Тоҷикистон дар соле, ки гузашт

Тоҷикистон дар соле, ки гузашт Соли 2015 барои ҷомеаи Тоҷикистон соли пурҳодисаву пурмоҷарое буд. Аз тағйиру таҳаввулоти сиёсӣ сар карда то бӯҳрони

Соли 2015 барои ҷомеаи Тоҷикистон соли пурҳодисаву пурмоҷарое буд

Тоҷикистон дар соле, ки гузашт

  Соли 2015 барои ҷомеаи Тоҷикистон соли пурҳодисаву пурмоҷарое буд. Аз тағйиру таҳаввулоти сиёсӣ сар карда то бӯҳрони иқтисодӣ ва ошӯбу амалиётҳои низомӣ ва пушти панҷараи зиндонҳо рафтани садҳо нафар. Шояд ин сол барои баъзеҳо шодиҳову хушиҳоеро бо худ дошт, аммо бешак соли 2015 бештар бо ҳодисаҳои ғайри мунтазирааш,ки сарнавишти сиёсии кишвар ва оилаҳои зиёдеро иваз кард, дар ёдҳо хоҳад монд. Мо бо шумо дар чанд сатри кӯтоҳ танҳо муҳимтарин ҳаводиси ин солро мурур хоҳем кард.

Интихоботи парлумонӣ

 Дар моҳи март, интихоботи парлумонии Тоҷикистон баргузор шуд. Мисли интихоботҳои гузашта давраи таблиғоти интихоботии аксари номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар фазои комилан сард ва хомӯш доир шуд. Танҳо ду ҳизб, яъне ҳизби ҳоким бо истифода аз дар даст доштани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҲНИТ танҳо рақиби аслии ҳизби ҳоким, фазои хушку хомӯши кишварро гоҳгоҳ ба фазои начандон солими рақобат табдил медоданд. Аксари коршиносон натиҷаи интихоботро аз пеш таъйиншуда медонистанд. Аммо камтар касе фикр мекард, ки ҳатто ҳизбҳое, ки шумори аъзояшон аз теъдоди ангуштони ду даст бештар нест, соҳиби курсии парлумон мешаванд. Натиҷаи интихобот ҳамон буд, ки фақат ингуна натиҷа дар кишварҳое мисли Тоҷикистон ба даст меояд. Яъне бояд ҳамон чизе шавад,ки як нафар ва як гурӯҳ мехоҳад. Натиҷае, ки Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсси Тоҷикистон дар пеш аз зӯҳри як рӯз баъд аз интихобот эълон кард чунин буд:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) - 65,4%;

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) - 11,7%;

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) - 7,5%;

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) - 5,5%;

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2%;

Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7%;

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6%;

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%;

 Ин натиҷа ва натиҷаҳои дигаре, ки КМИР аз ҳавзаҳои якмандатӣ эълон кард, ду ҳизб, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунистро, ки дар 15 соли ахир, ҳизбҳои мухолифи ҳизби ҳоким номбурда мешуданд аз парлумон хориҷ ва ҳизбҳоеро вориди парлумон кард, ки дар истилоҳи коршиносон ва таҳлилгарони кишвар ба «ҳизбҳои кисагӣ» маъруфу машҳур буданд.

Террори Умаралӣ Қувватов

 Ҳанӯз чанд рӯзе нагузашта аз натиҷаи интихоботи парлумонӣ, расонаҳои ҷаҳон аз террори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, Умаралӣ Қувватов раҳбари «Гурӯҳи 24», ки чанд соли ахир дар кишварҳои мухталиф дар ҳоли фирор буд, хабар доданд. Расонаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ба нақл аз хабаргузориҳои Туркия навиштанд: «Умаралӣ Қувватов дар соати даҳуними шаби 5-уми март дар кӯчаи Симсори ноҳияи "Мулло Гуронӣ"-и минтақаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи тир қарор гирифтааст». Баъдан маълум шуд, ки гумонбари аслӣ шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов аст, ки аз ҷониби полиси Туркия боздошт шудааст. Ӯ, ки се моҳ пеш бо қасди тиҷорат ба Туркия рафта бо У.Қувватов ошно шуда шомили «Гурӯҳи 24» мешавад,  бо истифода аз «шиносоӣ» У.Қувватовро ҳамроҳи ҳамсар ва ду фаарзандаш ба меҳмонӣ даъват намуда, баъди заҳролуд кардан бо ҳамдастии ду нафари дигар, ҳадафи тир қарор дода ба қатл мерасонанд.

