Таҳлиле бар намоишӣ будани эътирозот дар баробари сафорати Эрон дар Душанбе

Дар паи таҷаммуи эътирозии ахир дар муқобили сафорати Эрон дар Душанбе, фаъоли расонаии тоҷик дар таҳлиле ин тазоҳуротро намоишӣ ва давлатӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Дар паи таҷаммуи эътирозии ахир дар муқобили сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, фаъоли расонаии тоҷик дар таҳлиле ин тазоҳуротро намоишӣ ва давлатӣ хонд. Дар паи таҷаммуи кӯчаке дар баробари сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар он ширкаткунандагон шиорҳои зиддиэронӣ сар доданд, Дорюши Раҷабиён бо зикри далелҳое ин таҷаммуъро намоишӣ донист. Ба навиштаи вай, дар Тоҷикистон таҷаммуи эътирозомез баргузор намешавад ва танҳо тазоҳуроти баргузоршуда низ дар мухолифат бо рақибони давлат будааст ва таҷаммуи рӯзи душанбе низ истисное бар ин қоида нест. Вай ба яксон будани шиорҳо ва ҳатто дастхати навиштаҳо ишора карда ва шиорҳое аз қабили “дӯстии Тоҷикистон ва Эронро ҳурмат кунед”-ро шиоре дониста, ки фақат аз зеҳн ва каломи давлат метаровад.Ин фаъоли расонаии тоҷик дар поён ба иҷрокунандагони чунин намоишҳое тавсия кардааст, дар намоишҳои баъдӣ аз ҳунарпешаҳои ҳирфаитаре баҳра биҷуянд.

general.images