Чанд созмони ғайридавлатӣ хостори лағви муҷаввизи Вазорати маориф барои сафарҳои хориҷӣ шуданд

Теъдоде аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз додситони кулли Тоҷикистон дархост кардаанд, дастури Вазорати маорифро барои сафарҳои хориҷии бидуни муҷаввиз, бекор кунад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Фарғона, теъдоде аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дархост кардаанд, дастури Вазорати маориф ва илми ин кишварро барои сафарҳои хориҷии бидуни муҷаввиз, бекор кунад.Ин дархостро чанд созмони ғайридавлатӣ дар сомонаи Эътилоф алайҳи шиканҷа мунташир кардаанд.Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода буд, сафари устодони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва муҳаққиқон ба хориҷ аз кишвар бидуни муҷаввизи ин ниҳод мамнуъ аст.Аз нигоҳи Эътилоф алайҳи шиканҷа, ин дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муғойир бо Қонуни Асосии ин кишвар ва созишномаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст, ки ҳаракати озодона, интихоби маҳалли зиндагӣ ва кори шаҳрвандонро тазмин мекунад ва давлати Тоҷикистон бо имзои ин муқаррарот худро мутааҳҳид ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандони хеш медонад.Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом карда буд, кормандони ин вазоратхона, раисон ва устодони донишгоҳҳо, мудирон ва омӯзгорони мактабҳо ва донишҷуёну донишомӯзон танҳо бо муҷаввизи Вазорати маориф ва илми ин кишвар метавонанд ба хориҷ аз кишвар сафар кунанд.Ҳамчунин афроде, ки барои маъмуриятҳои 15 рӯза ба хориҷ аз кишвар мераванд, илова бар муҷаввизи ин вазоратхона бояд мувофиқати катбии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистонро низ дошта бошанд.Бар асоси ин дастур, афроде, ки барои ширкат ва суханронӣ дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ аз кишвар хориҷ мешаванд, муваззаф ҳастанд матни суханронии худро қабл аз сафар ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ироа диҳанд.Онон ҳамчунин муваззаф ҳастанд, пас аз бозгашт аз чунин сафарҳои хориҷӣ гузориши худро ба мақомоти ин вазоратхона ироа кунанд.Аз сӯйи дигар, омӯзгорон ва донишомӯзони мактабҳои ин кишвар низ танҳо пас аз гирифтани муҷаввиз аз Вазорат маориф ва илми Тоҷикистон, метавонанд дар олимпиадҳо ва озмунҳои илмии байналмилалӣ ширкат кунанд.

general.images