Худшефтагии Э.Раҳмон ва чоплусии чоплусон ба марзи ҷунун расидааст

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон чунон шефтаи худ аст, ки 25 сол аст мардумро маҷбур мекунад, ки фақат дар дару девону телевизион расми ӯ бошад ва фақат аз ӯ таъифу тамҷид шавад. Кор ба ҷое расидааст, мардум аз телевизиони Тоҷикистон зада шада, ба телевизионҳои хориҷӣ рӯ оранд. Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш, ки ба сактаи қалбӣ дучор шуда буд ва эҳтимоли мурданаш зиёд буду чанд рӯз аз ӯ хабаре нашуд, дар ВАО дигар аз ӯ сухан набуд, дастгоҳи президент гӯё гуфта бошад, ки дигар аз Эмомалӣ Раҳмон таъриф накунед ва зиёд ӯро реклама нанамоед. Ба назар мерасад дар рӯзҳое ки дар бистари марг буд, қудрат дар дасти Саймӯмин Ятимов буд ва ӯ иҷоза надод, ки дигар аз Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО таърифу тамҷид шавад.Тақрибан ҳама ба марги Э. Раҳмон умедвору шод буданд, ки ногаҳон ҷасади наҳсаш дар ҳолати бисёр беморгуна ба телевизион баромад ва дубора чеҳраи наҳсаш дар ВАО зиёд шуд, ки имрӯза ба истилоҳи китобҳои ӯро ба таври савтӣ дар ВАО пахш мекунанд. Худшефтагии Э.Раҳмон ба худ ва чоплусии чоплусон ба ҳади ҷунун расида аст ва умед аст, ки ин ҷунун Э.Раҳмонро аз по дароварад. Акс ва китоби президент ду чизи аслие аст, ки дар утоқи мансабдорон аст. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд. Ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images