Холаи Фотима, актрисаи таёркарда барои пешвозгирӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Холаи Фотима, актрисаи таёркарда барои пешвозгирӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Эмомалӣ Раҳмон ки 27 сентябр дар Дарвоз қарор дошт, холаи Фотима бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ баромад карда, Эмомалӣ Раҳмонро монанди ҳамеша таърифу тамҷид карда, хушомадгӯӣ гуфта, ба осмон расонд. Ӯ ки бо шухтабъиаш сухан мекард, ҳамаро ба ваҷд овард.

Аммо суол ин аст, холаи Фотима кист?

Холаи Фотима чихеле ки дар навор аст, инсони бисёр меҳмондӯст, хушсухан, ширинбаён ва дӯстдоштанист, ки фазоили зиёд дорад ва модарест ки фарзандони хубе тарбият кардааст.

Аммо аз Эмомалӣ Раҳмон таърифу тамҷидҳое кард, ки тамоман дуруст набуд. Чӣ тавре ки медонем, пеши Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша касонеро меоранд, ки таърифу тамҷид карда, заррае интиқод надошта бошад. Чунин касонеро аз пеш таёр мекунанд ва пешвозгирҳо ба истилоҳ актёрҳое ҳастанд, ки филм бозӣ мекунанд.

Дар суханони холаи Фотима бинед, Эмомалӣ Раҳмонро чунон таъриф мекунад, ки мегӯяд, “гуфта будӣ Дарвозро ба дарвозаи тиллоии Бадахшон табдил медиҳам. Дар ҳақиқат ин корро кардӣ!”.

Ин сухан дурӯғест, ки ҳатто кӯдаки гаҳвора онро мефаҳмад. Эмомалӣ Раҳмон оё дар Дарвоз ягон варзишгоҳ, мактаб, институт ва ё ягон фабрикае кушодааст, ки ҳаддиақал даҳ нафар аз он нон хӯранду дар иваз ба Русия гастарбайтерӣ нараванд?

Сиддиқи Акбар

general.images