Тоҷикистон бадтарин кишвари пасошӯравӣ ва ОМ дар шохиси рушди инсонӣ

Тоҷикистон дар шохис нави рушди инсонии Созмони Милал дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Тоҷикистон дар шохис ё индекси нави рушди инсонии Созмони Милал дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин ҷой гирифтааст. Ин шохис бар асоси маълумот дар бораи сатҳи зиндагӣ, ҷойи кори муносиб, дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ, мизони фақр ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) таҳия гардидааст.Бино ба иттилои Сандуқи Байналмилалии Пул, дар соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар аҳолии Тоҷикистон ба 2 ҳазору 982 доллар баробар будааст. Дар ҳоле ки ин рақам дар Русия 25 ҳазору 185, дар Қазоқистон 24 ҳазору 176 ва Туркманистон 17 ҳазору 72 долларро ташкил додааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон низ ба сари ҳар аҳолӣ нисбат ба Тоҷикистон 1000 доллар бештар будааст. (Озодӣ)Эмомалӣ Раҳмон, аз ӯҳдаи идораи кишвар набаромад ва Тоҷикистонро ба як ботлоқе табдил кард, ки аҳолии он ҳамеша дар ранҷу азобу фақранд ва ҳуқуашон поймол мешавад ва мансабдорон монанди ҳайвон бо онҳо бархӯрд мекунанд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images