Хонаи Озодӣ дар гузориши худ режими Раҳмонро режими худкома ва золим унвон кард

Дар гузориши созмон бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" омадааст, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст ва беҳбудӣ фақат дар 36 кишвар мушоҳида шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Фридом Ҳаус ва ё Хонаи Озодӣ гуфт, соли 2016 бо нерӯмандтар шудани ҳукуматҳои худкома дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон ва сар боло кардани “нерӯҳои шӯҳратталаб ва миллатгаро” дар кишварҳои демократии ғарбӣ таҳдид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бештар шудааст.Дар гузориши созмон бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" омадааст, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст ва беҳбудӣ фақат дар 36 кишвар мушоҳида шудааст. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон дар 195 кишварро арзёбӣ кардааст.Элен Агекиён, намояндаи созмон гуфт, ки озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 2016 маҳдуд шудаанд ва кишвар дар гузориши имсола нишондодҳои бисёр бад дорад. "Маҳдудтар шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, маҳви комили садои мухолифон, расонаҳои мухолифон, расонаҳои мустақил, хомӯш кардани ҷомеаи маданӣ мушоҳида шудДар гузориши созмон ҳамчунин омадааст, ки “раъйпурсӣ роҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳукумати номаҳдуд дар кишвар боз мекунад ва поин овардани синни номзад ба мақоми президент, як ҳаракате барои ҷойгузини худ кардани писараш аст.Дар ин гузориш маҳкум ба зиндон шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар соли гузаштаро ҳам зикр кардаанд.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images