Тоҷикистон дар гузориши СФҲ, саркӯбгари озодандешӣ ва арзишҳои инсонӣ эътироф шуд

Созмони Фридом Ҳаус ё ҳамон Хонаи Озодӣ дар гузориши ҷадидаш Тоҷикистонро кишвари саркӯбгари озодӣ ва дигарандешӣ хонда, ҳокимони онро худкома номидааст ва вазъи ҳуқуқи башар аз ҷумла мухолифонро вахим эътироф кардааст.

Созмони Фридом Ҳаус ё ҳамон хонаи озодӣ дар гузориши ҷадидаш Тоҷикистонро кишвари саркӯбгари озодӣ ва дигарандешӣ хонда, ҳокимони онро худкома номидааст ва  вазъи ҳуқуқи башар аз ҷумла  мухолифонро вахим эътироф кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон монанди ҳамеша ин гузоришро ғаразнок хонда, гуфтааст ки озодӣ ва дигарандешӣ дар Тоҷикистон комилан озод аст. Дар ҳоле ки ҳама медонанд ин сухан дурӯғи маҳз аст ва зиндонӣ шудани 14 нафар бегуноҳ, ё Бузургмеҳр Ёров ки фақат мехост аз лиҳози ҳуқуқӣ зиндониёнро ҳимоят кунад, ба ҳабсҳои тӯлонӣ ва дар зиндони шароиташ сахт бераҳмона зиндонӣ шуд.

Ба гузориши  хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Радио Озодӣ, Созмони Фридом Ҳаус дар гузориши худ бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" мегӯяд, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст. Аммо масъулони ҳизби ҳокими халқӣ демократи Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ба ӯҳда дорад, ин гузоришро "якҷониба ва ғаразнок" арзёбӣ карданд.

Дар гузориши созмон бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" омадааст, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст.

Сара Репуччӣ, сухангӯи созмон дар шаҳри Ню Йорк мегӯяд, озодиҳо то кунун фазои табъизомез дошт ва вазъ ҳар сол бадтар мешавад. “Мо имсол бахусус аз идораи интихоботи порлумонӣ ва интихоботи маҷлисҳои минтақавӣ ва маҳви мухолифони озодандеш дар маҷлисҳо нигарон ҳастем. Ҳам аз онки созмонҳои ғайриҳукуматиро “гумоштаи хориҷӣ” ё ғайриқобили қабул номида аз ин роҳ созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ё садоҳои мустақилро хомӯш карданд.” (Озодӣ)

Хонаи Озодӣ дар бораи авзои ҳуқуқи инсон ва озодиҳо дар кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукуматҳо дар ин минтақа “дар миёни нобасомониҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барои тақвияти нерӯи худ гомҳои дигар бардоштаанд.”

Элен Агекиён, намояндаи созмон гуфт, ки озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 2016 маҳдуд шудаанд ва кишвар дар гузориши имсола нишондодҳои бисёр бад дорад. Элен Агекиён гуфт "Маҳдудтар шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, маҳви комили садои мухолифон, расонаҳои мухолифон, расонаҳои мустақил, хомӯш кардани ҷомеаи маданӣ мушоҳида шуд".

Дар гузориши созмон ҳамчунин омадааст, ки “раъйпурсӣ роҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳукумати номаҳдуд дар кишвар боз мекунад ва поин овардани синни номзад ба мақоми президент, як ҳаракате барои ҷойгузини худ кардани писараш аст”. Дар ин гузориш маҳкум ба зиндон шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар соли гузаштаро ҳам зикр кардаанд. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ бо 49 кишварро “ноозод” номидааст, ки 36 дар сади аҳолии кураи Замин дар онҳо зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам дар байни ҳамин кишварҳои ноозод аст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбии созмони “Фридом Ҳаус” аз вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистонро "якҷониба ва ғаразнок" хонд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар фазои сиёсии Тоҷикистон 7 ҳизб озода фаъолият дошта, барои фаъолияти озоди расонаҳову шабакаҳои мустақил шароит фароҳам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон фарде бисёр бераҳм аст ва барои ҳифзи қудраташ, на танҳо мухолифон, балки аъзои хонаводаи худро қурбонӣ мекунад агар лозим шавад ин корро анҷом диҳад.

Манбаъ: Озодӣ

general.images