Фишорҳои навбатии КДАМ ба хабарнигорон расид

27-уми феврали соли ҷори гурӯҳе аз ифротгароёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ба хонаи модари рӯзноманигор Абдураҳим Шукуров ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Паём, 27-уми феврали соли ҷори гурӯҳе аз ифротгароёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба хонаи модари рӯзноманигор Абдураҳим Шукуров ҳамла карданд. Ифротгароёни КДАМ пас ҳамлаи ваҳшиёнаи худ, модари рӯзноманигорро дар хона мавриди таҳдиду фишор қарор дода, бародарон ва писархолаи бемори Абдураҳим Шукуровро дастгир карда, ба бинои марказии ин ниҳоди давлатӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи Абдураҳим Шукуров, ифротгароёни КДАМ бародаронаш Муҳаммадсалим Шукурову Сафар Сатторов ва писари холаашон Аҳлиддин, ки аз шаҳри Кӯлоб барои табобат ба Душанбе омада ва дар ин хона меҳмон буд, беш аз панҷ соат дар боздошт буданд. Ифротгароёни КДАМ ҳадаф аз ин боздошту таъқибу фишор ва таҳдиду зӯроварӣ болои ин хонаводаро дар даст доштани рӯзноманигор Абдураҳим Шукуров дар ҳодисаҳои сентябри соли 2015 арзёбӣ карданд. Ҳамзамон ин ифротгароён таҳдид кардаанд, ки агар ин бародари рӯзноманигорашон ҳамкориашро аз нав бо онҳо оғоз накунаду фаъолиятҳои фейсбукӣ ва танқиди ҳукуматдоронро қатъ накунад, муҷозоти пайвандонаш шидидтар хоҳад шуд. Хориҷ шудани Абдураҳим Шукуров, журналист-наворбардори тоҷик аз Ватан ба ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015 рабт дорад. Абдураҳим Шукуров моҳи июли соли 2015 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карда, ба сафи сели муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар пайваста буд. Вай тайи ду соли ахир муқими кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Туркияв, Қирғизистону Боллорус ва айни замон паноҳҷӯи тоҷик дар Лаҳистон аст.

general.images