Тоҷикистон - арсаи рақобати Эрон ва Арабистон

Равобити диплумотики байни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоли барҳам хӯрдан аст; ки даъвати раиси ҲНИТ, Кабирӣ ба Эрон ва дар паи барнгехта шудани хашми мақомоти тоҷик аз сӯе ва эҳтимоли даст доштани Арабистони Саудӣ дар ин сардии равобит аз сӯи дигар, далоили ин сардӣ метавонад бошад.

Равобити диплумотики байни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоли барҳам хӯрдан аст; ки даъвати раиси ҲНИТ, Кабирӣ ба Эрон ва дар паи барнгехта шудани хашми мақомоти тоҷик аз сӯе ва эҳтимоли даст доштани Арабистони Саудӣ дар ин сардии равобит аз сӯи дигар, далоили ин сардӣ метавонад бошад.

Рӯйдоде, ки нақши чолишбарангезеро дар ин равобит дошт, дар торихи 27-29 декабр дар пойтахти Эрон ба вуқӯъ пайваст. Замоне ки конфронси солонаи “Ваҳдати исломӣ”, дар Теҳрон  баргузор шуд ва дар он намояндагоне аз Тоҷикистон низ ширкат намуданд. Дар ин конфронс,  ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода, мудири Маркази мутолеоти исломӣ, Файзулло Баротзода ва муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода давъат шуда буданд. Аммо нафари чаҳорӯмини ширкаткунанда раиси ҳизби мамнӯаи Наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ буд.

Лозим ба ёдоварист, ки чанд моҳ пеш, дар Тоҷикистон, фаъолияти яке аз бузургтарин аҳзоби сиёсии мухолифи кишвар расман мамнӯъ гардида буд. Давлати Тоҷикистон, ҲНИТ-ро ба талош ба баҳам задани низоми сиёсӣ муттаҳам намуда ва онро аз зумраи ҳаракатҳои ифротӣ-террористӣ донист.

Дар натиҷаи ин иқдом, нисбати раҳбари ин ҳизб, ки дар Олмон паноҳанда шудааст, парвандаи ҷиноӣ ташкил дода шуд ва иттиҳоми ҳимоятии молии Кабирӣ аз қиёми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъро боиси ин иқдом баршумурдаанд; мавзӯе, ки ба таври мукаррар “Правда” ба ин он ишора намуда ва ин масъаларо фақат дорои рӯйкарди сиёсӣ дониста ва иттиҳомотро беасос дониста буд.

Ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар ин конфронс аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, ба унвони як чолиш маъно шуд, ки дар паи он, 29-декабр, сафири Эрон дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон даъват гардида ва ба вай ёддошти эътирозомези низ таҳвил дода шуд, ки дар он ёддошт, рафтори баргузоркунандагони конфронс, ғайри қобили таҳаммул дониста шуда буд ва низ дар он ёддошт аз ҷумла ин назар иброз дошта шуда буд, ки “ин гуна рафторҳо метавонад таъсири манфӣ бар робитаҳои ду кишвар бигзорад”. Ҳамчунин бо лаҳне шадидтар Кумитаи дини Тоҷикистон низ бархӯрд намуд, ки дар он Эрон ба унвони ҳомии террористон ёдоварӣ мешуд. Дар навбати худ, муфтӣ низ дар намози ҷумъаи 1-январ, Теҳронро ҳомии хиёнаткорон номида гуфт, “Ҳоло маълум шуд, чӣ касе пуштибон ва ҳомии террористон будааст!”

Ҳарчанд дар ин рафторҳо, таноқузгӯиҳои мақомоти тоҷик ба чашм мехӯрад, аммо дар аксҳои мунташиршуда аз ин конфронс, мушоҳида мешавад, ки Кабирӣ дар канори намояндагони тоҷик нишаста ва ҳатто дар ҳошияи конфронс бо бархе аз ин намояндагон сӯҳбатҳои дӯстонае низ доштааст.

