Тоҷикистон кишвари “рӯ ба рушд” ё “дар ҳоли рушд”?

мақолаеро таҳти унвони “Тоҷикистон дар соли 2030: Аз “рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” нашр кард, ки барои инҷониб басе тааҷҷубовар буд. Инак мехоҳам ин мақоларо баррасӣ карда, таҳлил намоям, то баъзе аз саволҳо ва ибҳомоте ки эҷод шудааст, равшан шавад.

Тоҷикистон кишвари “рӯ ба рушд”  ё “дар ҳоли рушд”?

Хабаргузории “Озодӣ” дирӯз; (яъне 25−уми марти соли 2016) мақолаеро таҳти унвони “Тоҷикистон дар соли 2030: Аз “рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” нашр кард, ки барои инҷониб басе тааҷҷубовар буд. Инак мехоҳам ин мақоларо баррасӣ карда, таҳлил намоям, то баъзе аз саволҳо ва ибҳомоте ки эҷод шудааст, равшан шавад.

Хулосаи ин мақола ин аст, ки Тоҷикистон соли 2009 барномаи рушди стратегиашро қабул карда буд, ки бар асоси он то соли 2015 ба кишвари ба истилоҳ “дар ҳоли рушд” мерасид. Дар ин барнома 4 ҳадафи рушди стратегӣ барномарезӣ шуда буд, ки ин 4 ҳадафи стратегӣ иборатанд аз: 1− таъмини истиқлолияти энергетикӣ, 2− рушди имкониятҳои комуникатсионӣ, 3 − таъмини амнияти озуқавориву ғизо, 4− вустъатдеҳии шуғли пурмаҳсул. Саймумин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, ба ин сатҳи рушде ки тибқи барнома Тоҷикистон то соли 2030 ба он расад, бояд дар соли 2010 мерасид.

Маънои “рушд ва тавсеъа”

Рушд ва тавсеъа иборат аст аз: “Тавсеъа яне рушд ва пешрафт дар чаҳор заминиа иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологӣ”.

Маънои куллии рушду тавсеъа; яъне зиндагии беҳтар, беҳбуди даромад, коҳиши фақру бекорӣ ва нобаробарӣ, тағир дар сохторҳои ниҳодӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ, тафаккур ва назари мардум. Рушд ва тавсеъа; яъне озодии сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ, коҳиши фақру камбағалию нобаробарӣ, афзоиши даромад ва шуғлу навъоварӣ, афзоиши сарвату дороӣ, амният, риояти ҳуқуқи шаҳрвандон, беҳбуд ёфтани чигунагии зиндагӣ, афзоиши сатҳи фарҳанг, тандурустӣ ва омӯзиш. (википедия)

 

Маънои кишвари “дар ҳоли рушд”

Кишварҳо бар асоси даромад, таҳсил, тандурустӣ, савод, санъатӣ будан ва... ба “пешрафта”, “дар ҳоли рушд” ва “ақибмонда” тақсим мешаванд. Ин тақсимотро СММ бо мутолиае ки анҷом медиҳад, солона кишварҳоро муаррифӣ мекунад, ки ба “лутфи сарварии пешвои миллат” Тоҷикистон ҳамвора ифтихори намояндагии фақиртарину қашшоқтарин кишварҳоро дорост. Дар ин бахш кишвари дар ҳоли рушд ва вижагиҳои онро меоварем, то донем ки Тоҷикистон дар он қарор мегирад ё на, агар, на. Пас чаро Вазорати рушди иқтисоду савдо Тоҷикистонро “дар ҳоли рушд” меҳисобад?

Кишварҳои дар ҳоли рушд, кишварҳое ҳастанд, ки даромади сарона, иқтисод, савод, тандурустӣ, умед ба зиндагӣ, санъатӣ шуданашон мутаносиб бо ҷамъияташон, дар ҳоли рушд аст; яъне мардум кам−кам иқтисодашон мечархад ва касбу корашон нонашонро таъмин мекунад.

Вижагиҳо ва меъёрҳои кишвари дар ҳоли рушд

1.      Фақри молӣ ва фарҳангӣ

Даромади аҳолии кишварҳои дар ҳоли рушд, як дулор дар рӯз аст (википедия), ва ҳамаи аҳолии он ин даромадро доранд ва дар кишварашон кор таъмин аст. Гарчӣ ин ин кишвар фақир аст, аммо кор таъмин ва ҳамаи аҳолии он кор доранд. Аз назари фарҳангӣ низ дар буҳрон аст; яъне набудани озодии сиёсӣ, озодии андеша, нақш надоштан дар зиндгии иҷтимоӣ, набудани таҳсил ва саводи кофӣ, маҳрумият аз манобеи умумие монанди конҳо ва бойгариҳоиҳои табиъӣ, бештари ин кишварҳо қарздоранд ва барои бозпардохти просенти қарз бахши калоне аз даромадҳои содиротии онҳо аз даст меравад.

2.      Вобастагии иқтисодӣ

Дар бисёре аз кишварҳои дар ҳоли рушд, тасмимгирӣ − барои фаолиятҳои иқтисодӣ дар даруни ин кишварҳо анҷом намегирад− берун аз иқтисоди ин кишварҳо аст. Ба ҳамин хотир иқтисодаш вобаста ба кишварҳои дигар аст.

