Таҷриба нишон дод, ки ҳам Э.Раҳмон ва ҳам вазиронаш олимони қалбакианд

Пойгоҳи "Диссернет” дар бораи дастикам 5 мавриди рисоладуздии олимони тоҷик хабар медиҳад, вале мегӯяд, шумори аслии чунин дуздиҳои илмӣ дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб бештар бошад.

Чанд рӯзе мешавад, ки дастикам 5 олими тоҷики асрдузд дар интернет сарусадое барпо карда, асрдуздии донишмандони тоҷикро таъйид карданд. Агар ин ҳақиқат дошта бошад, ки қатъан ҳақиқат дорад, суолҳо ва шубаҳои зиёде дигар донишмандони тоҷикро фаро мегирад, аз ҷумла инки вазироне ки иддао доранд худро номзади илм дониста садҳо шогирд тарбият кардаанд, оё онҳо низ асардуздӣ кардаанд? Ва ё китобҳои зиёде ки аз арабию тоҷикию таъриху тарҷумаи Қуръон, ки ба номи Эмомалӣ Раҳмон чоп шуда, дар ҳамаи ҷо пахш шудааст, оё онҳо низ дуздӣ бошанд, ё инки худи Э.Раҳмон воқеан босавод аст ва худаш навишта аст?Дар ҷавоб ба суолҳои боло метавон гуфт, ки таҷриба нишон дод, ки вазирони Эмомалӣ Раҳмон, монанди Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон як марди бесавод аст ва иддаои ӯ дар бораи шогирдпарварӣ ва навиштани асарҳои илмӣ дурӯғе беш нест; чароки аз сӯҳбати ӯ дар ҷавоби хабарнигори русзабон маълум шуд, ки чӣ қадар савод дорад. Ӯ ҳатто ба андозаи як кӯчагарди дарснохонда натавонист русиро сӯҳбат кунад, аммо бо вуҷуди ин бесаводӣ ва надонистани забони русӣ чӣ тавр ҷуръат кард бесаводона бо забони русӣ гап занад ва худу вазорату давлатро масхараи ҷаҳон гардонад ва обрӯи тоҷикро дар ҷаҳон паст занад. Чӣ тавре ки мегӯянд: “сухан муаррифи шахсият ва саводи инсон аст”, Нуриддин Саид (вазири маориф ва илми Э.Раҳмон) бесавод аст ва агар асари илмие ба номи ӯ бошад, қатъан асардуздӣ ё суфоришӣ навишта шудааст. Барои дидани видео ба ин нишона муроҷиа шавад: https://www.youtube.com/watch?v=8-Tw7oZz2pAВазири дигари Э.Раҳмон, Бег Зуҳур аст, ки бесаводии ӯ шуҳраи ҷаҳон аст ва видоеи суҳбати ӯ дар ютюб бесаводии ӯро ба намоиш гузоштааст. Кофӣ аст дар ютуб суҳбати вазири алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳурро бо шахсе ки худро намояндаи Цукерберг, асосгузори шабакаи иҷтимоии маъруфи Фейсбук, муаррифӣ карда, бибинед. (https://www.youtube.com/watch?v=4dY5XdfMlG4, https://www.youtube.com/watch?v=Kx5utmrUO9A) Аммо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, ки асарҳои зиёде аз таъриху, тарҷмуаи Қуръон ва ғайра ба номаш сабт шудааст, чунин ба назар мерасад, ки дигарон онро навиштаанд ва ба Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд, то ҳам пул ба ҷайб зананд ва ҳам инки китобашон ба чопи анбӯҳ расида, дастраси мардум қарор гирад. Эмомалӣ Раҳмон ғайр аз майнӯшӣ, кайфу сафою айёшӣ ҳунари дигаре надорад. Ӯ ҳатто тариқаи сӯҳбат карданро намедонад, чӣ тавр чунин фарде китобҳои зиёде менависад, дар ҳоле ки худ баҳрае аз илм надорад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Пойгоҳи "Диссернет” дар бораи дастикам 5 мавриди рисоладуздии олимони тоҷик хабар медиҳад, вале мегӯяд, шумори аслии чунин дуздиҳои илмӣ дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб бештар бошад. Ин бори аввал нест, ки масъалаи мисли замбурӯғи баъди борон зиёд шудани шумораи номзадҳову докторҳои илм аз Тоҷикистон мавзӯи баҳс ҳатто дар сатҳи давлатӣ мешаванд.Ду сол пеш ҳатто сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар як нишасти илмӣ изҳори ҳайрат карда буд, ки чаро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ин кишвар аз нигоҳи шумораи рисолаҳои докторӣ аз бузургтарин марказҳои илмии Русия пешдасттар шудааст? Медведев моҳи августи соли 2016 гуфта буд: "Ягон ҳарфи бад гуфтанӣ нестам, вале ҳамчун далел инҷо меорад. Дар ҷойҳои якум ва дуюм Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон истодаанд. Ҳар кадоми онҳо дар соли 2015 40 рисолаи докториву номзадӣ доранд. Ин чизест, ки бояд ба он машғул шуд ва рӯяш фикр кард.”Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images