  Умаралӣ Қувватов солҳо шарики тиҷории домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва мудири ширкатҳои «Тоҷирон» ва «Фароз» ном бурда мешуд. Вай баъди пеш омадани ихтилоф байни ӯ ва ҳамшарики тиҷориаш домоди раиси ҷумҳур, аввал ба Москва фирор намуда, гурӯҳеро бо номи «Гурӯҳи 24» таъсис намуд ва тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди ҳукумати Тоҷикистон ва хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон пардохт. Ӯ дар поёни соли 2012 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Дубай боздошт ва сипас раҳо шуда муддатеро ҳам дар Қирғизистону Қазоқистон сипарӣ намуд ва ниҳоятан дар шаҳри Истамбули Туркия террор шуд, ки бештари коршиносон ангушти ишораро сӯи мақомоти Тоҷикистон ба хусус ҳамшарики тиҷориаш Шамсулло Соҳибов домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дароз мекунанд.

  Соли 2014 Суди Олии Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»- ро созмони экстремистӣ эълон кард. Имрӯзҳо бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо «Гурӯҳи 24» чандин нафар пушти панҷараҳои зиндон рафта, чанд нафар ҳам кушта ва даҳҳо ҷавони дигар дар асари таъқиби мақомоти Тоҷикистон аз кишвар берун рафтаанд.

Марги 10 ҷавон бар асари резиши ярч

  Рӯзи 3- юми апрел расонаҳо хабар аз ҳалокати 10 ҷавон доданд, ки ҳангоми кандани масири обгузар ва насби қубури об зери ярч монда, ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод иттифоқ афтод ва ҷомеаи кишварро ба мотам нишонд. Аз ҳама аламовараш инки ин ҳодиса дар асари бетаваҷҷӯҳии мақомоти маҳал рух дода, баъзе ҷасадҳо ҳатто баъди даҳ рӯз аз зери хок берун оварда шуданд.

Фирори полковник Гулмурод Ҳалимов

  Дар аввалҳои моҳи май наздикони Сардори таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, полконик Гулмурод Ҳалимов ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки ӯ рӯзи 23- юми апрел аз хона берун рафта дигар барнагаштааст. Ин хабар дар муддати кӯтоҳе дар сархатти хабарҳои байналмилалӣ қарор гирифт, зеро мавсуф аз ҷумлаи нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон будааст, ки муддатҳои тӯлонӣ дар Русия ва Амрико тамриноти махсуси ҷангӣ дида, худи ӯ дар наворе, ки баъди фирораш расонаӣ шуд, эътироф мекунад, ки дар тамринҳои махсус ба онҳо ёд медодаанд, ки читавр мусалмонҳоро бикушанд.

  Агарчӣ дар рӯзҳои аввали нопадид шудани Г.Ҳалимов мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумот ва шарҳи қазия  худдорӣ мекарданд, аммо баъдан ӯро барои пайвастан ба гурӯҳи ҷангҷӯён дар Сурия гунаҳкор намуда бо моддаҳои 305 : “Хиёнат ба давлат”, 187 қисми 2 : “Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ” ва 4011 : “Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо”-и Кодекси ҷиноятӣ, алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

  Аммо масъалае, ки то ҳанӯз мавзӯъи баҳси коршиносон ва огоҳони сиёсист, ин аст, ки чӣ чиз сабаби фирори Сардори таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохила шуд? Фирори касе, ки шахси наздики Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва ҳатто рафиқи наздик ва муҳофизи писари калонии раиси ҷумҳури кишвар Рустами Эмомалӣ, номбурда мешавад.

Риштарошони ВКД

 Баҳси андозаи ришу “риштарошони ВКД” ва “ҳиҷоби занҳо” аз дигар ҳодисаҳое буд, ки ба дастгиру ба зӯрӣ тарошидани риши афрод, таҳқир, латукӯб ва ҳатто кушта шудани ҷавоне оварда расонд. Шоми 28 – уми август Умар Бобоҷонови 23 сола, донишҷӯи Донишгоҳи Санк Петербурги Русия, сокини шаҳри Ваҳдат аз ҷониби ду полиси шаҳри Ваҳдат мариди латукӯб қарор гирифта, баъди бистарӣ шудан дар бемористони шаҳри Ваҳдат дар таърихи 5 – уми сентябр даргузашт. Шоҳидони ҳодиса ва наздикони У.Бобоҷонов эълон карданд, ки кормандони полис ӯро ба хотири доштани риш латукӯб намуда маҷбур мекунанд, ки ришашро тарошад.

  Аммо мақомоти Тоҷикистонро на вазъияти бади Умар Бобоҷонов, балки таҷаммӯъ ва эътирози садҳо нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат нигарон кард, ки дар таърихи 1 – сентябр дар назди бемористони шаҳри Ваҳдат гирд омада, дархости ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латукӯби У.Бобоҷновро карданд.

