Таҳқиқоти парвандаи ҷиноии роҳбарони ҲНИТ идома дорад

Тавре ба хабаргузори Азия плюс, як манбаи иттилоотии Кумитаи амният гузориш карда, таҳқиқоти парвандаи ҷиноии аъзоёни ҳизби мамнӯаи Наҳзати Исломӣ тавассути коршиносони Кумитаи амният ва додситонӣ ба поёни худ наздик аст.

Тавре ба хабаргузори Азия плюс, як манбаи иттилоотии Кумитаи амният гузориш карда, таҳқиқоти парвандаи ҷиноии аъзоёни ҳизби мамнӯаи Наҳзати Исломӣ тавассути коршиносони Кумитаи амният ва додситонӣ ба поёни худ наздик аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, эҳтимол дорад, парвандаи онҳо барои баррасӣ ба суди олии кишвар то охири моҳи ҷорӣ ирсол шавад.

Аз ҳамакнун бархе аз боздоштшудагоне, ки дар ташкили шӯриши мусаллаҳонаи 4-сентябр, муҷрим дониста мешаванд, бо раванди судури ҳукм ошно шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон 17−уми сентаябри соли гузашта баёноти расмиеро дар робита бо боздошти бархе аъзоёни фаъоли ҲНИТ мунташир кард, раҳбарияти ин ҳизбро Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда дошт, ки ҳампаймони генерали шӯришӣ Назарзода шинохта шудааст.

Додситонии кул он замон қайд карда буд, ки дар шаби 3−4 сентябри соли 2015, собиқ ҷонишини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷиҳалим, бо қарори қаблӣ бо мудири ҳарбии Идораи тафтишоти вазорати дифоъ, Умаров Ҷунайдулло ва дигар чеҳраҳои ҷиноии собиқ низомиёни пойгоҳи ҳарбии 31001, баталйони 25−уми Вазорати дифоъ, нақшаи дақиқеро бо ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона бар зидди неруҳои мусаллаҳи давлатӣ, ки дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Рудакӣ ва Ваҳдат мустақар буданд, тарроҳӣ намуданд. Дар ҳамон рӯз, бо сӯистифода аз мавқеияти шуғлии худ, ба сохтмони идораи марказии дастгоҳи Вазорати дифои Тоҷикистон ворид шуда, миқдори зиёде силоҳ ва муҳиммоти ҷангиро бурдаанд.

Собит шудааст, ки Назарзода дар солҳои ахир, бо ҳадафи муҳаққақ сохтани ниятҳои ҷинояткоронааш бо дастури мустақими роҳбарияти ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, беш аз бист маврид, ҷиноятҳои гуногуни гуруҳиро раҳбарӣ мекардааст.

Охирин тасмими ҳамлаи мусаллаҳона дар августи 2015 гирифта шуд ва барои таҳаққуқи ин аҳдоф аз тариқи ширкатҳои ба истилоҳ хайрия, аз кишварҳои мушаххаси хориҷӣ пулҳои калоне ба онҳо расид.

Паси пардаи ҳамлаи мусаллаҳҳонаи 4-сентябр ба бахши Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва қатли коркунони ҳуқуқӣ, дар чорроҳи хиёбонҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт, ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ, дасти аъзоёни гуруҳи ҷиноии мазкур мебошад.

4-сентябри соли гузашта аз тарафи додситонии кулли Тоҷикистон нисбат  ба ташкилкунандагон ва ширкаткунандагони гурӯҳи ҷиноии мазкур, бар асоси модаи 187 (ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ), модаи 199 (силоҳрабоӣ, рабоиши муҳиммоти ҷангӣ, маводи тарканда), 104 (қатл), 181 (гаравгонгирӣ), 179 (терроризм), 329 (таҳдид ба коркунони ҳуқуқӣ ё низомӣ), 391 (сӯистифода аз қудрат ё мавқеияти шуғлӣ, иртиқо бахшидани ихтиёроти хидматӣ) мутобиқ бо кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил дод.

Барои дастгирӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳи ҷиноӣ тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тими вижае ташкил шуд ва амалиёти зиддитерористӣ оғоз гардид, ки дар ин амалиёт беш аз 600 фақара силоҳҳои мухталиф мусодира шуд.

