Худнамоии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷоизаи калон!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Озодагон: Роҳҳо баста мешавад, ва ба муносибати Рӯзи пойтахт мусобиқаи дави байналмилалӣ баргузор мешавад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Озодагон: Роҳҳо баста мешавад, ва ба муносибати Рӯзи пойтахт мусобиқаи дави байналмилалӣ баргузор мешавад.

Озодагон дар саҳифаи худ меоварад: Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои 12 ғолиби ниммарафони VII-и байналмилалӣ, ки соати 9:00-и 16 апрел дар назди Наврӯзгоҳ оғоз мегардад, 267 ҳазору 400 сомонӣ ҷоизапулӣ ҷудо намудааст.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе ниммарафони VII-и байналмилалӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт 16-уми апрел соати 9:00 аз назди Наврӯзгоҳ оғоз шуда, тариқи хатсайри маҳаллаҳои Чорбоғу “Водонассос” дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ анҷом меёбад.

Ба иттилои манбаъ иштирокчиёне, ки миёни занону мардон ҷойҳои 1 то 6-ро ишғол мекунанд, аз 11 750 то 27 510 сомонӣ ҷоиза мегиранд: “Аз ҷумла барои ғолибон миёни занону мардон, барои ҷои якум- 27510 сомонӣ, ҷои дуюм-23580 сомонӣ, ҷойи сеюм- 19650 сомонӣ, ҷойи чорум- 15720 сомонӣ, ҷойи панҷум 14 150 сомонӣ ва ҷойи шашум – 11750 сомонӣ ҷоизапулӣ муайян шудааст”.

Масофаи хатсайри ниммарафон 21 км 91 метрро ташкил дода, роҳҳои ин масир аз соати 9-и субҳ то 11 баста мешаванд.

general.images