Мамнӯияти навбатӣ дар роҳ аст

Феҳрасти номҳои тоҷикӣ ба дастури ҳукумат омода шуд

"Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ" иборат аз чаҳор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ, аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тартиб дода шуд ва дар торихи 24-декабр барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод гардид.

"Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ" иборат аз чаҳор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ, аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тартиб дода шуд ва дар торихи 24-декабр барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод гардид.

Пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, дар робита ба ин мавзӯъ, аз забони Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, чунин овардааст: "Номгузорӣ тибқи феҳрасти мазкур ҳатмӣ буда ва кормандони идораҳои сабти аснод муваззаф мешаванд, ки берун аз доираи он ба фарзандони тоҷик номгузорӣ накунанд. Сокинон ҳақ надоранд, ки ба фарзандони худ бо пасвандҳои туркии "қул", "хон"... ном гузоранд". 

Пешниҳоди номҳои хуб, албатта бисёр кори оқилона ва писандида аст, аммо агар мақомоти қудратӣ ба ниҳоде дастури тартиб додани феҳрасти номҳои тоҷикиро бидиҳанд ва сипас номгузории фарзандони моро фақат бар ин феҳраст маҳдуд кунанд, - ҳарчанд ин феҳраст иборат аз даҳ ҳазор ном бошад, - ва берун аз ин феҳраст номгузорӣ мамнӯъ эълон шавад, ин амал ба маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон, дар як кишвари “ҳуқуқбунёд” ва “демукросӣ” хоҳад буд.

Лаҳни ин қарор ва қарорҳои дигари ҳукумат ҳамеша лаҳни омирона аст ва чунин ба назар мерасад, ки ҳукуматдорони кишвари мо аз ҳокимият ва қудрат, фақат забони зӯр ва маҳдуд кардану амру наҳйро мефаҳманд, на хидмат намудан ба миллат ва ҳимоятҳои лозим барои шаҳрвандонро.

Дар тамоми дунё имрӯза ҳукуматҳо бо мардумонашон фақат бо лаҳни мулоим сӯҳбат мекунанд ва бештар лаҳнашон тавсия аст то амру наҳй. Агар ҳам каме лаҳнашон иваз шуд,дар он сурат, ё афроди оқиле аз даруни ҳукумат пайдо мешаванд, ки онро ислоҳ мекунанд ва ё оппозитсия ва созмонҳову гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, бо фишор овардан, онро ба қолаби дурусташ бармегардонанд, аммо аз он ҷо дар кишвари “ҳуқуқбунёд”-и мо, дигар мухолифе вуҷуд надорад ва ҳукумат роҳи худро ба куллӣ ҳамвор сохтааст, дигар аз касе ҳисоб намебарад. Албатта ин ҳолат пештар ҳам дар рафтори давлат мушоҳида мешуд, вале имрӯзҳо бо густохии бештаре зуҳур намудааст.

Муҳаммадҷон Акбарзод

general.images