Чаро Байтулмуқаддас барои мусалмонон ва Ҷаҳони Ислом муҳим аст ва бояд аз он дифоъ кунанд?

Байтулмуқаддас ба далелҳое гуногун ва зиёд, барои мусалмонон ва Ҷаҳони Ислом аз қадосат ва аҳамияти вежаи бархурдор аст:

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, масъалаи Фаластин, танҳо як масъалаи Ислом нест, балки масъалаи инсон ва башар аст ва ҳар кас метавонад бо такя бар арзишҳо ва мабонии инсонӣ, дар мавриди фоҷеаи Фаластин қазоват кунад ва вокуниш нишон диҳад.Байтулмуқаддас ба далелҳое гуногун ва зиёд, барои мусалмонон ва Ҷаҳони Ислом аз қадосат ва аҳамияти вежаи бархурдор аст:1- Фаластин, аввалин қиблаи мусалмононФаластин, сарзаминест, ки дар он аввалин қиблаи муслимин, дуввумин масҷиди Ислом, саввумин ҳарами шариф (баъд аз Макка ва Мадина) қарор дорад. Ин шаҳр ба яксон барои пайравони ҳар се дини Иброҳимӣ, муқаддас аст ва қиблаи умматҳои пешин низ буда аст. Дар сенздаҳ соли аввали биъсат – ки Паёмбар (с) дар Макка зиндагӣ мекарданд – ва низ то ҳабдаҳ моҳ баъд аз ҳиҷрат ба Мадина, он ҳазрат ва мусалмонон ба сӯи масҷидул Ақсо намоз мегузориданд.2- Масҷидулақсо, макони Исро ва ъуруҷи (Меъроҷ) Паёмбар (с) ба осмонҳоМасҷидулақсо аз ҷиҳати дигар ҳам барои мусалмонон ҳоизи аҳамият аст ва он қадосат ва аҳамияти Исро ва Меъроҷи паёмбари акрам (с) аст, ки аз Масҷидулҳаром ба қасди Масҷидулақсо ва аз онҷо ба осмонҳо сурат пазируфт. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: “Пок ва муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақс – ки гирдогирдашро пурбаракат сохтем – бурд, то оёти худро ба ӯ нишон диҳем …”. (Исро (17), ояти 1).Ҷумлаи “боракно ҳавлаҳу” баёнгар ин матлаб аст, ки Масҷидулақсо илова бар ин ки худ сарзамин муқаддас аст, атрофи он низ сарзамини муборак ва пурбаракат аз назари моддӣ ва маънавӣ аст. Ин сарзамини муқаддас дар тӯли таърих конуни паёмбарони бузурги Худо ва хостгоҳи нури тавҳид ва худопарастӣ буда аст.3- Байтулмуқаддас, шаҳри масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои исломӣДар шаҳри Байтулмуқаддас, илова бар Масҷидулақсо 36 масҷиди дигар вуҷуд дорад, ки 29 масҷид дар дохили шаҳр ва 7 масҷид низ дар хориҷ аз бофти қадим ва дар ҳумаи шаҳр қарор дорад. Илова бар он, мақбараҳо ва зиёратгоҳҳо бисёр аз раҳбарон бузурги ислом ва асҳоби паёмбари акрам(с) дар ин шаҳр воқеъ аст.4- Саҳюнизм, конуни истеъмори зидди исломӣ дар қалби Ҷаҳони ИсломАфзун бар масъалаи қадосат ва пойгоҳи мумтоз Байтулмуқаддас ва ин сарзамин дар манобеъи асили исломӣ он чи ки дар шароити кунуни масъалаи Фаластинро барои ҷаҳони Ислом аз аҳамияти вежаи бархурдор намуда, мавзӯъи ишғоли он ба василаи саҳюнизм ва истикбори ҷаҳонӣ ва рӯъёрӯии ҷаҳони ғарб бо ҷаҳони Ислом аст. Ба гунае, ки ишғоли Фаластин, ҳаргиз ишғоли як сарзамин ва як кишвар нест, балки эҷоди як конуни истеъмори зидди исломӣ – он ҳам дар қалби ҷаҳони Ислом – дар ҷиҳати нобудии ҷаҳони Ислом ва ҷилавгири аз шаклгирии муҷаддади тамаддуни Ислом аст. Аз ин рӯ қазияи Фаластин илова бар буъди динӣ, бо истиқлол, амният ва манофеъи миллии соири кишварҳои исломӣ низ шадидан дар иртибот аст. Ин воқеъият аст, ки ҳам аз ормонҳо, усул ва барномаҳои нажодпарастона ва тавсеъаталбонаи режими саҳюнистӣ (шиъори густариши Исроил аз Нил то Фурот ва иддаъои тасоҳуби бисёре аз амокини исломӣ) ва ҳам аз назари таърихӣ ва амалкарди он режим дар қиболи мардуми Фаластин ва кишварҳои ҳамҷавори он ва билохира ҷаҳони Ислом, ба хуби қобили исбот аст.Бино бар ин Исроил барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳони Ислом таҳдиди бисёр ҷидди аст. Муҳимтарини ин таҳдидҳо иборат аст аз: фаъолиятҳои низомӣ, ҳузури сиёсӣ, ишғолгарӣ… .Исроил то кунун худро – муқаййид ба муоҳидоти байналмилалӣ – ки дар бораи манъи тавлид ва истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ, мунъақидшуда, накарда аст. Исроил шашумин қудрати ҳастаии ҷаҳон аст ва баробари баъзе гузоришҳо, ин кишвар ҳудуди 180 то 200 кулоҳаки ҳастаӣ дар ихтиёр дорад. Таслиҳоти таҳоҷумӣ ва атомии Исроил бо таваҷҷӯҳ ба шумори ҷамъияташ, 150 баробари таслиҳоти дифоъии арабҳост. Ғарб шадидан Исроилро пойгоҳи хатти муқаддам ва ҳомии манофеъи мухталифи худ медонад. Ва бартарӣ ва тасаллути Исроилро бар минтақа ва ҷаҳони Ислом хостор аст.Илова бар ин масъалаи Фаластин, танҳо як масъалаи Ислом нест, балки масъалаи инсон ва башар аст ва ҳар кас метавонад бо такя бар арзишҳо ва мабонии инсонӣ, дар мавриди фоҷеаи Фаластин қазоват кунад ва вокуниш нишон диҳад.Хабаргузории Восток-Нюз: Наҷибуллоҳи Хайруллоҳ

general.images