     Ин ҳодиса дар муддати кӯтоҳ фазои Точикистонро фаро гирифт,зеро ин танҳо ҳодисаи “риштарошон” набуд, ки дар он кормандони ВКД “қаҳрамонӣ” нишон медоданд, балки хабарҳои зиёде аз гӯшаву канори кишвар дар ин маврид, саҳифаҳои расонаҳоро пур карда буд.              

Амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода

  Субҳи 4 – уми сентябр сокинони шаҳри Душанбе шоҳиди тирпарронӣ дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе шуданд ва сарусадоҳое ба гӯш расид, ки гӯё сохторҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода амалиёт анҷом дода бошанд. Баъди нисфирӯзии ҳамон рӯз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ, ҳодисаро шарҳ дод. Дар изҳороти ВКД аз ҷумла омада буд, ки гӯё Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳи даҳҳо нафар аз ҳамроҳонаш ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳуҷум карда бошад ва дар ҷавоб сохторҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи А.Назарзода амалиёт анҷом дода онҳоро маҷбур кардаанд, ки ба дарраи Ромит паноҳ баранд. Дар изҳороти расмии ВКД ҳамчунин аз А.Назарзода аъзои ҲНИТ ва собиқ размандаи ИНОТ номбурда шуда буд, ки масъулони ҲНИТ ин иттиҳомро рад карда, ҳодисаро мушкили байни худи мақомот унвон карданд.

  Дар пайи ин ҳодиса мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон садҳо нафарро аз хонаву макони истиқоматиашон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо А.Назарзода бошдошт намуданд, ки баъдан ҷасади баъзе аз ин афрод ба хонаводаҳояшон супорида шуд ва мақомот эълон карданд, ки гӯё ин афрод дар асари ҳуҷуми мусаллаҳона кушта шуда бошанд.

  Бо гузашти моҳҳо аз “исёни” генерал Абдуҳалим Назарзода сабаби ин ҳодиса ва амалиёт алайҳи ӯ равшан нест, аммо ба ғайр аз мақомот ва доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ҳамаи коршиносони дохилӣ ва хориҷие, ки дар ин маврид сухан мегӯянд, ба иддаъои мақомоти Тоҷикистон бовар надоранд, ҳатто баъзе аз онҳо ба монанди таҳлилгари рус Игор Панкратенко, ин воқеаро нақшае медонад, ки дар “Кохи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарроҳӣ шудааст”.

Боздошти садҳо узви ҲНИТ ва қатъи фаъолияти ин ҳизб

 Агарчӣ фишору таъқиб ва маҷбурсозии аъзои ҲНИТ барои тарки сафи ин ҳизб аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, аз моҳҳо ва ҳатто солҳо пеш ба гӯш мерасид, аммо баъди интихоботи парлумонии моҳи март ва ба хусус амалиёт алайҳи Абдуҳалим Назарзода ва нисбат додани ӯ ба ҲНИТ, фишору дастгириву латукӯбу маҳбас карданҳо ба авҷи худ расид. Тибқи қарори Раёсати Олии ҲНИТ, ки расонаӣ шуд, ин ҳизб бояд Анҷумани навбатии худро дар таърихи 15 – уми сентябр доир менамуд. Аммо бо ҳарчӣ наздик шудани таърихи баргузории Анҷуман, хабарҳо аз фишору таъқиби бештар нисбати аъзои ин ҳизб меафзуд. Мақомоти Тоҷикистон дар паёмҳои бевосита ва бавоситаи худ ба масъулини ҳизб таҳдид мекарданд, ки набояд Анҷумани ҳизб доир шавад.

 Баъди бастани матбааи ҲНИТ ва аз чоп мондани нашрияи “Наҷот” дар таърихи 24 - уми август бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе бо баҳонаи онки қароргоҳи марказии ҲНИТ ғайриқонунӣ харидорӣ шудааст, ба дари он муҳр заданд. Сипас Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни номаи расмӣ ба ҲНИТ ҳушдор дод, ки ин ҳизб ҳаққи баргузор намудани Анҷумани навбатии худро надорад, зеро ба иддаъои ин Вазорат ба онҳо аризаҳо ва протоколҳое расидааст, ки ҳикоят аз тарки ҳизб кардани аъзои он ва бастани ихтиёрии шӯъбаҳо ва бахшҳои ин ҳизб дар саросари ҷумҳуриро дорад. Иддаъое, ки масъулони ҲНИТ онро комилан рад ва аризаҳо ва протоколҳоро тақаллубӣ ва сохтаи худи мақомоти амниятӣ ва ҳукумати Тоҷикистон медонистанд.

  Ниҳоятан дар таърихи 16 - уми сентябр аввал муовинони раиси ҲНИТ ва сипас 11 нафар аъзои Раёсати Олӣ ва дар рӯзҳои баъд садҳо фаъоли ҲНИТ боздошт шуда бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шуданд.

