Фаолияти шадиди КДАМ дар даруни нерӯҳои мухолифи Гурӯҳи 24 ва ҲНИТ

Амалкарди С.Ятим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистонро метавон муваффақ арзёбӣ кард ва ӯ дар қатл, маҳв, ҳазф ва ҷазби шахсони мухолифи Э.Раҳмон муваффақ амал кардааст.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Саймӯмин Ятимов – кадр ва тарбиятшудаи Исроил, Амрико ва Русия – қарор дорад, фаолияти шадиде барои баргардонидани мухолифон дорад. С.Ятимов тавонистааст то ба ҳол афродеро аз гурӯҳҳои мухолифи Тоҷикистон ҷазб кунад. Сабаби муваффақияти ӯ дар ин бораро метавон иртиботи қавии ӯ бо кишварҳои пешрафтае ҳамчун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Аврупо, Чин ва Русия донист. Кишварҳои мазкур ба хусус ИМА, Чин ва Исроил дар технологияи пешрафтаи ҷосусӣ бисёр фаоланд ва беҳтарини онро дар ихтиёри С.Ятимов қарор додаанд.Амалкарди С.Ятим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистонро метавон муваффақ арзёбӣ кард ва ӯ дар қатл, маҳв, ҳазф ва ҷазби шахсони мухолифи Э.Раҳмон муваффақ амал кардааст, ки қатъан ин муваффақиятро шабакаи ҷосусии ИМА, РФ ва Чин дар ихтиёри ӯ қарор дод. Террори Умаралӣ Қувватов дар Туркия, рабудан ва истирдоди Эшони Қиёмиддини Ғозӣ аз Русия ба Тоҷикистон, террори биологии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовинаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ибтоли шаҳрвандии К.Шарипов аз Русия ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, баргардондани Домулло Айёмиддин ва Саидиброҳими Назар аз Аврупо ва ҳамчунин баргардондани 5 узви гурӯҳи 24 аз Русия ва Аврупо ба Тоҷикистон ва истифода аз онҳо барои ташвиқи муборизон ва мухолифон барои баргаштан ба Тоҷикистон ва даст аз интиқоди Э.Раҳмон бардоштан ва эҷоди ихтилоф дар сафи гурӯҳҳои мухолиф тавассути Додоҷон Атовуллоро аз муваффақиятҳои С.Ятим ба шумор овард.Ин муваффақият ӯро ба ҳадде мағрур сохт, ки Э.Раҳмонро шахси майнӯшу камъақл дониста, худро шоистаи раёсатҷумҳурӣ медонад. Ба ҳамин хотир талош дорад нақши худ дар амнияти Тоҷикистонро бештар ҷилва диҳад, то ба ҳамагон фаҳмонад, амнияте, ки Э.Раҳмон камъақл аз он сухан мегӯяд кори ман аст ва ман будам ки ин амниятро ба Тоҷикистон ба армуғон овардам. Аз ҳамин сабаб ӯ талош дорад худро ба раёсатҷумҳурии 2020 омода кунад ва баъд аз барканории Э.Раҳмон бо ҳамаи решаю пайвандаш, худ ба тахти президентӣ шинад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Меҳрубон Сатторов, як узви дар гузашта фаъоли "Гуруҳи 24” бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ мегӯяд, бидуни маслиҳат ё муомилаи пешакӣ таваккал ба Худо ба Тоҷикистон баргашт, то вуҷуд доштан ё надоштани афви мухолифинро бисанҷад: "Рӯзи якум бозпурсӣ карданд. Се вақт хӯрду хӯрокамонро доданд ва шаб дар як кабинет ҷо карданд.Ин боздошт набуд ва дар дастони мо завлона ҳам назаданд. Омадам, дидам, ки афв вуҷуд дорад ва агар касе баргаштанӣ бошад, ман омодаам тамоми кумакро барояш кунам. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images