Хизмати Ватан-Модар ва аскарӣ рафтан/ оё Рустам ва Сомони Эмомалӣ хизмати Ватан кардаанд?

Дар урфияти мардум мегӯянд: “Хизмати Ватан ва аскарӣ инсонро мард мекунад”, ё “Хизмати аскарӣ нишони ҷавонмардист”, гарчӣ ин сухан ҳақ ва бисёр росту дуруст аст ва ҳамеша аз даҳони давлатмардон ва соҳибмансабон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон зиёд гуфта мешавад, аммо биёед бибинем Эмомалӣ Раҳмон ин суханонро аз таҳи дил мегӯяд ё аз рӯи риёкорию фиреб!

Шакке нест ки Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов, Нуриддин Саид, Бег Сабур, Ҳасан Саъдулло, Муҳиб Саъдулло ва ҳамаи вазирон, вакилон, раисон ва соҳибмансабони Тоҷикистон соҳиби писаранд, аммо то ба ҳол ҳатто як бор ҳам гузориш нашудааст, ки писари як соҳибмансаб ё вазире ё президент ба хизмати аскарӣ рафт.

Эмомалӣ Раҳмон ва дигар соҳибмансабони Тоҷикистон бо нафиристодани писарони худ ба хизмати аскарӣ амалан гуфтаҳои ва суханҳои зебои худ дар бораи хизмати аскарӣ “ҷавонмардӣ”, “хизмати Ватан-Модар муқаддас аст” ва аз ин қабил суханҳоро риёкорона ва дурӯғпардозона мегӯянд то ба гуфтаи худ садоқати худро ба Ватан нишон диҳанд.

Агар ҳақиқатан Эмомалӣ Раҳмон ва дигар соҳибмансабон хизмати аскариро вазифаи муқаддас медонистанд, пеш аз ҳама писарони худро ба аскарӣ мефиристоданд, аммо ҳамин ки писаронашонро ба аскарӣ намефиристанд худ далел бар ин аст, ки дурӯғ мегӯянд ва ин суханро барои ширин кардани худ пеши мардум ва фиреб додани ҷомеа мегӯянд.

Синну соли Рустам ва Сомони Эмомалӣ ба аскарӣ туғрӣ меояд, чаро аскарӣ барои дигарон нишони ҷавонмардӣ ва вазифаи муқаддас буда ва бояд раванду Рустаму Сомон не?! Магар гаҳвораи Рустам ва Сомони Эмомалӣ аз осмон фаромадааст, ки қонунро мешикананд ва аз вазифаи муқаддас ва мардонагӣ шона холӣ мекунанд?

Магар Эмомалӣ Раҳмон намегӯяд ки ҳама дар пеши қонун баробаранд ва қонун волоият дорад? Пас чаро Рустаму Сомон бар қонун волоият доранд, на қонун бар онҳо ҷаноби Э.Раҳмон?

Аз суханони Эмомалӣ Раҳмон фаҳмида мешавад, ки писарони ӯ яъне Рустам ва Сомон ва ҳамчунин писарони дигар соҳибмансабону вазирону вакилону раисон ё ноҷавонмарданд, ё номарданд ва ё аслан душмани Тоҷикистонанд; чароки қонуншиканӣ карда дар ҳоле ки синну солашон ба хизмати аскарӣ мерасад, аммо хизмати аскарӣ нарафта, ба вазифаҳои низомие монанди “генерал” мерасанд.

Масалан ҳамин Рустами гунги герчикро бинед, на аскарӣ рафтааст, на савод дорад ва на ҳатто гап задан метавонад, аммо генерал аст. Аз генералии Рустами наркоман ҷаҳонро ханда гирифта, аз дам ҳама Эмомалӣ Раҳмонро бо писари герчику наркоманаш масхара мекунанд!

Сиддиқи Акбар

general.images