Тоҷири тоҷики муваффақе ки аз зулму номардии режими Раҳмон ғариб шуда, дилтанги ватан аст!

Тоҷике ки дар яке аз кишварҳои дурдаст соҳибкор гашт ва бо даҳҳо кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад. Ӯ намунае аз тоҷирони тоҷики муваффақ аст, ки дар кишвари бегона қад алам карда, садҳо нафарро соҳиби обу нон мекунад, аммо Тоҷикистон ивази инки аз ин соҳибкорон ҳимоят карда, аҳолии худро ба кор таъмин кунад, ба онҳо фишор оварда, ба пулашон тамаъ карда, ба оилаю пайвандонашон таҳдид карда, аз Тоҷикистон мегурезонад.

Ҳаққо ки Раҳмон инсони беақлу худхоҳ аст, ки бо тарси аз даст додани ҳукумат ҳозир аст ҳамаи тоҷикистониҳоро фидо кунад, аммо худ бар сари қудрат боқӣ монад. Сабаби сахт часпидани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ ба даст овардани пулҳои калони бедарди миён аст, ки бо ҳаромхӯрӣ, ришваситонӣ ва зулму ҷавру ситам ситонда, шиками калони худ ва оилаи бесарутаҳашро мечаронад!

Бояд аз инсонҳои шоистае монанди тоҷири дар болозикршуда (ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи ҳамлаварони малахмонанди оилаи Эмомалӣ Раҳмон аз зикри номаш ҷилавгирӣ мешавад), ки садҳо нафарро мехӯронанд ва шодиро ба дили ҳазорон нафари даҳҳо кишвари ҷаҳон ворид мекунанд истиқболи гарм шавад ва онҳоро ба Тоҷикистон даъват карда, бо камоли эҳтиром аз онҳо ҳимоят кунанд, то аҳолии Тоҷикистонро бо тиҷорати худ соҳиби кору обу нон кунанд, на монанди Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро аз ватан бадарға карда, ба ғуломигарӣ бифиристад.

Бояд дуо кард, ки Худо ҷони ҳамин (Э.Раҳмон) касифу палидро зудтар гирад, то мардум аз шарри ӯ ва “герчик”-у насли фасодгару фасодовару гадои ӯ озод шуда, хурсанд шаванд.

Мо тарафдори онем, ки решаи ин нобакорону тарсончакҳою ноуҳдабаро бихушкад ва Тоҷикистон нафаси озод кашад!

Сиддиқи Акбар

general.images