Таҳрифи таърих аз суи Эмомалӣ Раҳмон: Мо бо ҲНИТ сулҳ накардаем

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш бахшида ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ гуфт “ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо” накардааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш бахшида ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Конибодом баргузор гашт гуфт “ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо” накардааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки Ваҳдати миллиро дар Конибодом ҷашн мегирад изҳор кард, аввали солҳои 90-уми асри гузашта “бадхоҳону хоинони миллати тоҷик” Тоҷикистонро “ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд”.Ӯ боз ба “мазҳаби бегона”, “давлати исломӣ” “хоҷагони хориҷӣ” пардохт ва гуфт “бори дигар таъкид месозам, ки душманони миллати тоҷик бо дасти хоинону зархаридорони худ нақшаи ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона ва дар Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломиро доштанд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд.”Ба гуфтаи ӯ “дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд”.Вале нагуфт ин афроди дурандешу ватандӯст аз як ҷониб буданд ё ҳарду ҷониб. Ба ҳар ҳол тибқи гуфтаи раисҷумҳур ин гурӯҳ аз ҲНИТ набудаанд. Ӯ гуфт “мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд”.Ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми созишномаҳое, ки ҳукумат бо мухолифин имзо кардааст, бо имзои Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасвиб гардидааст.Албатта шояд як аср қабл имкон дошт таърихро аз нав навишт. Вале тамоми он ҳуҷҷатҳо ва созишномаҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет маҳфуз шудаанд ва Эмомалӣ Раҳмон имкони аз байн бурдани онро надорад.

general.images