’’Хонаи Озодӣ’’ ҳукумати Тоҷикистонро худкома ва кишвари яккаҳизбӣ хонд

Созмони Хонаи Озодӣ дар гузориши "Давлатҳои дар ҳоли гузариш-2017" аз вазъи рӯ ба поини демократия дар Тоҷикистон интиқод карда, низоми ҳоким дар кишварро "худкома" ва яккаҳизбӣ хондааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши "Давлатҳои дар ҳоли гузариш-2017" аз вазъи рӯ ба поини демократия дар Тоҷикистон интиқод карда, низоми ҳоким дар кишварро "худкома" хондааст. Ин гузориш, ки рӯзи 5 апрел нашр шуд, бар асоси арзёбиҳои озодиҳои сиёсӣ, вазъи матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба чунин хулоса омадааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон, ки бо интиқоди созмони байналмилалӣ розӣ нестанд, бо бешармӣ ва дуруғгуии тамом ин арзёбиҳоро ғайримунсифона меноманд.Эдвард Лемон, аз муаллифони ин гузориш гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 ҳамаи мухолифинро ба ҳошия ронда ва мавқеи яккатозиро тақвият бахшид. Ӯ ба унвони мисол аз ислоҳи Қонуни асосӣ, боздошту зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва таъқиби хонаводаи мухолифини тоҷик ном бурда, таъкид кардааст, ки “ҷомеаи шаҳрвандӣ низ кори худро таҳти фишори ҳукумат идома медиҳад”.Дар ин гузориш таъкид гардидааст, “Баъд аз тазоҳуроти ороми фаъолони мухолифин дар нишасти ченакҳои инсонӣ дар Варшава тазоҳуроти ҷавобӣ алайҳи онҳо дар саросари Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Мақомот ҳудуди 50 тан аз наздикони мухолифинро боздошт карда, ба аъзои оилаашон ҳамла оварданд. Ду вакили мудофеъ ба унвони “ифротгаро” муттаҳам шуда, аз тарафи Додгоҳи олӣ ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд”.Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, “ба хотири идомаи маърака алайҳи вакилони дифоъ дараҷаи системаи додгоҳии Тоҷикистон аз 6.75 ба 7 балл расидааст”, ки аз рӯи ҷадвали Хонаи Озодӣ нишондиҳандаи бад шудани вазъият аст. Ба ин тартиб, вазъи расонаҳои мустақил ҳам аз назари озодиҳои сиёсӣ рукуд кардааст.Ба қавли муаллифон, ҳокимияти миллии демократии Тоҷикистон дар соли 2016-2017 дар дараҷаи 7, яъне поинтарин нуқтаи ҷадвали ин гузориш ҷой гирифтааст. Гуфта шудааст, ки “Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон фазои сиёсиро дар тасаллути худ нигоҳ медорад. Тоҷикистон дар асл шабеҳи як кишвари яккаҳизбӣ аст.”Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора гуфтанд, ки зоҳиран чунин гузоришҳо дар солҳои охир "боғараз" таҳия мешаванд. Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, рӯзи 6 апрел дар робита ба баҳои бади Хонаи Озодӣ ба вазъи матбуоти Тоҷикистон гуфт, “мушкили бисёре аз расонаҳои мо иқтисодианд. Дар инҷо ягон фишороварӣ нест. Онҳо танҳо аз нуқтаи назари худашон баҳо медиҳанд”. Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, вазъи расонаҳои мустақил дар кишвар хеле нигаронкунанда аст ва сабаби баста шудани баъзе расонаҳо на фақат молӣ, балки фишори мақомот низ ҳаст.Ҳафтаи гузашта низ, гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон хостаанд, ки саркӯби ҷомеаи маданиро хотима дода, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром бигузоранд. Дар муроҷиатнома ҳомиёни ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ хостанд, аз ин ба баъд ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар минтақа ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ кӯмак кунанд ва кӯшиш намоянд, то онҳое, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд. Хабаргузории Восток-Нюз: Наҷибуллоҳи Хайруллоҳ

general.images