Тоҷикистон баъд аз тӯҳматҳои фаровон алайҳи Эрон, дасти ниёзу гадоӣ ба тарафи он дароз мекунад

Аммо баъд аз Аҳмадинажод, ки Эрон дигар ба Эмомалӣ Раҳмон пул намедод, аз тарафи Арабистон пул гирифт ва душманӣ алайҳи Эронро оғоз кард.

Эмомалӣ Раҳмон шахси пулпараст, дунёдӯст, қудратталаб ва худхоҳ аст. Ӯ ҳамеша худро ҳақ ба ҷониб медонад ва ғайри худро ҳар касе ки бошад хатокору муҷриму ҷинояткор мехисобад. Пулпарастии Эмомалӣ Раҳмон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва ҷаҳон медонад, ки Э.Раҳмон худое ҷуз пул надорад. Ӯ пулро мепарастад ва барои пул ҳар коре ки бошад- фарқ намекунад ваҳшигарӣ бошад ё ҳайвонигарӣ- ҳатман онро анҷом медиҳад. Намунаи боризи пулпарастии Эмомалӣ Раҳмонро фурухтани замини Тоҷикистон ба Чин, фурухтани бойгариҳои зеризаминӣ ва конҳои қиматбаҳое чун тилло ба Чин ба ҳисоб овард. Дар урф мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон барои пул ҳозир аст, ҳатто зану фарзандони худро бифурӯшад, ҳамонтавре ки Ватан-модарро ба Чин фурухт.Намунаи дигаре аз пулпарастии Эмомалӣ Раҳмонро метавон даврони президентии Аҳмадинажод дар Эрон ба шумор овард. Аҳмадинажод ба Эмомалӣ Раҳмон пулҳои калон медод. То вақте ки Аҳмадинажод президенти Ҷ.И.Эрон буд, Эрон кишвари бародар, дӯст, ҳамфарҳанг, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамдил буд ва Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз он таърифу тамҷид карда, ёру дӯсту бародар мехонд. Аммо баъд аз Аҳмадинажод, ки Эрон дигар ба Эмомалӣ Раҳмон пул намедод, аз тарафи Арабистон пул гирифт ва душманӣ алайҳи Эронро оғоз кард ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишвари дӯсту бародар, ба кишвари душману бегонаю пуштибони террорист ва бадхоҳи давлати Тоҷикистон хусусан Эмомалӣ Раҳмон табдил шуд. Ва Э.Раҳмон гаштаю баргашта бо суханҳои худ ва бо сохтани филмҳои пур аз тӯҳмат алайҳи Эрон, Эронро як кишвари террористу террористпарвар муаррифӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон боз дубураш дар тангӣ задааст, дубора дасти ниёз ва гадоӣ ба Эрон дароз мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони нақби “Истиқлол” вориди гуфтушунид шуд. Ҳукмати Эмомалӣ Раҳмон, ки худ инжинер надорад ва дар тӯли 25 соли ҳукуматаш ҳатто як муҳандисе ки аз ӯҳдаи сохту соз барояд натавонист тарбият кунад, дасти гадоӣ ва ниёз бо забони кӯтоҳу пешонии пур аз арақи шарм – ба хотири тӯҳматҳои нораво ба Эрон – бо Эрон вориди музокира шудааст. Инсон ҳарчи қадар мағруру мутакаббиру пур аз ғурур бошад, ниёз гардани ӯро хам мекунад ва барои бароварда шудани он ҳатто агар лозим бошад, зонуи адаб зада бо ҳамаи вақоҳатҳову ҷасоратҳову беадабиҳо аз душмани худ муҳтарамонаю муаддабона дархост мекунад. Инак ҳукумати Э.Раҳмон бо ҳамаи шармандагиаш ба Эрон гардани хам карда, дасти ниёзу гадоӣ дароз мекунад. Ин аст оқибати мағрурону мутаккабирон!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки барои анҷом додани лоиҳаи сохтмони нақби "Истиқлол" 8 миллион доллари дигар лозим мебошад. Сохтмони нақби “Истиқлол” 12 сол пеш аз ҷониби Эрон шурӯъ шуда буд. Ҳаҷми сармояи ин лоиҳа 40 миллион доллар будааст, ки 7,8 миллион доллараш ҳиссаи Тоҷикистон мебошад. Суҳроб Мирзоев мегӯяд, Вазорати нақлиёт бо ҷониби Эрон барои насби дастгоҳҳо дар нақби “Истиқлол” гуфтушунид дорад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images