Фарқи Э.Раҳмон бо дигар президентҳои Осиёи Марказӣ

Дар Осиёи Марказӣ, ки таҳти султаи Шуравӣ буд, панҷ кишваре монанди Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷойгир шудааст. Баъд аз истиқлолият ин кишварҳо бо ҳам фарқҳое кардааст, ки мо дар ин мақола ба фарқиятҳои Эмомалӣ Раҳмон бо президентҳои ин кишварҳо ишора мекунем ва байни Раҳмон ва дигар ҳамтоёни Осиёи Марказиаш муқоиса менамоем.

Фарқи Эмомалӣ Раҳмон бо дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ

1.Тамаъварзӣ ва дунёдӯстию қудратталабии бештар;

Эмомалӣ Раҳмон шахси бисёр тамаъварзу чашмгурусна аст, ки ҳаргиз ба нуқтаи сершавӣ намерасад. Ӯ ба дараҷае дунёдӯсту қудратталаб аст, ки ҳатто ду бор то лаби гӯр рафт, вале раёсатҷумҳуриро раҳо накард. Масали ӯ масали “Шайх Барсисои обид”-ро мемонад, ки баъд аз як умр зиндагӣ, ба хотири дунёдӯстӣ беобрӯмандона аз дунё рафт ва баъди гузашти ҳазорон сол ҳанӯз ҳам мавриди лаънати оламиён қарор дорад ва то қиёми қиёмат низ лаънат хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон низ ба хотири дунёдӯстию қудратталабӣ, ки монанди дарахти ҳазорсола бар курсии раёсатҷумҳурӣ реша давондааст, қасди мурдан надорад ва анқариб иддаои худо ва офаридгории Тоҷикистонро иброз карданист. Аз инсони беақлу сафиҳ ҳамаи чизро интизор доштан раво аст.

Дар чашмгуруснагӣ ва тамаъварзии ӯ ҳамин бас, ки баъд аз 27 соли шӯрбахтию мусибатбору бадбахтиовар бар халқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бар президентӣ монданист ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамаи раҳбарони Осиёи Марказӣ чанд бор иваз шуданд. Беҳуда нест, ки шоир мегӯяд: “Чашми танги дунёдӯстро ё қаноат пур кунад, ё хоки гур!”.

2.Белаёқатӣ ва ноуҳдабароӣ аз президентӣ;

Президентҳои дигар кишварҳои ОМ то ба ҳол ободиҳо ва шуҳратҳои хубе барои халқи худ оварданд ва мардуми худро дар ҷаҳон сарбаланд гардонидаанд, масалан Нурсултон Назарбоев бибинед Қазоқистонро ба яке аз кишварҳои бисёр зебо, обод ва пешрав дар сатҳи ҷаҳонӣ расонд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора Тоҷикистонро ба камбизоаттарин, қашоқтарин ва фосидтарин кишвари дунё расонд, ки ҳар тоҷике аз шунидани номи Тоҷикистон шармсор мегардад ва ҳазор бор ба Э.Раҳмон лаънат мефиристад.

3.Тарсончакию буздилӣ;

Чанд рӯз пеш Андрей Малахов қирғизҳоро дар барномаи телевизионӣ таҳқир кард, аҳолии Қирғизистон корро ба ҷое расонданд, ки Сергей Лавров ба таърифу тамҷиди онҳо бархост ва аз Андрей Малахов хост аз ин қирғизҳо узрхоҳӣ кунад. Дар натиҷа Малахов аз қирғизҳо узрхоҳӣ кард ва ин як пирӯзии бузурге ба миллати қирғизҳо буд, ки президенташон ба онҳо ба армағон овард, аммо Эмомалӣ Раҳмон бошад чунон тарсончаку буздил аст, ки ҳар рӯз чанд тоҷикро мекушанд, филмҳои таҳқиромезе монанди “НАША РАША” дар бораи тоҷикҳо месозанд ва ба муддати 5 сол дар телевизиони саросарии Русия пахш мешавад, Раҳмонро бо духтарашу писараш ҳақорат карда ҳарчӣ мегӯянд, аммо як бор ҳам лаб ба эътироз намекушояд.

Чун ӯ касе аст, ки бисёр тарсу ва буздил аст ва шабу рӯз ба истилоҳи омиёна “дар изораш тар мекунад”. Чунин инсони буздилу тарсончаке сабаб шудааст, ки тоҷикҳо ба тарсончактарин қавми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) табдил шавад ва ҳамеша бар сараш зулм шавад.

Лаънат бар Раҳмони тарсончак ки миллати тоҷикро тарсончаку буздил муаррифӣ кард.

4.Хиёнат ба худиҳо ва хидмат ба бегонагон;

Қирғизистон чанде аст, ки ба замини Тоҷикистон ҳамла карда мардумро мезанад, аз хонаҳояшон бадарға карда заминро аз они худ мекунад, аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таслими зургуиҳои онон мешавад ва тарсаш заминро бо “роҳи ҳали сиёсӣ” ки таслим шудан аст, ҳал мекунад.

Хиёнати Раҳмон чунон бузург аст, ки агар тамоми наслашро ба ҷавобгарӣ кашанд ва даҳҳо миллиард долларҳои ононро якҷо гирифта ба Тоҷикистон харҷ кунанд, боз ҳам кам аст; чароки қисмате аз сарзамини Тоҷикистонро ба Чин фурухт ва то мурданаш кулли Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор медиҳад.

Мо ҷавонони озода аз чунин президенти тарсончаку буздилу нолоиқе безорӣ меҷӯем ва хостори сарнагунии ӯем!

Сиддиқи Акбар

general.images