Тоҷикистони торикистон дар фикри афзоиши содироти барқ ба Афғонистон!

Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин сарбарнд дар Осиёи Марказӣ аст ва қобилияти таъмини барқи натанҳо ҳамаи Тоҷикистон, балки чанд кишвари атрофи онро дорад, аммо белаёқатӣ ва нокифоятии Эмомалӣ Раҳмон онро ба ҳадде расондааст, ки короӣ надорад ва бештари моҳҳои сол аксари аҳолии Тоҷикистон аз барқ маҳрум буда, дар торикистонанд.

Аммо хандадортар ва дардноктар он аст, ки бо инки аҳолии Тоҷикистон аз набуди барқ ранҷ мебаранд ва дар зимистони қаҳратун – ки ҳам аз барқ маҳрум буда, ҳам аз гармо маҳруманд - рӯзи сиёҳ доранд ва басони инсонҳои давраи ғорнишинӣ дар торикию сармо зиндагӣ мекунанд, Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.

Ҳаққо ки Эмомалӣ Раҳмон инсони нолоиқ, худмеҳвар ва шикампарвар аст ва фақат дар фикри худ ва оилаи худаш аст, дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон барқ надоранд, ӯ чун худ барқ дорад, барқро ба Афғонистон содир карда, аҳолии худро монанди як душмани бадхоҳ дар торикӣ ва сармо бебарқ мемонад.

Оё номардӣ, худхоҳӣ ва ноодамӣ аз ин бештар мешавад, ки аҳолии худро аз саҳми барқе ки доранд, маҳрум кунад ва ҳаққи онҳоро ба Афғонистон бифурӯшад?! Эмомалӣ Раҳмон намунаи боризи номардӣ, нокасӣ ва душмани бадхоҳе аст ки дар либоси президент ба мардумаш хиёнат карда, бар решаи онҳо теша мезанад!

Агар мардуми Русия чунин президенте медоштанд, ҳалқаовезаш мекарданд ва оилаашро ба хоки сиёҳ мешинонданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон бар сари мардуми Тоҷикистон чунон балою фалокат овард ва ҷавонмардони ин миллатро нест карду ба «ДЖУМШУДУ РАВШАН» табдил кард, ки умедро аз ин миллат гирифт ва ин миллатро нобуд кард.

Тоҷикистон дар соли 2019, 1 млрд 458,2 млн кВт барқ ба маблағи 60,6 млн доллар ба Афғонистон содир кард, дар ҳоле ки бештари манотиқи Тоҷикистон аз барқ маҳрум буданд. Ногуфта намонад, ки дар соли 2019 (бино ба иттилооти сомонаи Регнум) Узбакистон 1 млрд 425,1 млн кВт барқ аз Тоҷикистон *бо нархи 2 сент* барои ҳар киловат дарёфт кард ва ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ба аҳолии худ ҳар киловат барқро бо нархи 2,3 сент ***фурухт!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Энергохолдинг «Барки Точик» планирует в 2020 году поставить в Афганистан 1 млрд 588 млн кВт•ч электроэнергии на общую сумму порядка 70 млн долл. Об этом журналистам сообщил глава компании Мирзо Исмоилзода.

Отмечается, что за 2019 год Узбекистан получил 1 млрд 425,1 млн кВт•ч электроэнергии на сумму 28,5 млн долл., при том, что стоимость одного киловатта составляла лишь 2 цента. Для сравнения себестоимость производства электроэнергии таджикистанскими ГЭС, по подсчетам «Барки Точик», составляет 2,8 цента, а граждане Таджикистана покупают ее за 2,3 цента.

Манбаъ: https://regnum.ru/news/economy/2856909.html

Сиддиқи Акбар

general.images