Хавфи он меравад ки анқариб Э.Раҳмонро ба “худо ва парвардигори Тоҷикистон” унвон диҳанд!

Эмомалӣ Раҳмон шахси бисёр худшефта ва худмеҳвар аст. Вазирону вакилон ва мақомоти Тоҷикистон бо фармоне ки аз хоҷагони худ мегиранд, Эмомалӣ Раҳмонро бояд фақат таъриф, тамҷид ва ба истилоҳи омиёна “хокшапӣ” кунанд, то битавонанд дар қудрат боқӣ монанд ва бо тамоми тавон хуни мардумро маканд.

Аммо мушкил онҷост, ки ҳар унвоне ки дар ҷаҳон буд, ба Эмомалӣ Раҳмон дода шуд ва дигар унвоне намондааст ки ба Э.Раҳмон дода шавад. Яъне унвонҳо ва мақомҳои заминӣ тамом шуданд. Ба ҳамин хотир, чоплусони ҶТ яъне вазирону вақилону соҳибмансабон дар фикри тарроҳии унвонҳои наванд.

Унвони заминӣ дигар тамом шуд ва навбат ба унвонҳои осмонӣ расид. Унвони “наҷотдиҳандаи сайёра” (ки ҳамон супер мени филмҳои ҳоливудӣ аст) низ ба Эмомалӣ Раҳмон тавассути чоплусонаш дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар аҳмақу аблаҳ аст, ки дили худашро бо чунин чоплусоне хуш кардааст, ки ҳамеша ӯро масхара ва хархандаи ҷаҳону ҷаҳониён мегардонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон тавассути дигар сиёсатмадорон ва ҷавонон чунон масхараю мазҳака мешавад, ки аз шунидани он арақи шарм бар ҷабини ҳар озодае мешинад ва шармандагиро дар чеҳраҳо ҳувайдо месозад.

Унвони “наҷотдиҳандаи сайёра” кам буд, ки ин бор унвони дигаре дода мешавад ки дар ҷаҳон барои аввалин бор рух медиҳад ва он пешниҳоди “унвони қаҳрамонии чандкаратаи миллӣ” аст, ки барои аввалин бор дар таърих матраҳ шуда ва Ҳоливудро аз ҳайрат ангушт ба даҳон гузоштааст, ки худ метавонад сужае барои сохтани филмҳои нави ҳоливудӣ шавад!

Хавфи он меравад, ки анқариб Эмомалӣ Раҳмон тавассути чоплусон ба унвони “Худо ва Офаридагори Тоҷикистон” (наузу биллоҳ) ба қонун муаррифӣ шуда, ва порлумон баид нест онро таъйид кунаду аз он пас Эмомалӣ Раҳмон “Худо ва Офаридагори Тоҷикистон” лақаб гирад!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Матн бо суханони миннатдорӣ ба Пешвои миллат (унвони расмии Раҳмон) пур карда шудааст. Ғайр аз он, дар муроҷиатнома аз номи ҷавонон пешниҳод карда шуд, ки ба сарвари давлат унвони Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон дода шавад.

Манбаъ: https://regnum.ru/news/polit/2731448.html

Сиддиқи Акбар

general.images