Устоди донишгоҳи Коломбия дар ИМА: Ҳеч иртиботе аз ҲНИТ бо корҳои хушунатомез надидаем

Лемон: Мо то кунун ҳеч иртиботе аз аъзои ҲНИТ бо умури хушунатомез надидаем. Аммо ҳазфи ин ҳизб, тафсирҳои мутафовитеро ба имомхатибҳои давлатӣ ва олимон пешниҳод мекард, ки дақиқан гуфтугӯҳои мазҳабӣ дар кишварро мӯҷиб шудааст. Маҳдудиятҳои исломӣ низ дақиқан дар паёмҳои ДИИШ мавриди истифода қарор гирифта ва метавонад нақше муҳим дар бисёре аз маворид бозӣ кунад.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, ҳамлаи рӯзи душанбеи  чанд ҷавон ба 7 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон муҷаддадан мабоҳисро перомуни табдил шудани Осиёи Марказӣ ба ҳаёти халвате барои барномаҳои ҷадиди ДИИШ дар Афғонистон барангехт. Албатта давлати Тоҷикистон, ки дар ибтидо ин ҳодисаро сирфан як тасодуфи ронандагӣ номид ва пас аз он ишора кард, ки муҳоҷимин силоҳи сард низ ба ҳамроҳ доштаанд, ҳатто пас аз пазириши масъулияти ин ҳамла тавассути ДИИШ ҳам боз ҲНИТ-ро дар ин ҳуҷум муттаҳам кард ва ҳатто фаротар аз он гуфтааст, ки саркардаи ин афрод дар Қум ва Мозандарони Эрон омӯзиш дидааст! Бо ин ҳол бо интишори тасовири байъати ин афрод бо ДИИШ, ба сурати табиӣ ин баҳрабардории сиёсии давлати Тоҷикистн бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор нахоҳад гирифт.Дар ҳамин росто Тасним мусоҳибаеро бо Эдвард Лемон, аз пажӯҳишгарони амрикоии донишгоҳи Коломбия дар ҳавзаи Тоҷикистон сурат додааст. Оқои Лемон донишҷӯи докторӣ ва пажӯҳишгари ҳавзаи Тоҷикистон ва мутолеоти интиқодии амниятӣ ва терроризм дар донишгоҳи Коломбия (ИМА) аст ва дар ин донишгоҳ тадрис ҳам мекунад.Вай нависандаи китоби “Тоҷикистон дар ҳоли тағйир: Давлатсохӣ ва гузори иҷтимоъӣ” буда ва мақолоти мутаъаддиде дар пойгоҳҳои илмӣ мунташир кардааст.- Барои ҳамлаи террористии сайёҳони хориҷӣ сенориюҳои мухталифе баён шуда. Назари шумо дар ин бора чист? Оё ДИИШ чунин ҳамлаеро сурат дода ва чаро ДИИШ Тоҷикистонро интихоб кардааст?Лемон: Бо интиҳори пости пойгоҳи Аъмоқ (аз хабаргузориҳои вобаста ба ДИИШ) ва интишори видеое аз эъломи байъати ҳамлагарони ҳодисаи Тоҷикистон бо Ал-Бағдодӣ, бале ба назар мерасад, ки ин ҳамла аз сӯи ДИИШ бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳанӯз дар бораи ин ки ДИИШ мустақиман (ва бо барнома) бар рӯи ҳамлагарон таъсир гузошта ва ё ин ки ҳамлагарон сирфан таҳти таъсири фарохонҳои ДИИШ қарор гирифта ва аҳдоферо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ он ҳам бидуни иртиботе мустақим бо аъзои ДИИШ мавриди ҳамла қарор додаанд, ҳанӯз маҳалли ибҳом қарор дорад.- ДИИШ чигуна ин корро анҷом дода? Давлати Тоҷикистон дар ин замина хеле сахтгир аст.Лемон: Аз онҷое, ки ин ҳамла аз печидагии хоссе бархӯрдор набуда ва бо истифода аз худрав, чоқу ва табар сурат гирифта, лизо пешгирӣ аз он кори сахте аст. Аммо ба ҳар ҳол мушорикати 10  нафар дар ин ҳамалот ва моҳияти барномарезӣ шуда будани он нишон медиҳад, ки дастгоҳҳои амниятии Тоҷикистон дар шиносоӣ ва пешгирӣ аз он муваффақ набудаанд.