Фарохонии Салимзода барои муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи маводи мухаддир

Шерхон Салимзода, раиси ҷадиди Ожонси контроли маводи мухаддири Тоҷикистон тамоми созмонҳои муҷрии қонун дар ин кишварро ба муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи қочоқи маводи мухаддир фарохонд.

 Шерхон Салимзода, раиси ҷадиди Ожонси контроли маводи мухаддири Тоҷикистон тамоми созмонҳои муҷрии қонун дар ин кишварро ба муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи қочоқи маводи мухаддир фарохонд. Салимзода дар нишасте бо ҳузури мақомоти дастгоҳҳои мухталиф гуфтааст, сарфи назар аз натоиҷи ба дастомада аз мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ҷазби бахше аз мардум ба маводи мухаддир ва қочоқи маводи афюн дар Тоҷикистон ҳамчунон хатари ҷиддӣ аст. Зимнан ӯ иброз умедворӣ кардааст, ки муборизаи дастҷамъӣ зидди қочоқи маводи мухаддир ба таклифи умумӣ табдил мешавад.Шерхон Салимзода пеш аз ин низ аз ин ки бархе дастандаркорони мубориза бо қочоқи маводи мухаддир худашон дар ин ҷиноёт шарик ҳастанд, ибрози таассуф  карда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 10 корманд ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

general.images