Хабари хуш барои мардуми Тоҷикистон\ Э.Раҳмон дар Ҷопон дар садама афтод

Шабакаи телевизионии Fuji TV-и Ҷопон (Япония) видеои садамаи як мошин аз корвон(кортеж)-и мошинҳои президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токиоро нашр кард.

Хабаре пахш шуд, ки гарчанд вуҷуди наҳсу палиди Э.Раҳмонро ки бори сангине бар души миллати тоҷик аст рабуда нашуд, аммо барои лаҳзае ҳам ки шуд дили аҳолии Тоҷикистонро шод гардонд. Хабари садамаи мошини президент дар Ҷопон буд, ки Э.Раҳмони наҳс дар он буд. Эй кош ӯ мемурд ва барои ҳамеша мардумро хушҳолу хурсанд мекард.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, шабакаи телевизионии Fuji TV-и Ҷопон (Япония) видеои садамаи як мошин аз корвон(кортеж)-и мошинҳои президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токиоро нашр кард. Эмомалӣ Раҳмон аз 3 октябр бо сафари расмӣ дар Ҷопон аст. Як микроавтобус нимаи дуюми рӯзи 4 октябр дар кӯчаи Чиёда аз қафо як мошини "Мерседес” аз корвони мошинҳои президенти Тоҷикистонро задааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин садама, ки дар арафаи зодрӯзаш рух дод, осеб надидааст. Имрӯз президенти Тоҷикистон ба синни 66 расид.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images