Файзинисо Воҳидова озод шуд

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи маъруфи тоҷик, ки ба гирифтани парвандаҳои ҷанҷолӣ маъруф аст пас аз боздошташ дар бомдоди рӯзи 14 май (имрӯз) дар саҳифаи Фейсбуки худ аз озодияш хабар дод ва қавл дод то аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад.

Ба гузориши Востокнюз, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи маъруфи тоҷик, ки ба гирифтани парвандаҳои ҷанҷолӣ маъруф аст пас аз боздошташ дар бомдоди рӯзи 14 май (имрӯз) дар саҳифаи Фейсбуки худ аз озодияш хабар дод ва қавл дод то аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад.Матни изҳороти ин вакили мудофеъро дар зайл мехонед:Аз ҳамаи дӯстони гамхору дилсӯзам дар ин фазои маҷозӣ миннатдорам, ки аз як зани оддии мусалмони тоҷик, ки на ба сиёсат кор дораму, на даъвои вазифаю мансаб, пуштибонӣ намудед! Ахиран, баъди баҳсҳои тӯлонӣ маро озод карданд. Бале, бале озод намуданд. Чунки расман аз лиҳози қонун ман боздоштшуда будам, зеро аз се соат зиёд доштан ва мавҷудияти маҳдудият ҳуд боздошт мебошад. Ман озод набудам. Чи хеле, ки Радиои Озодӣ навиштааст. Як далели боздошт ин аст, ки бинобар намнокии зиёд дар бинои гузаргоҳи сарҳаддӣ, хоҳиш намудам, ки кормандони мақомоти амниятро дар берун мунтазир шавам ва ё ҳадди ақал дар дохили худрав нишинам, аммо иҷоза надоданд. Ин аст озодӣ ба фикри Радиои Озодӣ? Ман суханро ба дарозо намекашам, чунки аллакай ба чанд расонаҳои ватанӣ ва хоричӣ сӯҳбат кардам ва муфассал метавонед дар гурӯҳи Ахбор ҳонед. Танҳо, гуфтаниам, ки идомаи баҳс акнун байни ВКД ва РКДАМ сурат хоҳад гирифт. Баъди ин идомаи баҳс дар додгоҳ. Ҳар кадоме аз ин мақомот ҳақ мебароянд, аз онҳо ва ҳуқуқи ҳудам дифоъ хоҳам кард. Бори дигар аз ҳамаи Шумо дӯстони азиз муташаккирам!

general.images