Тӯри Душанбе барои моҳигирӣ аз оби лойолуд; “дурӯғи бузург”-е ки ҳеч кас бовар накард

Ҳодисаи террористии чанд рӯзи ахир дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани 7 сайёҳи хориҷӣ шуд, ҳошияҳо ва бозтоби ҷолибе дар сатҳи расонаҳои минтақа ва ҷаҳон дошт.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Форс, ҳодисаи террористии чанд рӯзи охир дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани 7 сайёҳи хориҷӣ шуд, ҳошияҳо ва бозтоби ҷолибе дар сатҳи расонаҳои минтақа ва ҷаҳон дошт.Талоши давлати Тоҷикистон барои иттиҳомзанӣ ба ҲНИТ ва дар паси он ба Эрон бо вокунишҳое дар сатҳи расона ва афкори умумии мардум мувоҷеҳ шуд.Ончи гузашт...Якшанбе (29 июли 2018), як мошин дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон 7 сайёҳи дурчархасаворро зер гирифт, ки натиҷаи он, 4 нафар кушта (ду сайёҳи амрикоӣ ва як нафар аз Ҳолланд ва як нафар аз Суис) ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.Дар ҳамон рӯз, ВКД-и Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар, эълом кард: “Ронандаи ин мошин, пас аз тасодуф бо ин сайёҳон дар соати 15:30 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон, аз маҳалли ҳодиса фирор кард.”Ҳамчунин ВКД асри рӯзи якшанбе эълом кард, ки фарзияи аввал дар ин маврид, тасодуфи ғайриамдӣ будааст аммо дигар фарзияҳоро низ баррасӣ хоҳанд кард.Субҳи рӯзи баъд (30 июл) низ хабар расид, ки мошинеро, ки сабаби марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар Данғара шуд, дар деҳае дар наздикии ноҳияи Данғара пайдо кардаанд.Асри рӯзи душанбе 2 тан аз маҷрӯҳони ҳодиса, лаб ба сухан гушуданд ва гуфтанд, ки муттаҳамон ибтидо бо ду мошин онҳоро дар масири Душанбе-Кӯлоб зер гирифта ва сипас аз мошин пиёда шуда ва бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд ва ончи, ки сабаби кушта шудани 4 сайёҳи хориҷӣ шуда, на тасодуф балки зарбаи корд будааст.Дар ҳамон рӯз, ВКД-и Тоҷикистон акси се нафар аз гумонбарони ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро мунташир ва аз шаҳрвандони ин кишвар барои шиносоӣ ва боздошти онон кӯмак хост.Дар идомаи иттифоқот, ин рӯз низ пулиси Тоҷикистон эълом кард муҳоҷимонро шиносоӣ ва 4 тан аз онон, ки ҳамагӣ мусаллаҳ буданд дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд ва як нафар аз онҳо ҳам боздошт шудааст.Билофосила пас аз эъломи ин хабар, хабаргузории Фаронса баёнияи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро мунташир кард, ки дар он эълом шуда буд қатли рӯзи якшанберо аносури ин гурӯҳ анҷом додаанд.Дар ҳамон ҳол сайти таҳлилҳои амниятӣ (Site Intelligence Group) баёнияи ДИИШ-ро мунташир кард, ки дар он зимни иддаои ҳамлаи аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ба шаҳрвандони кишварҳои масеҳӣ ҳушдор дода, ки бо онҳо дар ҳар куҷои дунё ҳамингуна бархӯрд хоҳад шуд.Аммо пазириши масъулияти ин ҳодиса аз сӯи ДИИШ ва интишори филме аз байъати 5 ҷавони тоҷик бо ин гурӯҳи террористӣ (аксҳои кушташудагони даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ нишон дод онон дар воқеъ ҳамон байъаткунандагони ҳозир дар филми мунташиршуда аз сӯи ДИИШ ҳастанд), дар рӯзи сешанбе бо иттифоқи дигаре вориди марҳилаи ҷадиде шуд.Бадин тартиб, ки ВКД дар сайти худ иттилоъия мунатшир кард ва иддао кард, ки авомили ҲНИТ ва паси он Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодиса нақш доштанд.Тибқи ин иттилоъия, Ҳусейн Абдусамадов, тайи 4 сафар ба Эрон “омӯзишҳои илеология ва низомӣ” дида ва дар онҷо бо Носирхӯҷа Убайдов узви ҲНИТ бо лақаби Қори Носир, ки мавради пайгард қарор дорад, мулоқот карда ва вориди ин гурӯҳ шудааст.ВКД ҳамчунин эълом кард, ки ҳамла ба сайҳон ба дархости Носирхӯҷа Убайдов сурат гирифта ва қарор будааст, ки пас аз анҷоми ин иқдом, аъзои гурӯҳ тавассути ноҳияи Панҷ, ки ҳаммарзи бо Афғонистон мебошад, ба ин кишвар фирор карда ва ба сафи гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд.Вокунишҳо ба моҷароДар аввалин вокуниш ба ин моҷаро, ҲНИТ дар иттилоъияе, ҳаргуна даст доштани ҲНИТ дар ин моҷароро рад кард.Дар ин иттилоъия омада: “Риёсати олии ҳизб, иттиҳомоти бепоя ва ғайримантиқии ВКД-и Тоҷикистон дар бораи даст доштани ҲНИТ дар ин ҳодисаро қотеъона инкор ва маҳкум мекунад ва онро як тӯҳмати бешармона ва ғайримантиқӣ медонад. Боиси таъассуф аст, ки мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша талош намуданд, то аз ин мусибати инсонӣ ва миллӣ боз ҳам суди сиёсӣ ба даст биёранд ва онро алайҳи мухолифини мусолеҳатомези худ истифода намояд.”Ҳамчунин дар ин иттилоъия таъкид шуд чунин мавзеъгирии ғайривоқеъӣ ва ғайриахлоқӣ баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон на танҳо дар фикри мубориза бо терроризм нестанд, балки талош мекунанд аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ ҳам намоянд.