Теъдоди бекорон дар тоҷикистон 58 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

Теъдоди ҷамъияти бекорон дар Тоҷикистон, бар асоси омори авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ, 58 ҳазор

 Теъдоди ҷамъияти бекорон дар Тоҷикистон, бар асоси омори авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ, 58 ҳазор гузориш шудааст, ки дар ин маврид Кумитаи омори байнидавлатии Кишварҳои Муштаракулманофеъ таҳқиқ анҷом додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, теъдоди бекорҳое, ки ишора шудааст 1,2%  ҷамъияти фаъоли кории кишварро ташкил медиҳад. Ин рақам 2,1% бештар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта мебошад.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди ҷои кори холӣ, ки тавассути бунгоҳҳои кории Тоҷикистон эълом шудааст, 7,6 ҳазор мебошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба додаҳои омории кишварҳои муштаракулманофеъ, поёнтарин мизони бекорӣ дар муддати мазкур, барои ҷумҳурии Озарбойҷон сабт шудааст, ки 29 ҳазор нафар мебошад. Ин теъдод шомили 0,6 % ҷамъияти фаъоли кории кишварро дар бар дорад.

(Таҳияи Рустами Суҳробниё)

general.images