Убомо: Муқассир донистани мусалмонҳо бар нафъи террористҳост

Дар суханронии радиоии худ, раиси ҷумҳури Амрико аз мардуми кишвараш хостааст, аз айбдор кардани мусалмонҳо парҳез намоянд, зеро ин тарзи бархӯрд фақат ба манфиати террористҳост, ки барои тақвияти сафҳояшон ниёз ба афроди норозӣ доранд.

Борок Убомо, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш дар як нишасти сарони кишварҳо оид ба масоили ҳастаӣ, ки ҳафтаи оянда дар Вошингтун баргузор хоҳад шуд, мавзӯи тақвияти мубориза бо гурӯҳи террористии мавсум ба ДОИШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Убомо дар паёми радиоӣ ва интернетии рӯзи 26-март ваъда дод, ҳаракати зидди ин гурӯҳи тундравро, ки масъулияти ҳамлаҳои Брюсселро бар дӯш гирифтааст, идома хоҳад дод.

Дар ҳамлаҳо дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел, ки рӯзи 22-март рух дод, 31 нафар ҷон бохтанд.

Убомо зимни изҳори таслият ба пайвандони ҷонбохтагон, афзуд, Амрико аз муборизаи Белжик бо терроризм пуштибонӣ мекунад. Аз ҷумла, кормандони ФБР ё Бюрои федеролии тафтишоти Амрико дар Белжиканд ва дар таҳқиқоти ҳамлаҳо дар Брюссел кӯмак мекунанд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико бо пуштибонии Эътилофи байналмилалии ташкилшуда, тақрибан 40 дарсади қаламрави Ироқ аз ихтиёри гурӯҳи террористии ДОИШ бозпас гирифта шудааст.

general.images