- Бархе ангушти иттиҳомро ба самти худи давлат бурда ва мегӯянд пас аз ҳуҷуми расонаии густарда алайҳи давлат дар қазияи Ҳамзаи Тиллозода, давлат чунин иқдомеро барои бозёбии ҷойгоҳаш ва гирифтани имтиёз аз кишварҳои ғарбӣ, ки дар шуруфи қатъи кӯмакҳои хориҷӣ ба далели масоили ҳуқуқи башарӣ буданд, сурат дода. Ин таҳлилро чиқадар дуруст арзёбӣ мекунед?Лемон: Ин ҳодиса дақиқан як инҳироф аз афкори умумӣ ба вуҷуд овард ва дар дастони давлат нақшофаринӣ хоҳад кард. Давлати Тоҷикистон метавонад кишварро дар хатари ҳамла нишон дода ва ба дарёфти кӯмакҳои амниятӣ ба рағми нақзҳои мукаррари ҳуқуқи башарӣ идома диҳад. Аммо ин масъала низ возеҳ аст, ки ин ҳамла ба эътибори (амнияти)-и ин кишвар осеб зада ва мӯҷиби коҳиши сафари сайёҳон ба он мешавад. Лизо, ин ҳодиса барои Раҳмон сирфан судманд нест (ва ҳазинаҳои ҳангуфте дорад).- Бархе аз тоҷикҳо нӯки иттиҳомро ба сӯи Саудӣ бурдаанд. Оё байни афзоиши равобити Тоҷикистон ва Саудӣ тайи моҳҳои ахир ва ин ҳамлаи террористӣ иртиботе мебинед? Онҳо мегӯянд маъмулан Саудӣ равобити хубе бо Ал-қоида доштааст ва дар ростои манофеъи сиёсиаш ҳимоятҳои зиёде аз онҳо карда. Аз сӯи дигар ҳам давлати Эронро муттаҳам карда ва гуфта, ки террористи мавриди иддаои ДИИШ дар шаҳри шиаи Қум омӯзиш дидааст.Лемон: Арабистони Саудӣ манофеъи зиёде (аз ин мавзӯъ) бурда ва Тоҷикистонро ташвиқ ба қатъи равобит бо Эрон кардааст. Танишҳо аз соли 2015 ва пас аз сафари Кабирӣ ба Теҳрон танҳо андаке пас аз террористӣ эълом шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Саудӣ ҳам дар ин оташи ихтилофот ҳезум рехта ва раҷазхонӣ мекунад, ки Эронро аз Тоҷикистон хориҷ кардааст. Чӣ саудиҳо дар паси ин ҳамла бошанд ва чӣ набошанд, онҳо аз ин ки давлати Тоҷикистон Эронро ба унвони бахше аз ҳамла мавриди сарзаниш қарор додааст, бисёр хушнуд ва розӣ хоҳанд буд.- Бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури тасаввуф дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, аммо боз ҳам мебинем, ки ДИИШ метавонад дар миёни онҳо нуфуз кунад. Иллати ин мавзӯъро дар чи мебинед? Решааш дар тағйири гароишоти мазҳабии мардуми ин минтақааст ва ё дар бӯҳронҳои иҷтимоъӣ?Лемон: Иттилооте, ки дар хусуси узвияти афроди ҳамлагар дар созмонҳои террористӣ мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки мазҳаб нақши маҳдуде дар зиндагии бисёре аз онҳо доштааст. Бисёре аз онҳо то пеш аз иртибот бо ривоятҳои ифротгароёнаи ин гурӯҳҳо, робитае бо Ислом надоштаанд. Бо дониши маҳдуди онҳо (аз ислом), ба сурати табиӣ тафсирҳои содабинонаи пешниҳодшуда тавассути гурӯҳҳои такфирӣ ҳамчун ДИИШ барояшон қобили қабул ва қобили фаҳм аст. Ин гурӯҳҳо аз саркӯб, табъиз ва сархӯрдагӣ миёни ҷавонон истифода карда ва онҳоро ба сӯи энержиҳои манфӣ барои ҷиҳод, раҳнамун мекунанд.- Оё мамнӯъияти ҲНИТ ва фаъолияти ҳар гурӯҳи исломгарои дигар ва эъмоли маҳдудиятҳо дар корҳои мазҳабиро метавон омиле барои ташдиди таҳдиди терроризм дар Тоҷикистон дар назар гирфт.Лемон: Мо то кунун ҳеч иртиботе аз аъзои ҲНИТ бо умури хушунатомез надидаем. Аммо ҳазфи ин ҳизб, тафсирҳои мутафовитеро ба имомхатибҳои давлатӣ ва олимон пешниҳод мекард, ки дақиқан гуфтугӯҳои мазҳабӣ дар кишварро мӯҷиб шудааст. Маҳдудиятҳои исломӣ низ дақиқан дар паёмҳои ДИИШ мавриди истифода қарор гирифта ва метавонад нақше муҳим дар бисёре аз маворид бозӣ кунад.

general.images