Тоҷикистон аз Амрико то ба ҳол 2 миллиард долар кӯмак дарёфт кардааст

Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт таъкид кардааст, ки Амрико ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки аз гадогию талбандагӣ ор надорад ва ҳамеша мунтазири фурсате аст, ки як балое монанди селу заминларзаю ярч ба Тоҷикистон ояд, то ӯ фурсати талбандагӣ ва гадогиро аз кишварҳои хоричӣ бо фарёд кардани сафирони қароргирифта дар Тоҷикистон ва ироаи суханронии риққатангез барои ҷалб ва гадогию талбандагӣ ба даст орад.Ӯ бо ин равиш то кунун беш аз чанд миллиард доллар гадогӣ карда, дар ҳисоби бонки шветсарии худ рехта аст, аммо мутаассифона ҳатто як сенти онро ба осебдидагон надодааст. Яъне аз номи осебдидагон ба коми худ истифода бурдааст.Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ба ҳол ба Э.Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон ду миллиард доллар кӯмак кардааст. Тасаввур кунед, фақат Амрико ду миллиард доллар! Аз кишварҳои дигар чӣ қадар тавонистааст гадогӣ ва талбандагӣ кунад?!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт зимни суханрониаш бахшида ба ҷашни истиқлолияти кишвараш таъкид кардааст, ки Амрико ба Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар кумак кардааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images