  Додгоҳи олии Тоҷикистон низ рӯзи 29

  • сентябр бо дархости Додситонии кул ҲНИТ- ро дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор дониста, онро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд.

  Баъди ин ҳодиса аксари коршиносон иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро мухолифи бандҳои Созишномаи сулҳи ба дастомада миёни Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷик ва суботу оромиш дар Тоҷикистон дониста, бар ин назаранд,ки Тоҷикистон амалан ба як ҳукумати худкома ва ҳатто монархӣ табдил шудааст.

Фавти Умари 5 – моҳа

 Дар таърихи 13 – уми октябр ҳодисаи дигаре рух дод, ки бори дигар ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва беқадрию беҳуқуқии муҳоҷири тоҷик дар хориҷ аз кишварро ба намоиш гузошт. Дар ҳамин рӯз ҳангоми рейди Хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Санкт Петербурги Русия, кӯдаки панҷмоҳаи муҳоҷирони тоҷик Рустам Назаров ва Заррина Юнусова – Умаралӣ Назаров аз падару модараш  гирифта шуда, субҳи рӯзи баъд ҷасади беҷони ӯ ба онҳо дода мешавад.

  Ду масъала яке бетаваҷҷӯҳӣ ва бепарвоии мақомоти полиси Русия нисбати марги кӯдаки 5 – моҳаи тоҷик ва боз нашудани парванда нисбати ин ҳодисаи мудҳиш ва дигарӣ хомӯшии мақомоти расмии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҳодиса, сабаби эътирозҳои зиёди ҷомеаи Тоҷикистон тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто ташкили пикет ба ин муносибат гардид. Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон низ бо нишони эътироз ба ин воқеа тасмим гирифтанд, ки як саҳифаи нашрияашонро бо ранги сиёҳ чоп кунанд.

  Аммо баъди гузаштани бештар аз як моҳ модари Умаралӣ Назаров бар асоси қарори Суди шаҳри Санкт Петербург ҳамроҳи часади писари панҷмоҳааш аз қаламрави Русия ихроҷ шуд ва дар фурӯдгоҳи Тоҷикистон ҳеч як аз мақомоти расмӣ ин оилаеро, ки мусибати онҳо ҷомеаи Тоҷикистонро ба дард овард, ба пешвозаш нарафтанд.

Қонуни «Пешвои миллат»

   Баъди моҳҳо овозаҳо, Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар таърихи 9 – декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро қабул намуда, расман ба Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”- ро пеш аз ба поён расидани соли 2015 мелодӣ “тӯҳфа” намуд. Парлумони Тоҷикистон зимни баррасии ин масъала рекорди “таърихӣ” нишон дода, беш аз 30 вакил барои таърифу тавсиф ва шоиста будани Э. Раҳмон барои соҳиб шудан ба ин унвон, баромад намуданд. Худи Э.Раҳмон ин қонунро дар таърихи 25 – уми декабр имзо намуд ва ҳамин тариқ барои якумра худро “Пешвои миллат” – и Тоҷикистон эълон кард.

  Маълум нест дар моҳҳо ва солҳои минбаъда Эмомалӣ Раҳмон чӣ унвонеро ба худ сазовор мебинад, аммо дар ҷаҳони мутамаддин ва ҷомеаҳои демократӣ баландтарин унвон ва мақом, мансаби раиси ҷумҳурӣ аст, ки онро афроди шоиста тариқи интихоботҳои озод ва шаффоф ба даст меоваранд. Ба эътирофи яке аз масъулони ниҳоди тобеъи ҳукумати Тоҷикистон

Нотаи Вазорати хориҷии Тоҷикистон ба Эрон

 Дар рӯзҳои охири соли 2015 номи ҲНИТ ва раиси он дубора дар сархатти хабаргузориҳо ва расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт. Ин бор Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ва рӯзи 29 – уми декабр Вазорати корҳои хоричаи Тоҷикистон аз даъват шудани раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба Конфронси “Ваҳдати исломӣ”, ки дар Теҳрон баргузор шуд, эътироз намуда, иштироки ӯро дар баробари мақомоти расмии Тоҷикистон, хилофи дӯстии ду кишвар арзёбӣ карданд.

  Аммо бар хилофи интизориҳои ҳукумати Тоҷикистон, ширкати раиси ҲНИТ  дар ин Конфронси байналмилалӣ ва суханронии ӯ дар миёни намояндаҳои беш аз 50 кишвари дунё, ҳодисае буд, ки баҳси ҲНИТ ва ҳузури ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии кишвар ва сатҳи байналмилалро, ба охирин воқеае табдил дод, ки соли 2015 –ро бо соли нави мелодии 2016 пайванд дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

general.images