Тоҷикистон хостори таҳқиқ дар бораи оташсӯзӣ дар Русия

Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Тюменро воқеъбинона таҳқиқ намояд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тайи як ёддошт аз ҷониби Русия талаб кардааст, ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Тюмен, ки сабаби ҳалокати ҳафт муҳоҷири тоҷик шуд, воқеъбинона таҳқиқ намояд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд.Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузориш дода аст, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия боисрор талаб менамояд, ки бо таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса ва муайян кардани сабабҳои он гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис чораҳои маъмурӣ андешида шаванд.Ба таъкиди Вазорати умури хориҷӣ, ҳодисаи сӯхтор дар натиҷаи набуди оддитарин шароити корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, ки барои ин корфармо бояд масъулият дошта бошад.Ин дар ҳолест, ки ахиран, дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия эълон кард, сардори майдони сохтмонии ширкати “Горизонт” боздошт шудааст.Сӯхтори вагони ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан соати 2-и шаби 19 ба 20 ноябр дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи ин ҳодиса 6 сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштич - Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович, соли таваллудаш 1987, Рӯзиев Парвин Мусоҷонович, соли таваллуд 1988, Шодиев Самариддин Фазлиддинович, соли таваллуд 1989, Миров Мирсабур Мирсаидович, соли таваллуд 1997, Нуров Кобилҷон Комилҷонович, соли таваллуд 1994, Ф.Назаров ва як сокини ноҳияи Мастчои Куҳӣ - Шарифов Олимҷон Шарифович, соли таваллудаш 1997 ба ҳалокат расидаанд.

general.images