Хьюманистанбул: Саммити умумиҷаҳонии гуманитарӣ

Ба шок ва ошуби байналмилалӣ нигоҳ накарда, чунин менамояд, ки марги Айлан Курдии хурд тобистони гузашта он қадар тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд наовард. Тафсир намудани одамгарии коллективии мо, агар чунин мафҳум то ҳол мавҷуд бошад-аламовар, вале дағалона аст.

Ба шок ва ошуби байналмилалӣ нигоҳ накарда, чунин менамояд, ки марги Айлан Курдии хурд тобистони гузашта он қадар тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд наовард. Тафсир намудани одамгарии коллективии мо, агар чунин мафҳум то ҳол мавҷуд бошад-аламовар, вале дағалона аст.  Қувваи суратҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки барои мақсадҳои аз тарафи шахсони машҳур таъқибшаванда, бисёр таъсирнок буданд, чунин менамояд, ки барои мобилизатсиякунонии кумак ба шахсоне, ки камтар корҳояшон омада мекард, талаф ёфтааст. Дар ҳақиқат пас аз вафоти Айлан, шаш моҳ пеш миқдори зиёди одамони бегуноҳ - мардон, занон ва бачагон аз маргҳое вафот намуданд, ки онҳоро пешгирӣ намудан мумкин буд.Дар ҳақиқат, мо бо буҳрони гуманитарии ҷиддӣ, ки дар тафовут нисбат ба ҳамаи он чизҳое, ки аз давраи ҷанги ҷаҳонии охирин инҷониб руй дода буд, рубару шудаем. Аммо, ягон намуди узр нисбат ба бепарвоии возеҳи ҷаҳонӣ қабул карда намешавад.Дар он вақте ки имруз офатҳои бузурги табиӣ сабаби ҷиддии марг ба ҳисоб меравад, ҷойивазкунии (кучиши) одамон, ки аз ҳама даҳшатноктар аст  -  аксарияти мутлақи буҳронҳои гуманитарии бо низоҳо алоқаманд ва дорои хусусияти такроршаванда ва дуру дарозро ташкил менамоянд. Инро дар Сурия баръало дидан мумкин аст, яъне вақте қотили оммавӣ бо воситаи кумаки беруна бепарвоёна ва худсарона халқи худро ҳадаф мегирад.Берун аз Сурия, хоҳ дар Шарҷи Наздик, хоҳ дар Осиё, хоҳ дар Африқо ва ё дигар ҷойҳо, буҳронҳои гуманитарӣ аз ҳудуд берун мебароянд. Дар айни замон зиёда аз 125 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон ба кумаки гуманитарӣ эҳтиёҷ доранд. Миқдори шахсони ҷойивазкунанда-60 миллион нафар, дар даҳ сол қариб ду маротиба зиёд гардидааст. Ин рақамҳо ҳамчун далели кулфати инсонӣ, ки аз душвории буҳрони гуманитарӣ, ноқобилиятии мо ва берағбатии ҳалли он, инчунин, тафовути калоншаванда байни эҳтиёҷоти зиёдшаванда ва захираҳои маҳдуд бармеоянд, ба ҳисоб мераванд.Бояд ягон кор карда шавад ва Туркия ба худ роҳбариро на танҳо аз нуқтаи назари намунавӣ, балки дар самти кор оид ба фаъолигардонии фаъолияти ҷомеаи байнамилалӣ мегирад.Имрӯз Туркия ҳамчун яке аз донорҳои бузурги гуманитарӣ, миқдори аз ҳамаи зиёди гурезагонро дар ҷаҳон қабул намудааст- зиёда аз 3 миллион нафар. Ин бисёртар бо ҷанг дар Сурия алоқаманд аст. Пешниҳоди паногоҳ ва хизматрасонии ҳаётан муҳим, ба монанди хизматрасонии ройгони тиббӣ, таълими мактабӣ ва касбӣ ба гурезагон заҳмати молиявии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, ки онро Туркия асосан ба зиммаи худ гирифтааст.