Таҳдиди донишҷӯёни тоҷик дар Чин, агар руза бигиред аз донишгоҳ ихроҷ мешавед

Донишгоҳҳои як вилояти умдатан мусулмоннишини Чин ба донишҷӯёни тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯза нагиранд, вагарна аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Донишгоҳҳои як вилояти умдатан мусулмоннишини Чин ба донишҷӯёни тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯза нагиранд, вагарна аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд. Маъмурияти донишгоҳҳои Вилояти Худмухтори Шинҷон-Уйғур дар назди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик шарт гузоштаанд, ки аз ибодат дар дохили донишгоҳ, аз ҷумла рӯзадорӣ парҳез кунанд.Дар сурати собит шудани рӯзадории донишҷӯён, онҳоро аз донишгоҳ ва ҳам аз қаламрави кишвар ихроҷ мекунанд. Ҳадди аққал чаҳор донишҷӯи тоҷик, ки дар Чин таҳсил мекунанд, рӯзи 8-уми июн дар суҳбати гуфтанд, қабл аз оғози моҳи Рамазон ба онҳо гуфтанд, ки рӯзадорӣ дар донишгоҳ манъ аст.Донишҷӯёне, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, нахостанд, номашон ошкор шавад, чун ба гуфтаи онҳо дар сурати ошкор шудани исмашон, мумкин аст, онҳоро аз донишгоҳ ихроҷ кунанд.Яке аз ҳамсӯҳбатон гуфт,"Пеш аз оғози моҳи Рамазон аз ҳар як донишҷӯи хориҷии мусулмон имзо гирифтанд, ки агар рӯза гирем аз донишгоҳ хориҷ мешавем. Мо зери ин санад имзо гузоштем ва вақте ман хостам, бо телефон акси санадро бигирам, муаллима нагузошт".Ҳамсӯҳбати дигари гуфт, барои мутмаин шудан, масъулони хобгоҳ вақти ифтору саҳархӯрӣ утоқҳои онҳоро тафтиш мекунанд, ки мабодо касе рӯза бтгирад. Ба қавли ӯ, "Агар рӯза доштани донишҷӯ исбот шавад, ӯро бе гуфтугӯ ихроҷ мекунанд".Донишҷӯён мегӯянд, маҳдудият дар ҳуқуқи мазҳабӣ бо манъи рӯзадорӣ хатм намешавад. Гузашта аз ин мақомоти донишгоҳҳои Вилояти Худмухтори Шинҷон- Ӯйғури Чин дар назди донишҷӯёни мусулмон шарт гузоштаанд, ки аз хондани адабиёти динӣ, хондани намоз ва гузоштани риш, парҳез кунанд.Солҳои охир муносибати ҳукумати марказии Чин дар Вилояти Худмухтори Шинҷон-Ӯйғӯр бо аққалияти уйғур ва пайравони дини ислом саххтар шудааст. Мақомоти Чин мегӯянд, ки бо ифротгароии исломӣ мубориза мебаранд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Чинро барои таъқиби уйғурҳо бо баҳонаи ифротгароӣ пайваста танқид мекунанд.Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёни тоҷик, ки дар дигар шаҳру вилоятҳои Чин таҳсил доранд мегӯянд, чунин маҳдудият дар маконҳои таҳсили онҳо вуҷуд надорад.

general.images