ٍУнвони густохонаи рӯзномаи Саудӣ алайҳи Эрон

Унвони рӯзномаи Саудӣ (12 шарти Амрико барои адаб кардани Эрон), мавриди нақд қарор гирифт.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Спутник, унвони густохонаи рӯзномаи саудии Оказ бо унвони “12 шарти Амрико барои адаб кардани Эрон” бисёр мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст.Гуфтанӣ аст, пеш аз ин вазири корҳои хориҷии ИМА тавзеҳ дод, ки Теҳрон бояд 12 шартро риоят кунад аз ҷумла кори ғанисозии уранро мутаваққиф карда ва ҳечгоҳ плутоний  тавлид накунад. Эрон ҳамчунин бояд интишори мушакҳои болистик ва тарроҳии мушакҳои ҷадидро мутаваққиф намояд. Дар канори ин Эрон набояд аз гурӯҳаки террористии мавҷуд дар Ховари Миёна ҳимоят кунад.Помпео гуфт, ки Эрон бояд тамоми нерӯҳои худро, ки таҳти фармондеҳиаш аст аз Сурия хориҷ кунад. Ба гуфтаи вай Вашингтон фишори молии ҷиддӣ бар Теҳрон ворид мекунад то мақомоти Эронро пушти мизи музокира бинишонад.Дар таърихи 8-уми май, Доналд Трамп, президенти ИМА хабари хуруҷи Вашингтон аз тавофуқномаи Барҷом-ро эълом намуд. Ин тавофуқнома мӯҷиби маҳдудият дар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ва пешгирӣ аз иқдомоти якҷонибаи Амрико ва Шӯрои амнияти СММ ва Иттиҳодияи Аврупо дар таҳримҳои яктарафа мебошад.

general.images