Торихи оғози муҳокимаи аъзоёни ҲНИТ эълом шуд

Муҳокимаи аъзоёни раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз рӯзи 9-феврал оғоз мегардад. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-феврал ба муҳокимаи 13 нафар аз аъзоёни раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ оғоз менамояд.

Муҳокимаи аъзоёни раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз рӯзи 9-феврал оғоз мегардад. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-феврал ба муҳокимаи 13 нафар аз аъзоёни раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ оғоз менамояд.

Додгоҳ ба хотири махфӣ будани парвандаи муттаҳамон, дар пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд, ки дар он ба ҷуз вакили мудофеъ ва як нафар аз наздикони муттаҳам ширкат нахоҳанд дошт.

Лозим ба ёдоварист, 13 нафар аз аъзоёни раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли гузашта, билофосила баъди фурӯ нишондани ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода – муовини вазири дифоъ, боздошт шуда буданд.

Дар паи ин ҳодиса, мақомот ҲНИТ ва раҳбаронаш, аз ҷумла, раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯби муовини вазири дифоъ айбдор дониста ва ин ҳизбро ба рӯихати созмонҳои террористӣ шомил намуданд ва фаъолияти онро низ расман мамнӯъ сохтанд.

Дар ҳамин робита, Комиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико, дар ибтидои моҳи ноябр, дар як гузориш гуфта буд, дар чанд моҳи охир, дар Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ низ қарор гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби муовини вазири дифоъ, генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои қатъи фаъолияти ин ҳизби мухолиф шудааст.

 

general.images