Аммо дипломатияи гуманитарии мо бо минтақаи наздик маҳдуд намешавад. Шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ бемуҳофизатро новобаста аз нажод, дин ва баромади иҷтимоӣ қабул намуда, Туркия чӣ тавре ки дар охири асри 15 намуда буд, ба намудҳои гуногуни бурҳони гуманитарӣ аз Ғоитӣ то Непал, аз Гвения то Сомалӣ, инчунин аз Сахел то Индонезия эътино мекунад. Кушишҳои гуманитарии мо на танҳо барои осон намудани ташхис, балки барои табобат намудани беморӣ низ равона шудааст. Ин гуна муносибат на танҳо кумаки гуманитарӣ ва кумак барои рушдро дарбар мегирад, балки кушиш менамояд, ки сабабҳо ва омилҳои буҳрони гуманитариро решакан намояд. Ин муносибат бо воситаи дархостҳо идора карда мешавад ва онро аз ҳама бештар дар давлатҳои Сахел ва ё Сомалӣ дида мешавад, ки дар он Туркия сиёсати маҷмуиро бо муносибатҳои гуногун мебарад. Ин сиёсат кумаки расмиро ҳангоми иштироки фаъоли бахши соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид намуд, инчунин муяссар гардид, ки миқдори беҳисоби зиндагии одамон беҳтар карда шавад.Дар он вақте ки кушишҳои инфиродии аз тарафи давлате ба монанди Туркия қабулшаванда мафҳумҳои ҳалкунандаро касб менамояд, низоми байналмилалии гуманитарӣ аз воситаҳои мавҷуда маҳрум мешавад ва вақт ба манфиати он шахсоне кор мекунад, ки аз буҳронҳои бешумор, ки мо дар тамоми ҷаҳон шоҳиди он ҳастем, зарар дидаанд. Ҳаёти аз ҳад зиёди одамон дар зери таҳдид қарор дорад ва беамалӣ роҳи ҳал ба ҳисоб намеравад.Дар ин лаҳзаи хатарнок, 23-24 майи соли 2016 дар Истанбул якумин Саммити умумиҷаҳонии гуманитарии СММ баргузор мегардад. Интихоби Туркия ба сифати мизбони Саммити мазкур тасодуфан нест. Вай тасдиқи дипломатияи бомуваффақияти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мо гузаронида истодаем.Саммити умумиҷаҳонии гуманитарӣ майдони ҳаётан муҳимро барои ҳалли масъалаҳое, ки низоми гуманитариро дарбар мегиранд, таъмин менамояд. Илова ба масъалаҳои мазкур ба монанди эътино кардан ба буҳронҳои такроршаванда/тулёбанда ва мавҷи ҷойивазкунии одамон, дигар масъалаҳои рузмарра ба монанди таъмини маблағгузории фаъолияти гуманитарии устувор, боэътимод ва пешгуишаванда низ баррасӣ карда мешаванд. Дигар масъалаҳо ба монанди кадом усулҳои инватсионӣ метавонанд истифода шаванд ва ё чӣ тавр чораҳои гуманитарии маҳалиро бо воситаи роҳҳои махсус коркардшуда ва мувофиқ пеш бурдан мумкин аст, инчунин масъалаи эътибор ва амният дар фаъолияти гуманитарӣ дар Саммит баррасӣ карда мешаванд.Саммити умумиҷаҳонии гуманитарӣ, дар он вақте ки миллионҳо нафар дар дами ҳаёт ва марг қарор доранд, барои ҳамаи ҳалқҳои ҷаҳон ва пошвоёни онҳо барои қабул намудани чораҳо ҳамчун асос ба ҳисоб меравад. Дар ёд дорам, ки ман кай аввалин бор сурати Айланро дида будам, ман он мусибати мутлақро ки маро фаро гирифта буд, ба ёд меорам ва ман дар бораи он фирк намудам, ки вай чӣ гуна кудаки танҳо ва беҳимояи бегуноҳ ба ҳисоб мерафт. Ман бовар кардан мехостам, ки аз ин манзара мо ягон чиро фаҳмидем ва ба мо дигар чунин манзараҳои барои амал намудани мо маҷбуркунанда лозим нест.Мо ҳамаамон барои ҳамаи он ҳодисаҳое, ки дар назди одамони озордидае, ки ба мо барои кумак муроҷиат менамояд, руй медиҳанд, ҷавобгар ҳастем. Истанбул имконияти омада ин ҷавобгариро ба ӯҳда гирифтанро медиҳад. Мо ҳамаи пешвоёни ҷаҳонро даъват менамоем, ки ба Истанбул, ба Саммити умумиҷаҳонии гуманитарии СММ оянд ва бо мо барои ёфтани роҳи ҳал барои онҳое, ки  ба кумаки гуманитарӣ бисёр эҳтиёҷ доранд, кор кунанд.  

general.images