Хешутаборбозӣ ё “тағабозӣ” дар оилаи Эмомалӣ Раҳмон!

Эмомалӣ Раҳмон инсоне аст, ки аз хурдӣ маҳрум буда, аз оилаи камбағал буда ҳамеша дар орзӯи бой шудан будааст. Ӯ фикри бой шуданро дар зеҳнаш мепарваронд ва рӯз то рӯз фикрҳои гуногуне ба сараш меомад. Ӯ барои бой шудан ҳатто аз роҳи дуздӣ ва корҳои даҳшатнок низ убур карда ва ин фикр барояш оддӣ ба ҳисоб омада, зиштии ин кор дар зеҳнаш зебо ҷилва дода шуд.

Баъд аз муддате ки ин фурсат барояш фароҳам шуд, ӯ ҳозир шуд бо ҳимояти Елтсин ва Ислом Каримов тоҷиккуширо ба роҳ андозад ва мардуми Тоҷикистонро дар вартаи ҳалокату нобудӣ қарор диҳад, фақат ба хотири инки орзӯҳои кӯдакиаш (бой шудан ҳатто аз тариқи дуздӣ ва қатлу ғорат) амалӣ шавад.

Дар ҳақиқат ин фикри шайтоние буд, ки аз ибтидо дар зеҳни ӯ шакл гирифт ва шайтони Иблис тавонист рисолати худро хуб анҷом диҳад ва шайтоне чун Э.Раҳмонро тарбият кунад, ки имрӯза ба душмани ашаддии ҳазрати Аллоҳ, Ислом, Қуръон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва дини мубин ва миллати тоҷик мубаддал гардад.

Ин фарзанд ва тарбиятшудаи шайтони раҷим барои бақои ҳукумати хеш, ҳамаи хешутабори худро бар сари қудрат овард ва барои онҳо вазифаю мансаб дод. Агар дуруст диққат кунед, тамоми шуғлҳои калидии Тоҷикистон дар дасти оилаи Э.Раҳмон аст.

Хешутабори Эмомалӣ Раҳмон дар мансабҳои калидии Тоҷикистон

Ҳамон тавр ки бар ҳама маълум аст, вазифа ва мансабҳои аслӣ дар дасти наздикони Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чанд намунаро зикр мекунем.

1.Раёсатҷумҳурӣ ва президентӣ

Президентӣ мансабе аст, ки дар ҷаҳон ҳар чаҳор сол пас иваз мешавад ва то ду бор як шахс метавонда президент шавад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва ҷараёнҳои ҷаҳонӣ шино карда, 27 сари сол аст, ки яксара президенти Тоҷикистон аст. Ва чунон ба назар мерасад, ки қасд дорад то мурдан ва ҳатто аз даруни гӯр низ ҳамчунон раисиҷумҳур бошад.

2.Раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва президентӣ;

Озода Раҳмон баъди Эмомалӣ Раҳмон ки раиси ҷумҳур аст, раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ аст. Озода Раҳмон ки аз тарафи чоплусон ба унвони як зани сиёсатмадори намуна муаррифӣ мешавад, фарзанди ҳамон падари хунхори нобакори ситамгари бераҳми динситез аст. Яъне айнан ҳамон кори падарро анҷом медиҳад ва ахиран низ душманиаш бо Исломро ошкор кард.

3.Шаҳрдори Душанбе;

Ҳамон тавр ки мегуфтанд баъд аз президентӣ, шаҳрдории Душанбе мансаби аслӣ аст. Барои ҳамин аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки шаҳрдори Душанбе буд ҳамеша ба унвони шахси дуввуми Тоҷикистон ном мебурданд. Аммо имрӯза ин мансаби калидӣ дар дасти Рустами Эмомалӣ, ба истилоҳ писари Эмомалӣ Раҳмон аст.

4.Молики калонтарин ширкатҳо;

Ягона ширкати калоне ки дар Тоҷикистон даромадҳои бисёр калон дорад, ширкати “ТАЛКО” аст, ки дар дасти додараруси Эмомалӣ Раҳмон, яъне Ҳасан Саъдуллоев аст. Додарарусҳои Эмомалӣ Раҳмон тамоми ширкатҳо ва банкҳоро дар даст гирифтаанд, масалан Муҳиб ки аз Ҳасан хурдтар аст, чанд сол пеш бозори Шаҳритусро ба зур аз дасти молики он ки зани тоҷир буд ситонд ва дар видео ҳамааш забт шуда дар интернет пахш шуд. Ӯ мегуфт, “номард бошму зинда бошм!”.

Ҷамолиддин Нуралиев низ ки домоди Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода аст соҳиби бонк ва соҳиби ширкати “Фароз” аст. Ширкати Фароз, аз они раҳматии Умаралӣ Қувватов буд, ки оилаи Э.Раҳмон ин ширкатро аз ӯ ситонд ва худи ӯро дар Туркия террор кард.

5.Вазоратҳо дар дасти хешутабори Раҳмон;

Вазири алоқа, Бег Сабур ки дар шабакаҳои маҷозӣ бо масхара шуданаш дар мусоҳиба бо фарде ки худро намояндаи раиси Фейсбук муаррифӣ карда буд, машҳур шуд. Бег Сабур чунон суҳбат кард, ки ҳамаи шунавандагон аз шунидани он аз ханда рӯдакан шуданд. Ӯ масхара ва далқак (клоун)-е беш нест. Аммо аз он ҷиҳат ки қудои Эмомалӣ Раҳмон ва падараруси Рустами герчик аст, вазир аст.

Сиддиқи Акбар

general.images