Фасоди густардаи иқтисодӣ дар оилаи Раҳмон бар асоси таҳқиқоти Маркази ’’OCCRP’’

Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP), як созмони байналмиллалӣ, ки ба таҳқиқи фасод дар сатҳи ҷаҳон машғул аст, гузориши муфассале аз фасоди густарда дар оилаи раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP), як созмони байналмиллалӣ, ки ба таҳқиқи фасод дар сатҳи ҷаҳон машғул аст, гузориши муфассале аз фасоди густарда дар оилаи раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст. Ин гузориш бештар рӯи тиҷорати домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов, ки чандин соҳаро дар кишвар монополия кардааст, тамаркуз мекунад.OCCRP менависад, Тоҷикистон — як кишвари кӯчаки Осиёи Марказӣ аст, ки иқтисодаш аз маблағҳои муҳоҷирон вобаста аст бо кӯшиши рисҷумҳури худхоҳаш ба як кишвари қашшоқ дар минтақа табдил ёфтааст. “Дар ин кишвар як раисҷусмҳури худхоҳ ҳукмронӣ мекунад, ки дӯст медорад ба худаш ҳар гуна мақому унвонҳои ғулғуладор диҳад ва худро болотар аз Сарқонун меҳисобад” — омадааст дар оғози ин таҳқиқоти жқрналистӣ. “Дар кишваре мисли Тоҷикистон робитаҳо ҳама чизро муайян мекунанд” — менависанд муҳаққиқон ва аз домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов ҳикоя мекунанд, ки чӣ гуна бо истифода аз мақоми оилавиаш тавонистааст як бизнес-империяи бузургро таъсис диҳад. Империяи ӯ “нафт, ихроҷи маъодин, терминалҳои гумрук ва истироҳатгоҳҳоро фаро гирифтааст ва дар ҳама ин соҳаҳо мақоми аввалро ишғол мекунад”.Ҳирси тиллоТаҳқиқоти OCCRP нишон додаанд, ки дастгирӣ ва лентабуриҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи корхонаҳои нав нархи худро дорад.Ин созмон аз China Nonferrous Gold Limited (CNG) ширкати чинӣ, ки дар Бритониё ба қайд гирифта шудааст ва қаблан Kryso Resources PLC ном доштааст мисол меорад, ки барои ба даст овардани иҷозатномаи истихроҷи тилло дар кони “Пакрут”- и ноҳияи Ваҳдат ҳади ақал 2,7 миллион доллар пардохт кардааст. Ин пулҳо ба Шамсулло Соҳибов пардохт шудаанд, вале дар ифтитоҳи корхонаи “Пакрут” Эмомалӣ Раҳмон бо қайчиаш ҳузур доштааст. Расонаҳои давлатӣ ҳам эълон карданд ин корхона бо датсгирии раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.Ҳуҷҷатҳое, ки муҳаққиқон дастрас кардаанд омӯхта, Дэниел Балинт-Курти, раҳбари бахши таҳқиқоти Global Witness (созмони ғайридавлатии зидди фасод бо идораи марказӣ дар Лондон) гуфтааст “ин пардохт бо қонуни Бритониё дар бораи мубориза бо ришвахорӣ ихтилоф дорад ва мақомоти Бритониё бояд онро таҳқиқ кунанд, чун Kryso Resources ширктаи бритониёист”.2,7 миллион доллар танҳо маблағест, ки тавассути саҳҳом пардохт шудааст ва имкон дорад маблағи умумӣ барои дарёфти иҷозатнома ба маротиб бештар бошад.OCCRP дар бораи як муҳосиби зелландиёӣ Крэйг Браун менависад, ки бо Шамсулло Соҳибов ҳамкорӣ дорад. Ин ду додугирифташонро тавассути ду ширкати офшорӣ дар Бритониё анҷом медиҳанд.Қаблан Браун кӯшидааст иҷозатномаро ба ивази 3,2 миллион доллар ба ширкати дигари бритонӣ фурӯшад, вале бинобар ошкор шудани пешниҳоди ришва аз тарафи ӯ ба раҳбари он ширкат, Браун дар ин амалиёт муваффақ нашудааст.