Таҷовузи Э. Раҳмон ба “ҳудуди Илоҳӣ” ва “шаоири динӣ”!

Эмомалӣ Раҳмон сабабгори рӯзахӯр шудани мардум ва афзоиши нархҳо дар арафаи моҳи Рамазон

Моҳи Рамазон моҳи муборак ва моҳи шарифе аст, ки ҳамаи мардуми ҷаҳон новобаста аз дину мазҳабу рангу пуст ба он эҳтиром мегузоранд.

Моҳи мубораки Рамазон моҳе аст, ки баракатҳои зиёде дорад ва мусулмонони ҷаҳонро шоду шодмону хурсанд мегардонад.

Моҳи Рамазон дар Қуръон ба “шаҳруллоҳ” яъне “моҳи Худо” номгузорӣ шуда ва моҳе аст, ки Қуръон онро моҳи “нузули Қуръон” ва шаберо дар он “шаби Қадр” меномад, ки бо ҳазор моҳ (беш аз 80 сол) баробарӣ мекунад.

Моҳи муборак, шариф ва бобаракати Рамазон ки дар назди ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муқаддас аст ва ҳама ба он эҳтиром мегузоранд, мутаассифона тавассути Эмомалӣ Раҳмон ҳурматшиканӣ шуда, мавриди тавҳини соҳибмансабони Тоҷикистон аз ҷумла Э.Раҳмон қарор мегирад.

Намунае аз ҳурматшикании Эмомалӣ Раҳмон ба моҳи мубораки Рамазон

Эмомалӣ Раҳмон ҳурмати моҳи мубораки Рамазонро ба роҳҳои гуногуне мешиканад ва ба он беҳурматӣ мекунад, ки иборатанд аз:

1.Боло бурдани нархи хӯрокиҳо;

Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки ба истилоҳи мардум “ба ҷогаи мардум” низ кор дорад ва дар ҳамаи корҳои мамлакат дахолати мустақим дорад. Ҳар чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад, комилан таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон аст ва то ӯ нахоҳад ҳеҷ касе аз пеши худаш нархҳоро боло намебарад.

Ҳамон тавр ки ба ҳама маълум аст, тамоми даромадҳои Тоҷикистон чӣ хӯрд ва чӣ калон ҳамааш аз тариқи Эмомалӣ Раҳмон ва ё яке аз духтарону домодҳояш мегузарад. Ба ҳамин хотир ҳамаи маҳсулоти хӯрокиро бо фармони Э.Раҳмон қимат карданд, то каме ҳам ки бошад хуни мардумро макад ва пули калоне бар ҷайб занад.

Аммо бо вуҷуди ин, аз афзоиши нархҳо интиқод мекунад, гӯё мусичаи бегуноҳ аст. Бибинед чӣ қадар бешарму беор аст, ки аз як тараф маҳсулотро қимат мекунад, аз тарафи дигар лаб ба интиқод мекушояд. Одам чӣ қадар бешарм бошад то ин корҳоро анҷом диҳад.

Як линча орд, ки пеш аз моҳи Рамазон 140 сомонӣ буд, барои Рамазон 250 сомонӣ шуд. Як килло гушт пеш аз моҳи Рамазон 40 сомонӣ буд, аммо барои моҳи Рамазон 55 сомонӣ шуд. Ва ҳамаи ин қиматшавиҳо бо назорати Эмомалӣ Раҳмон аст, вагарна тамоман қимат намешуд.

Эмомалӣ Раҳмон агар рост мегӯяду аз афзоиши нархҳо интиқод мекунад, чаро ҷилави ин қиматшавиро намегирад ва саркардаҳои ин қиматкарданҳоро, ки домодҳою писарҳову духтарону додарарусонашанд муҷозот намекунад?

2.Фатвои рӯзахӯрӣ додан ба мардум;

Худо инсонро офарид ва ниёзҳои ӯро беҳтар аз ҳама мешиносад, ба ҳамин хотир китоби роҳнамои беҳтар зистану беҳтар зиндагӣ кардан (Қуръон)-ро барояш фиристод, то инсон ба он амал карда, аз содату хушбахтии дорайн бархӯрдор шавад. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон яке аз он фармонҳое аст, ки инсонро месозад ва роҳи камолро барояш фароҳам мекунад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, аз пеши худ фатво бароварда, барои “я барбар” мардум рӯзахӯриро раво медонад. Инак чандумин соли пайопай аст, ки Э.Раҳмон фатвои рӯзахӯриро ҳамасола содир мекунад, ки соли пеш рӯзахӯрии беш аз 60 % аҳолии Тоҷикистонро раво дониста, коргарони Роғунро маҷбуран рӯзаашонро хӯронд!

Зидди Қуръон ва зидди моҳи Мубораки Рамазон фатво додан, ҳурматшикании ин моҳи шарифи Илоҳӣ аст! Эмомалӣ Раҳмон ба шикастани ҳурматҳо ва ҳарими Илоҳӣ одат кардааст, ки бастани масҷидҳову мадрасаҳо, манъи азону намозу Қуръон, мамнуъ кардани сатру ҳиҷоб ва тарошидани беш аз 13 ҳазор риши ҷавонмардон намунае аз ҳурматшикании “шаоири Илоҳӣ” ва таҷовуз ба “ҳарими Илоҳӣ” аст.

general.images