Фароз, ширкате, ки золимонро шармсор ва мазлумонро шаҳиду овора кард!

Фароз ширкате аст, ки соҳиби ҳозираи он Шамсулло Соҳибов домоди Эмомалӣ Раҳмон аст. Фароз дар соли 2002 бо ташаббуси Умаралӣ Қувватов таъсис шуд ва солҳо зери назараш фаъолият дошт ва пешрафтҳои чашмгиреро ноил гашт.

Ин ширкат таҳти раҳбарии шаҳид Умаралӣ Қувват чунон сарватманд шуд ва чунон чархиши молии калоне дошт, ки чашмони соҳибони тамаъи атрофиёни Эмомалӣ Раҳмонро ба худ ҷалб кард.

Дар ширкати Фароз, ки таҳти раҳбарии Умаралӣ Қувват фаъол буд, беш аз 1000 нафар кор мекард ва нони шаби худро таъмин менамуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, монанди ҳамеша, ки чашми дидани пешрафти ҳеҷкасро надорад, аз пешравии ин ширкат ва шахси Умаралӣ Қувват сахт нигарон шуда, фармони барканории Умаралӣ Қувват - ба ҳар тариқе, ки бошад-ро содир кард. Дар натиҷа ин ширкат аз Умаралӣ Қувват ғасб, ва ба ширкатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мафияи он замима шуд.

Баъд аз онки ширкати Фароз аз Умаралӣ Қувват – муассиси ширкати Фароз- ғасб шуд, Умаралӣ Қувват барои дифоъ аз ҳаққи худ даст ба интиқод ва ифшокории чеҳраи воқеии шайтонии Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш зад ва табдил ба яке аз мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмон шуд.

Интиқодҳои Умаралӣ Қувват то рафт пеш мерафт, то инки дар Русия бо суханрониҳои оташин ва интиқодҳои дуруст ва фошкории чеҳраи ваҳшӣ, хабис ва шайтонии Эмомалӣ Раҳмон, ҳамфикрони Умаралӣ Қувват зиёд шуд ва ба саффи ӯ пайвастанд.

Дар натиҷа ҳизби оппозитсияи нав, ки аз сиёсатҳои шайтонӣ ва чеҳраи воқеии наҳси палиди Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард пой бар арсаи сиёсат гузошт.

Умаралӣ Қувват дар фаъолияти худ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон чунон пеш рафт, ки матраҳтарин фард ва машҳуртарин мунтақиди шахси Эмомалӣ Раҳмон, оилаи ӯ ва режими Тоҷикистон шинохта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки инсони безарфият, кинатӯз, саропо кибру ғурур ва монанди Чингизи Муғул бераҳму ваҳшӣ буд, аз интиқодҳои Умаралӣ Қувват ба дилкасал гирифтор шуда, арақхуриашро беш аз пеш афзоиш дод, дастури террори Умаралӣ Қувватро содир кард.

Дар натиҷа Саймумин Ятимов дастури террори Э.Раҳмонро амалӣ кард ва Умаралӣ Қувватро ба шаҳодат расонд.

Бад-ин сон буд, ки тамаъи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш ба ширкати Фароз Умаралӣ Қувватро ба шаҳодат расонд ва дасти то оринҷ оғиштаи Эмомалӣ Раҳмон ба хунро беш аз пеш дар хуни бегуноҳи дигаре ғарқ кард.

Ширкати Фароз мазлуме -чун Умаралӣ Қувват-ро ба шаҳодат расонд, оила ва ҳамфикронеро овора гардонд, ва золиму хунхору ситамгаре - чун Раҳмону Озодаю Рустаму Ятим ва...-ро шармандатар кард!

Сиддиқи Акбар

general.images