Ҳамаи ин рӯйдодҳо метавонист камаҳамият ҷилва кунад, магар ин ки ҳангоми таҳвили ёддоошти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон Кабириро ба ҳузури худ, пазируфт, ҳарчанд ҷузъиёти ин мулоқот мунташир нашудааст, аммо бисёре аз расонаҳои расмии Эрон аксҳои мулоқоти Кабирӣ бо раҳбари Эронро мунташир сохтанд, ки шояд ишора ба ин маъно дошта бошад, ки тарафи эронӣ, агарчи аз аксуламали эҳтимолии Душанбе бохабар буда, вале гоме огоҳона бардоштааст.

Ҳоло, чӣ боиси ин масъала шудааст? Дар сурате ки ба назар мерасид, ду кишвар ба муддати тӯлонӣ иртиботи мустаҳкам ва равобити дӯстонае бо ҳам доштанд. Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт; дар солҳои ҷанги дохилӣ, Теҳрон аз Иттиҳодияи мухолифин ҳимоят намуд, ки зери ливои ҲНИТ амал мекард, бо вуҷуди он ки як робитаи сиёсии ҳисобшудаеро бо давлати Тоҷикистон низ ҳифз менамуд. Эрон аз ҷумла кишварҳое буд, ки дар канори Русия ҷиҳати сулҳу оромиши Тоҷикистон талошҳои бевафқа дошт ва натиҷаи он, имзои созишнома ва сулҳ байни тарафҳои даргир да соли 1997 гардид. Аз он ҳангом Эрон ба унвони шарики иқтисодӣ ва сармоягузори аслии барномаҳои иқтисодии Душанбе ба шумор меравад. Бо ҳимоятҳои молии Эрон, сохтмони ниругоҳи Сангтӯда ба сомон расида ва кандани нақби Истиқлол анҷом гирифтааст.

Эрон зимни ҳифзи нақши ёдоварикунандаи худ нисбат ба давлати Тоҷикистон дар робита ба бандҳои созишномаи сулҳи 1997, ҳамкориҳои худ бо давлати Тоҷикистонро густариш дода ва ба бархурдҳои хашини давлат нисбат ба мухолифон низ гоҳан аксуламале аз худ нишон намедод, ки метавон ба ҳиҷрати Кабирӣ аз Ватан ишора намуд, ки дар он, на ба Эрон балки аз тариқи Туркия вориди хоки Аврупо гаштааст ва Эронро ба унвони иқоматгоҳи худ дар ин марҳала барнагузидааст.

Ба назар мерасад, ҳама чиз пас аз мамнӯияти фаъолияти ҲНИТ оғоз гардид, агарчи баёнияи расмие аз ҷониби Эрон дар робита ба ин мавзӯъ содир нагаштааст, вале дар расонаҳои тоҷикӣ, таблиғоти зиддиэронӣ шиддатгирифт. Ҳаттто дар сафҳаи яке аз расонаҳои давлатӣ, мақолае бо мазмуни эронҳаросӣ чоп гардид, ки дар он аз Эрон ба унвони ҳомии ҷаҳонии терроризм ёд мешуд ва ҳамчунин ин матлаб зикр гашта буд, ки гӯё Эрон ҳомии аслӣ ва гардонандаи талошҳо барои нооромиҳо ва таҳаввулоти соли 2015 дар Тоҷикистон будааст.

Дар айни ҳол, эҷоди равобити ҳасана байни Душанбе ва Арабистони Саудӣ қобили таваҷҷӯҳ ба назар мерасад. Агарчи подшоҳии Арабистон аз пеш барои таҳкими ҷойгоҳи худ дар Тоҷикистон қадам мебардорад, ки номанигориҳои сафорати Арабистон дар солҳои 2011-2012, ки дар Викиликс мунташир шудаанд, гувоҳи бар ин матлаб аст ва дар он диплумотҳо нигарониҳои худ аз нуфузи Эрон дар ин кишварро иброз дошта ва таъкид намудаанд, ки бояд нуфузи ваҳҳобият – мазҳаби расмии Арабистон, дар ин кишвар густариш пайдо намояд. Гуфта мешавад, барои ин манзур 12 нафар аз коршиносон, аз ҷумла панҷ нафар устодон ба донишгоҳи ИсломииТоҷикистон роҳ пайдо намудаанд.

