Устураи варзиши Русия ба варзишгари ИМА бохт

Федор Емеляненко, устура (легенда)-и варзиш ва қаҳрамони миллии Русия аст, ки дар дунё тарафдорони зиёде дорад. сиёсатмадороне монанди Путин ва... аз тарафдорони сарсахти ӯ мебошанд.

Федор Емеляненко, устура (легенда)-и варзиш ва қаҳрамони миллии Русия аст, ки дар дунё тарафдорони зиёде дорад. Устураҳое монанди Майк Тайсон, сиёсатмадороне монанди Путин ва... аз тарафдорони сарсахти ӯ мебошанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спортнюз, Федор Емеляненко бозиро бо нокаут ба ИМА дар раунди оғозин бохт.Ин мусобиқа рӯзи шанбе (24,06,2017), ки дар шаҳри Нью-Йорки Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, Емеляненкои руси 40-сола бо қарор гирифтан дар муқобили Мэтт Митриони амрикоии 38-сола дар раунди оғозин натиҷаро вогузор кард ва бо нокаут мусобиқаро бохт.Ин бохт ҳам барои Русия бисёр сангин буд, ки дар муқобили ИМА бохт ва ҳам инки устура ва қаҳрамони миллии Русия ба варзишгари на чандон матраҳ ва маъруфи амрикоӣ бохт. Ин шикаст дар навъи худ шикасти бисёр талху сангине буд.Виталий Мутко, муовини нахуствазир ва раиси варзиш ва раиси Федератсиюни Футболи Русия гуфт: Федор Емеляненко барои мо ҳамеша як варзишгари барҷаста ва қаҳрамон мемонад.Мураббии тими миллии Русия, Александр Конаков дар бораи бохти Емеляненко мегӯяд: Мусобиқа хело ғамгин ба поён расид. Федор, ситораи мо, легендаи мо ва қаҳрамони миллии мо аст. Федор барои мо ҳамеша варзишгари бузург боқӣ мемонад ва мо ҳамеша бо ӯ ҳастем, ҳам дар пирӯзиҳо ва ҳам дар бохтҳо.Митрион, варзишгари амрикоӣ, ки Федорро шикаст дод, дар бораи ӯ мегӯяд: Ӯ қаҳрамон, бисёр боҳашамат ва дар варзиш як устура аст ва барои ман ифтихор аст, ки бо ӯ ба майдон баромадам. Ман ҳанӯз ҳам мабҳути маҳорати ҷангии Емеляненко ҳастам.Скотт Кокер, президент созмони Bellator дар бораи Емеляненко мегӯяд: Имрӯз, рӯзи Федор набуд. Федор ҳамаи унвонҳои мусобиқоти санъати ҳарбии омехтаро аз худ кардааст. Ӯ бузургтарин муборизи ҳамаи замонҳо аст. Ӯ устура (легенда) аст. Ӯ сангинвазн ва суперқаҳрамон аст. Шумо худатон дидед, ки имрӯз публика чӣ тавр ӯро интизорӣ мекашид”.Манбаъ: Спорт.майл.ру

general.images