Дар амалиёт шӯриши мусаллаҳона, 25 терорист халъи салоҳ ва 125 узви гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамдастонашон дастгир шуда буданд, аз ҷумла 28 нафар афроди маҳаллӣ ба хотири ҳамкорӣ бо онҳо дастгир шуданд. Дар раванди амалиёт 14 низ пулис ба қатл расиданд.

Чанд нафар аз аъзоёни гурӯҳи терористӣ изҳори пушаймонӣ карда, довталабона таслими неруи пулис шуданд.

Дар раванди таҳқиқот молу амлоки Назарзода мусодира шуд, ки иборат аз 9 ширкат, 9 манзили маскунӣ, 56 адад автомобил ва дигар дороиҳо буд. Илова бар инҳо 3 хонаи маскунӣ бо абзори сангини хоҷагии қишлоқ, сохтмонҳои дутабақае, ки 27 воҳид хона доштанд, 2 хонаи маскуние ки 20 утоқ дошт, 2 сохтмони нотамом, ширкатҳо ва дигар коргоҳҳои тавлидӣ, заминҳои кишоварзӣ 26 гектар, галаҳои калони гӯсфандон, ки мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ ва Ҷунайдулло Умаров буд, мусодира гардид. Дар маҷмӯъ мусодираи амволи аз афроди мазкур, беша аз 120 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи иҷрои амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар 16- сентябри 2015 баргузор шуд, иддае аз сардамдорони кушта шуданд ва иддае низ дастгир шуданд.

Бар асоси далелҳое, ки дар таҳқиқот ба даст омад, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз амалиёти минбаъдаи террористӣ ва бесубот кардани вазъият ва таъмини амнияти Тоҷикистон, теъдоде аз аӯзоёни ҲНИТ, ки ба ҳамкорӣ бо Назарзода гумонбар шинохта шудаанд, дастгир шуданд:

 

  1. Хисайнов Умаралӣ Фаттохович, соли таваллудаш 1961, ноҳияи Мӯъминобод, сокини шаҳри Душанбе;

  2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, соли таваллуд 1958, қишлоқи Таҳназар,  ҷамоати хоҷагии Меҳрободи ноҳияи Файзобад, сокини ш.Душанбе;

  3. Давлатов Абдуқаҳҳор Абдукаримович, соли таваллуд 1975, аҳли ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, сокини ш.Душанбе;

  4. Каримов Саттор Самадович, 1959 аҳли Кулоб, сокини ноҳияи Ҳисор;

  5. Розиқов Зубайдуллоҳ, 1946  аҳли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  сокини ш.Душанбе;

  6. Мухаммадалии Файзмуҳаммад, 1959 зодаи ноҳияи Панҷ, сокини ш. Душанбе;

  7. Ҳикматулло Сайфуллозода, 1950 зодаи ноҳияи Панҷ, сокини ш. Душанбе;

  8. Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, 1957 зода ва сокини ш. Душанбе;

  9. Авазов Қиёмиддин Курумҷонович, 1959 зодаи вахш, сокини ш. Душанбе;

  10. Хӯҷева Зарафо Раҳмоновна, 1973 зодаи ноҳияи Қумсангир, сокини ш. Душанбе;

 

  1. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, 1962 зода ва сокини ш. Кӯлоб:

  2. Ғайратов Абдусамад Исмоилович, 1962 зода ва сокини ш. Кӯлоб;

  3. Қосиддинов Воҳидхон, 1956 зодаи ҷамоати хоҷагии Чоркӯҳи шаҳри Исфара, сокини Душанбе.

 

Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29-сентябри соли гузашта ҲНИТ дар руйхати мақомот, ба унвони созмони экстримистӣ−террористӣ ворид карда шуд ва фаъолияташ расман дар маҳдудаи Тоҷикистон манъ гардид.

Ҳамчунин додгоҳ, чопи нашрияи ҳизбии “Наҷот”−ро манъ намуд ва ворид кардани пахши маҳсулоти савтӣ−тасвирӣ, рӯзнома, фаъолиятҳои фарҳангӣ ва пахши варақаҳои ин ҳизб ва сойти онро масдуд намуд.


general.images