Фишори КДАМ болои пайвандони ҲНИТ ва талаби 5000 долларӣ аз онҳо

Кормандони шӯъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи ду моҳи ахир алайҳи бародарону хоҳарон ва дигар пайвандони фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фишор оварда, озору шиканҷаи онҳоро афзоиш медиҳанд.

Режими фосид ва худкомаи Раҳмон ба ҳадде золим аст, ки ҳато ба хонаводаҳои афроди ки мухолифи сиёсатҳои онҳо бошанд раҳм намекунад ва шадидтарин таҳдидҳо ва фишорро болои онҳо меоварданд то мунтақидинро сокит кунад. Вале Раҳмон ва мансабдорони фосидаш бояд бидонанд, ки зулм ришаҳои ҳар ҳукуматкеро аз байн мебарад ва бо ин нишонаҳо режими золими Раҳмонҳам ба хости Худованд ба наздикӣ решакан хоҳад шуд.Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Паём, кармандони КДАМ дар ноҳияи Панҷ бар ивази як «ҷиноят» панҷ ҳазор доллар аз сокинон пул талаб мекунанд.Кормандони шӯъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи ду моҳи ахир алайҳи бародарону хоҳарон ва дигар пайвандони фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фишор оварда, озору шиканҷаи онҳоро афзоиш медиҳанд. Дар ин раванд, масъулини ин шӯъбаи КДАМ тамоми бародарону хоҳарони фаъоли сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдусамад Абсаторовро дар ин ноҳияи назди сарҳадии вилояти Хатлон пайваста даъвату бозпурсӣ ва онҳоро мавриди озору шиканҷа қарор додаанд. Мақомоти КДАМ дар ноҳияи Панҷ бародарону хоҳарон ва дигар наздикону пайвандон Абдусамад Абсатторов, фаъоли ҲНИТ-ро ба иттиҳоми телефонӣ суҳбат кардан ва аҳволпурсӣ намудани ин бародаронашон 5 ҳазор долларӣ «доля» бастаанд. Ба гуфтаи кормандони ин кумита ин панҷ ҳазор долларӣ барои кисаи худи онҳо набуда, фармони «долия» бастани сокинон аз «боло» ба онҳо содир шудаасту онҳо дар ин амр ба ҷуз итоъат ва фармонбардорӣ чизе каму зиёд накардаанд. Пеш аз ин ҳам кормандони ин шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Панҷ наздикону пайвандони фаъолони ҲНИТ-ро таъқибу таҳдид ва болои онҳо фишор меоварданд, аммо ин ки ин дафъа аз ҳар яки онҳо панҷ ҳазор долларӣ пул талаб кардаанд, бори аввал аст.Ёдрас мешавад, ки кормандони ин шӯъбаи ноҳиявии КДАМ дар моҳи сентябри соли 2016 низ чанд маротиба ба хонаи ин фаъоли ҲНИТ юриш бурда буданд ва дар натиҷа фишори модари 77-солаашон аз ҳадд зиёд шуда, ба шаҳодат расид.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images