Аммо дар ин авохир, муносиботи Душанбе ва Риёз чеҳраи ошкортаре бар худ гирифт. Дар моҳи декабри соли гузашта, баҳси мулҳақ шудани Тоҷикистон ба эътилофи низомие, ки бо раҳбарии Арабистон ташкил шудааст, матраҳ гардид. Эътилофе, ки ба таври расмӣ барои мубориза бо терроризм ташкил шуда, аммо ҷиҳатгирии зиддиэронии он барои ҳамагон рӯшан аст. Ҳамчунин дар моҳи январи соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон сафари расмие ба Саудӣ дошт, ки дар мулоқот бо подшоҳи Саудӣ, Малик Салмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ишора ба мавзеи воҳиди ду кишвар дар робитаи бо масоили муҳимми ҷаҳон намуд. Мақомоти саудӣ бо истиқбол аз мавзеи Душанбе, ваъдаи кӯмакҳои чанд миллионӣ додаанд. Аз ҷумла, барои таъмири роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб, давлати Риёз 108 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.

Бинобар ин, даъвати Кабириро метавон посухи кӯбандаи Эрон ба тамоюли Душанбе ба самти Арабистон донист, ки мақомоти эронӣ дили хуше аз он кишвар надоранд.

Бо вуҷуди ин, эрониён дар садади барҳам додани муносиботи ду кишвар нестанд, ки метавон ба дароз намудани дасти дӯстии Эрон ба самти Душанберо дар чанд масъала аз ҷумла ба тасвиб расидани тавофуқоти дуҷонибаидифоии Дашунбе ва Теҳрон дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (порлумони Эрон) дар торихи 12-январ,  ва ба дидори сафири Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва таҳвили паёми Зариф вазири хориҷаи Эронро аз далели бар ин матлаб донист. Ба илова қарор аст, дар наздиктарин замон боздиди расмии муовини вазири хориҷаи Эрон аз Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам сиёсати зиддиэронӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар суханронии солонаи худ Раҳмон ишора ба “бархе кишварҳо” намудааст, ки аз тариқи нуфузиҳои худ дар паи амалӣ сохтани аҳдофи худ дар ин кишвар ҳастанд ва низ ишорае ба нооромиҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон дошта, хоинони миллат ва ҳомиёни хориҷии онон сабабгори аслии ин нооромиҳо баршумурдааст.

Бояд ин ҷо ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуд, ки дар натиҷаи ин рухдодҳо, Тоҷикистон ба саҳнаи рақобати байни ду абарқудрати Шарқи Наздик, Арабистон ва Эрон табдил шудааст. Агарчи аз ҳақиқати ин печи сардаргум ҳанӯз чизе рӯшан нест, аммо ҳадсу гумонҳое метавон зад, ки қиёми Абдуҳалим Назарзода, мамнӯияти фаъолияти ҲНИТ ва ба сардӣ гароидани равобити Эрон ва Тоҷикистон аз самараи ин рақобатҳо бошад.

Ин рухдодҳо зеҳнҳоро ба ҳаводиси мушобеҳе дар Нордорони Озарбойҷон мебарад, ки дар он боздошти як руҳонии маъруф, Боқиров, боиси даргириҳои хунин ва боздоштҳои зиёде гардид ва ба дунболи он, Боку билофосила сервисҳои махфии эрониро, ки гӯё ҳомии ифротгароёни шиъӣ мебошад, боису бонии он донист.

Ҳамчунин набояд аз ин матлаб ғофил буд, ки душманони Ҷумҳурии Исломӣ бо тавтиачиниҳо мехоҳанд Эронро мунзавӣ созанд. Тавтиае, ки метавонад барои кишваре мисли Тоҷикистон хасороти ҷуброннпазире ворид созад.

“Правда”, Сергей Кожемякин, Бишкек

general.images