Ҷустуқӯи таҳқиқгарони OCCRP нишон додааст, ки Браун иҳозатномаи ду кони дигарро дар ноҳияи Ваҳдат — Уқобхон ва Пиндар дар даст дошт вале он баъдан дар дасти Шамсулло қарор мегирад. “Фароз” аллакай ба истихроҷи тилло оғоз карда, то имрӯз тавонистааст ба Бонки Миллии Тоҷикистон 163 кг тиллоро ба маблағи 5,49 миллион доллар фурӯшад. Куштор дар ИстамбулМаркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил дар бораи ҳамкориҳои Умаралӣ Қувватов ва Шамсулло Соҳибов менависад, ки то замони издивоҷаш бо духтари расиҷумҳур Шамсулло як шогирди кӯчаки Қувватов буд. Тамоми пешрафтҳои ӯ ва ҳатто таҳсилаш дар Амрикову издивоҷаш бо духтари раисҷумҳур бо кӯмаки Умаралӣ Қувватов сурат гирифтааст. Вале аз рӯзе, ки ӯ бо духтари Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кард. дигар нахост бо устодаш ҳамкор бошад ва ширкати Қувватов “Фароз”-ро, ки бо собиқаи даҳсолаи тиҷорат яке аз ширктаҳои муваффақи Тоҷикистон буд, ғасб кард.Ба сиёсат гаравидани Қувватов ва ифшои асрори Шамсулло Соҳибов боиси кушта шуданаш дар Истамбули Туркия шуд. Аз 4 нафаре, ки дар қатли Қувватов даст доштанд, танҳо як нафар — Сулаймон Қаюмов боздошт шуд, дигарон бо хатсайри Истамбул — Маскав Туркияро тарк карданд. Оё Қаюмов ҳам дар то ҳанӯз дар зиндон қарор дорад ё на OCCRP натавонистааст муайян кунад.Вақте кулли кишвар бизнеси як оила астИн маркази таҳқиқотии байналмиллалӣ менависад “Фароз” аз як бозигари муҳими соҳаи нафтии кишвар ба тақрибан монополисти он табдил ёфтааст, ки ҳатто ба додани иҷозатнома барои воридоти маҳсулоти нафтиро контрол мекунад.Фароз дар чандин соҳаи дигар ҳам монополист аст ва ҳамаи ин “пешрафт”-ҳои он бо кӯмаки давлат сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар “муваффақиятҳо”-и ин ширкат даст дорад ва дар ҳар ифтитоҳи он қайчӣ дар даст ширкат ва суханрониву аксбардорӣ мекунад.Имрӯз “Фароз” аз беш аз 40 ширкат иборат аст, ки ба ҳамлу нақл, доруворӣ, технологияи информатсионӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кори бонкӣ, саноъати истироҳату гардишгарӣ ва ғайра иборат аст.Таҳқиқоти OCCRP нишон додаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба “Фароз” бо қабули қонунҳои ба ин ширкат лозимӣ, фишор ба рақибони он ва хусусисозии амволи давлатӣ бо нархҳои арзон кӯмак мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо давлат Фарозро ба монополисти соҳа табдил медиҳад.Ғуруби наҳзати исломӣМаркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил менависад Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ягона ҳизби мухолифи зинда дар кишвар буд, ба нақшаҳои Эмомалӣ Раҳмон барои хусусисозии тамоми кишвар халал мерасонд.Ин ҳизб ҳарчанд қудрати сиёсие надошт, ки ба тасмимот дар кишвар таъсири бузург расонад, мардумӣ буданаш барои режими худкома хавф эҷод мекард. Ин буд, ки Раҳмон тасмим гирифт ҳизби исломиро аз кишвар берун кунад.Гузориши Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил аз даҳҳо саҳифа иборат буда бо забонҳои англисиву русӣ нашр шудаанд. Хонандаи гиромӣ метавонад онро инҷо мутолиъа кунад:Бо забони русӣ:https://www.occrp.org/ru/moneybymarriage/Бо забони англисӣ:https://www.occrp.org/en/moneybymarriage/Манбаъ: сомонаи Паём

general.images