Фошкории дурӯғгӯии мақомоти Тоҷикистон тавассути созмонҳои байналмилалӣ

Дар гузориши нави созмони Афви Байналмилал омааст, ки дар Тоҷикистон тағйироти конститутсияи кишвар, ҳукми зиндони фаъолони ҲНИТ, шиканҷа, таъқиби адвокатҳо, вазъи озодии баён ва мушкили дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ баррасӣ шудааст.

Созмони байналмилалии Афви Байналмилал, ки мақомоти Тоҷикистонро ба нақзи ҳуқуқи башар, саркӯби дигарандешӣ, маҳдуддиятҳои бештари озодии баён ва эҷоди муҳити хафақон дар Тоҷикистон муттаҳам медонад, рӯзи 22 феврал гуфт: "вале мақомот таҳдидҳои амнияти миллӣ ва зарурати мубориза бо терроризмро дар маҳдудиятҳои бештари озодии баён тавҷеҳ карданд". Дар ҳоле ки арзёбиҳои созмони байналмилалӣ аз вазъи озодиҳои сиёсӣ дар ин кишвар интиқодӣ аст, мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиҳоро "ғайривоқеӣ" донистанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, гузориши нави созмони Афви Байналмилал, ки дар вебсайти ин ниҳод мунташир шудааст дар Тоҷикистон тағйироти конститутсияи кишвар, ҳукми зиндони фаъолони ҲНИТ, шиканҷа, таъқиби адвокатҳо, вазъи озодии баён ва мушкили дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ баррасӣ шудааст.Ин гузориш таъкид мекунад, ки дар пайи тағйироти Қонуни асосии кишвар дар моҳи майи соли 2016, фаъолияти ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ ва миллидошта манъ шуд, маҳдудият дар ширкати як номзад дар интихоботи президентӣ бардошта ва шароити дар сари қудрат як умр боқӣ мондани президент Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд. Барои таҳқири “Пешвои миллат” дар қонун муҷозот таъин гардид. (Озодӣ)Бахши алоҳидаи ин гузориш ба қавли Афви Байналмилал, ба муҳокимаҳои пӯшида ва ноодилонаи додгоҳии аъзои ҲНИТ ихтисос ёфтааст, ки барои, ба қавли мақомот, ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Гузориш мегӯяд, “азбаски мақомот тамоми ҷараёнҳои иттилоотиро дар кишвар назорат мекунанд, фарзияи расмии ин рӯйдодҳо анҷом нашуд ва шубҳаву гумонҳоро дар заминаи таъқибҳои додгоҳии ин афрод бештар мекунад”. (Озодӣ)Бар асоси гузориши ин Созмон, мақомоти Тоҷикистон ба тарзи ваҳшие дигарандешони худро ба баҳонаи мубориза бо терроризм шиканҷа мекунанд, дар ҳоле ки дурӯғи маҳз аст. Мақомоти Тоҷикистон, интиқоди Созмони Афви Байналмилалро ғайривоқеӣ хонданд, ки ин Созмон, дурӯғи мақомоти Тоҷикистонро дирӯз (22, 02, 2017) фош карданд ва дар вебсайти худ дубора мақомоти Тоҷикистонро ба интиқод кашиданду суханҳои қаблии худро такрор карданд ва ин яъне инки режими Раҳмон дар диди Созмонҳои Байналмилал рӯз то рӯз манфуртар мешавад ва дурӯғҳояш ошкортар мегардад.Хабаргузории Востокнюз: Сиддиқи Акбар

general.images