душманро бар онҳо мусаллат мегардонад.

8) агар аҳди Илоҳӣ шикаста шавад, қатлу куштор зиёд мешавад.

9) агар камфурӯшӣ шавад, ба қаҳтӣ мубтало мешавед.

10) агар амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар тарк шавад, душманон бар шумо мусаллат мешаванд ва дуои хубон мустаҷоб намешавад”(Ҷомеъул-ахбор).

Агар дар ин оятҳои Қуръон ва ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) диққат шавад, фаҳмида мешавад, ки Э.Раҳмон сабаби ҳамаи бадбахтиҳои табиъӣ ва ғайри табиъӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҳукумати ӯст, ки ҳам зулму ситам бар мардум зиёд мешавад, ҳам қонунҳои Илоҳии монанди намозу рӯзаю сарту ҳиҷоб беҳурматӣ мешавад, ва амри маъруф манъ шудааст, ки натиҷаи он даҳ маврид бар асоси фармудаи ростгӯтарин ва беҳтарини инсонҳо ки раҳматан лилъоламин аст, нузули балоҳо бар мардум аст.

Худоё, Ту шоҳид бош! Ман аз ин шахси ҷоиру ситамкору душмани Ту ва Расулат безорӣ меҷӯям. Пас маро аз азобат ба хотири душмании дигарон бо Ту дур нигаҳ дор!.

Сиддиқи Акбар

general.images