Ин нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд то таваҷҷӯҳи ҷомеъаро аз тарроҳон ва омилони аслии ин ҳодиса ба самти дигар равона кунанд ва онро ҳамчун як баҳонаи дигар барои сафед кардани саркӯбгариҳои худ алайҳи мухолифин истифода намоянд.Асри рӯзи сешанбе низ Баҳроми Қосимӣ сухангӯи ВКХ-и Эрон бо ибрози таъассуф аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки ба кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз онҳо анҷомид, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргуна иқдоми террористӣ дар нуқоти мухталифи дунё аз ҷумла ҳодисаи ахири зидди сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунад. Қосимӣ ҳамчунин бо интиқод аз матолиби манфии эълом шуда дар баёнияи ВКД-и Тоҷикистон зидди Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ барои омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад ва омодагӣ дорад барои баррасии абъоди ин қазия бо мақомоти дахлдори тоҷик ҳамкорӣ кунад. Асри чаҳоршанбе ВКХ-и Эрон аз эҳзоори сафири Тоҷикистон хабар дод.Баҳроми Қосимӣ бо эъломи хабари эҳзори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути мудири кулли АвроОсиёи ВКХ-и Эрон гуфт: “Маротиби эътирози шадид нисбат ба рафтори мақомҳои он кишвар дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ворид карани иттиҳомҳои кизб ва беасос ба Эрон ба вай иблоғ шуд.”Сухангӯи ВКХ-и Эрон афзуд: “Дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон гуфта шуд, ки ироаи адреси ғалат сабаби ташвиқи террористҳои такфирӣ барои шадидтар кардани иқдомҳои хушунатбор гуда ва ба мувозоти он талош барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомҳои террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт.”Вокуниши расонаҳо ва коршиносонЕврониюз ҷузви аввалин расонаҳое буд, ки нисбат ба ин таҳаввулот вокуниш нишон дод.Ин сайти хабарӣ, дар титри аввали худ, пас аз пардохтан ба хабари ҳодисаи рӯзи якшанбе таъкид кард: “Пас аз он ки мақомоти Тоҷикистон даст доштани ДИИШ дар ҳамла ба дучархасаворони ғарбиро такзиб карданд, гурӯҳи ДИИШ даст ба интишори видеое зад, ки нишон дод муҳоҷимон, узви ин гурӯҳ будаанд ва бо онҳо байъат кардаанд.”Ин дар ҳоле буд, ки пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд ҳамла ба дучархасаворони ғарбӣ кори раҳбарони ҲНИТ будааст ва на ДИИШ.Андрей Серенко, мақоми Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар умури Афғонистон низ бо ишора ба мавзӯъи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ва нақши гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин моҷаро гуфт: “Дар дохили Тоҷикистон таъсири таблиғоти ин созмони такфирӣ нодида гирифта мешавад.”Вай афзуд: “Иртибот додани ин ҳодиса ба ҲНИТ дар ҳоле, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба сайёҳонро бар дӯш гирифта иштибоҳ аст зеро гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон саргарми тасарруфи манотиқи бештар мебошад то қаламрави таҳти контроли худро густариш диҳад.”Дар ҳамин ҳол, муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳам ҳамлаи террористӣ ба сайёҳон дар ҷануби Тоҷикистонро ҳушдори ҷиддии ҳастаи хуфтаи гурӯҳи террористии ДИИШ барои кишварҳои минтақа донист.Ин навъ вокунишҳо дар интиқод ба ВКД-и Тоҷикистон ва масъул донистани ДИИШ дар ин ҳодисаи террористӣ, ҳатто дар фазои дохилии Тоҷикистон низ идома дошт.Ба унвони намуна, Ҳабибулло Назаров корманди собиқи хадамоти амниятии Тоҷикистон гуфт: “Синну соли поин ва бетаҷрибагии аъзои ДИИШ барои аз байн бурдани осори ҷиноят дар маҳалли ҳамла ба сайҳон дар ноҳияи Данғара нишон дод, ки ин гурӯҳи террористӣ, аз ҷавонони тоҷик барои расидан ба аҳдофи худ суъи истифода кардаанд.”Дар фазои маҷозӣ низ вокунишҳои бисёре дар хусуси ин мавзӯъ дар миёни корбарони тоҷик тайи рӯзҳои гузашта даргирифт ба тавре, ки ВКД-и Тоҷикистон ва расонаҳои вобаста ҳамчунон бар фарзияи худ дар даст доштани ҲНИТ ва Эрон таъкид доранд ва корбарони мустақил низ мӯътақиданд, “хуб буд давлати Тоҷикистон қабл аз ин ки номи Эронро бар забонаш оварад бо ДИИШ ва ҳомиёни саудияш машварат ва ҳамоҳангӣ мекард то ба хотири тӯҳмати дурӯғ обрӯяш наравад.”Аммо дар миёни расонаҳои русзабони минтақа низ дар вокуниш ба ин мавзӯъ, ба баҳсу баррасии даст доштани ДИИШ дар ин ҳодиса пардохта ва ишорае ба иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси дахолати Эрон дар ин ҳодиса накарданд.Аз ҷумлаи муҳимтарини ин расонаҳо, ки мавриди бештарин боздиди ахбор қарор дорад, метавон ба сайти СтанРадар ишора кард, ки дар гузориши муфассале, ба мавзӯъи даст доштани ДИИШ дар ин ҳодиса ишора дошт.

general.images