3.      Паст будани имкониятҳои комуникатсионӣ

Дар кишварҳои дар ҳоли рушд фақри иттилоотӣ ва камуникатсионӣ вуҷуд дорад, ки сабаб мешавад кишвар пешрафт накунад. Чароки пешрафти башар ба пешрафти дониш бастагӣ дорад ва пешрафти дониш сабаби тавлиди технология мешавад, рушди технология рушди донишу илмро низ шомил мешавад. ва ҳар кишваре ки дар имконияти камуникатсионӣ заиф бошад, ба пешрафти илмӣ ва технологӣ намерасад, дар натиҷа кишвар аз пешрафт ақиб мемонад. (википедия).

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар тақсимоти кишварҳо

Аз тақсимоте ки дар бораи кишварҳо шуд, ба даст меояд ки Тоҷикистон на танҳо кишвари “дар ҳоли рушд”, балки ҷузви “кишварҳои ақибмонда ва пасрафта“ мебошад. Кишварҳои дар ҳоли рушд, гарчӣ кишварҳои камбағалу фақир ҳисоб мешаванд, аммо вазъияташон садҳо баробари Тоҷикистон беҳтар аст. Инак мо “стратегияи миллии рушди Тоҷикистон” ва ҳадафи онро, ки аз тарафи соҳибмансабони тоҷик матраҳ шудаастро нақду баррасӣ мекунем.

 

Стратегияи рушди кишвар!

Шаҳзод Авазов, як масъули раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 25­уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати қабул шудани ин ҳуҷҷат (стратегияи рушди кишвар) Тоҷикистон тайи 15 соли оянда барои расидан ба 4 ҳадафи стратегӣ талош хоҳад кард. Вай афзуд: “Дар ин стратегия чор ҳадафи асосӣ муайян карда шудаанд. Ин ҳадафҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавориву ғизо ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳастанд.” (Озодӣ).

 

Нигоҳе ба бандҳои “4 ҳадафи стратегии рушд”

Бар асоси суханони Шаҳзод Авазов, 4 ҳадафи стратегӣ вуҷуд дорад, ки давлати Тоҷикистон онро рушд медиҳад, дар натиҷаи рушди он, кишвар ба “кишвари дар ҳоли рушд” мерасад. Ин 4 ҳадаф иборатанд аз: 1− таъмини истиқлолияти энергетикӣ. 2− рушди имкониятҳои комуникатсионӣ. 3− таъмини амнияти озуқавориву ғизо. 4− вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Мо инак баъзе аз ин бандҳоро бо воқеият месанҷем, то равшан шавад, ки соҳибманасабон ҷӣ қадар дар ба ваъдаҳояшон амал мекунанд.

1.      Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

Бар ҳамагон равшан аст, ки Тоҷикистон дар фаслҳои сард бо буҳрони энергетикӣ рӯ ба рӯ буда, мардум дар “торикистону талхистону азобистон” ба сар мебаранд. Аз набуди энергетика дар ин фаслҳо, тамоми марказҳои омӯзишӣ, тандурустӣ, идорӣ, тиҷорӣ ва ғайра аз кор меафтанд ва мардум азоби дӯзахро бо вуҷуди худ ҳис мекунанд. Нокифоятии мақомот ва ӯҳданобароии соҳибмансабон сабаб шудааст, ки мардум ба ин талхиҳо гирифтор шаванд ва торафт сол ба сол бадтар шудаистодааст. Пулҳои калоне аз мардуми камбағал зуракӣ ҷамъоварӣ шуд ва ваъда дода шуд, ки Роғун ба истифода мерасад ва мардум дигар аз камбуди энергетика ранҷ намебаранд. Аммо “ваъдаҳо бевафо монду қавлҳо беиҷро”. Ба назари инҷониб то вақте ки ин соҳибмансабон бар сари қудрат бошанд “ҳамин ошу ҳамин коса” хоҳад буд ва мо ҳаргиз ба истиқлолияти энергетикӣ намерасем. Агар интавр аст, чаро ваъдаҳо ба беҳбуди вазъият то соли 2030??

2.      Таъмини амнияти озуқавориву ғизо!

Мегӯянд: “Соле ки хуб аст, аз баҳораш пайдост!”. Бисёр мақоли дақиқе! Баҳори имсоли Тоҷикистон бо шиори “Ғизо захир кунед...” (руҷуъ шавад ба сайти озодагон: Ҳушдори Раҳмон...:ғизо захира кунед). Аз шиори пешвои миллат фаҳмида мешавад, ки амнияти озуқавориву ғизо  “сифр”  аст. Бо ин омор, оё мо ба “кишвари дар ҳоли рушд” ва зиндагии беҳтар мерасида бошем??

3.      Вустъатдиҳии шуғли пурмаҳсул!

Мақоле ҳаст, ки мегӯяд: “Чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест!”. Шуғли пурмаҳсул?! Оё карнавалу, ҷашну, рақсу бозию кайфу сафо ва пулҳои безабоне ки харҷ мешавад, фурсати сохтани корхонаю фабрикаю ҷои кору даромаду шуғлро медиҳад? шуғли пурмаҳсул дар Русия?? Торафт муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шудаситодааст. Кай корхонаҳо сохта мешавад ва барои мардум шуғли пурдаромад ҳосил мешавад?? дар асри 22−23?

general.images