Сайидмуҳаммади Алавизода, коршиноси масоили минтақа

Тағйири лаҳни Тоҷикистон дар равобит бо Эрон; фурсатҳо ва чолишҳо

Дар масири танишзудоӣ аз равобит, бозбинии наҳваи таомули гузашта ва бознигарӣ дар сиёсатҳои калон ва майда; лозимаи бозгашт ба муносиботи дӯстонааст аммо дар ин масир, Душанбе, ки бо иттиҳомоти ғайри исбот шуда оғозкунандаи таниш буд; табиатан дар ин миён бояд саҳми бештаре аз ҳусни ниятро ба намоиш бигузорад.

Сайидмуҳаммади Алавизода, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар таҳлиле ба баррасии тағйири мавозеъ ва лаҳни Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои охир, аз чароӣ ва чолишҳо ва низ чашмандози ин тағйир пардохтааст.

Дар ин таҳлил омадааст: “Пас аз як давраи нисбатан тӯлонии таниш дар равобити Теҳрон-Душанбе; тайи чанд рӯзи охир бархе ахбор ва шунидаҳое ҳикоят аз тағйири мавозеъи Тоҷикистон нисбат ба сиёсати иттиҳомзанӣ ва рафторҳои вогароёна нисбат ба ҶИЭ дорад.”

Аз сӯи дигар ин тағйири лаҳни мусбат; алорағми эҷоди умедвориҳое барои беҳбуди равобит; ҳамчунон дорои ибҳомот ва иттиҳомоте собитношуда низ ҳаст, ки зарурати ҳушёрии бештареро аз сӯи тасмимсозони сиёсати хориҷӣ дар ин бурҳаи замонӣ талаб мекунад.

Албатта боистӣ ба ин нукта изъон дошт, ки дар масири танишзудоӣ аз равобит; бозбинии наҳваи таомули гузашта ва зарурати бознигарӣ дар сиёсатҳои калон ва майда; лозимаи бозгашт ба муносибатҳои дӯстонааст мунтаҳо дар ин масир, Душанбе, ки бо иттиҳомоти ғайри исбот шуда оғозкунандаи таниш ва ихтилофафканӣ буд; табиатан дар ин миён боистӣ саҳми бештаре аз ҳусни ниятро ба намоиш гузошта ва аз ибтикорот ва фурсатҳои бешатре ҷиҳати ба таодул расондани равобит истифода намояд.

Нишонаҳои тағйир

Пас аз таҳаввулоти интихоботи порлумонии 2015-и Тоҷикистон ва сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон ба манзури ширкат дар конфронси Ваҳдати Исломӣ; давлати Тоҷикистон бо бардоштҳое хасмона, даъват аз роҳбари ҲНИТ, ки аз ҷумла мӯътаризин ба натоиҷи интихоботи ин кишвар будро навъе дахолат дар умури дохилии ин кишвар тавсиф ва сенариои иттиҳомзанӣ ба Теҳронро калид зад.

Ин наҳваи рафтори Душанбе, дар ҷараёни ҳаводиси марбут ба “кудато”-и генерал Назарзода ба авҷ расид ва Душанбе дар додгоҳҳое ғайриаланӣ ва тайи иттиҳомоте собитношуда, бори дигар пои Эронро ба иттиҳоми дахолат дар умури дохилии Тоҷикистон кашонд.

Тайи солҳои 2016 то поёни соли 2018 низ ин шакли рафторӣ ва маҳдудсозии сатҳу навъи равобит бо Теҳрон; ба равишҳои дигаре низ идома дошт. Аз иттиҳоми вазбени ҳимоят аз муборизони ДИИШ дар Тоҷикистон то таътил шудани марокиз ва ниҳодҳои фаъоли эронӣ дар Душанбе, дар канори тавҳину ифтиро ба олитарин мақомоти сиёсии ҶИЭ танҳо бахше аз рӯйкарди якҷониба ва хасмонаи Душанбе алайҳи Теҳрон буд.

Дар ин авохир низ радди сафири пешниҳодии Эрон аз ҷумлаи дигар иқдомоте буд, ки Тоҷикистон дар канори ҳамалоти ҳамешагии расонаҳои вобаста алайҳи Теҳрон дар сояи сукут ва шояд инфиъолии дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон иброз дошт. Аммо тайи як моҳи охир, ва ҳамзамон бо оғози соли нав; Душанбе ҳадди ақал дар баёни рафторӣ ва амалкардӣ дар ВКХ, роҳбурди мутафовитеро дар пеш гирифт.

Бархе аз муҳимтарин муаллифаҳои фарзияи тағйири рафтории Тоҷикистон ба шарҳи зайл аст:

  1. Муаррифии яке аз чеҳраҳои муваҷҷаҳ ва эроншиноси тоҷик ҷиҳати тасаддигарии сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон;

  2. Лаҳни мусбати паёми табрики президенти Тоҷикистон хитоб ба миллат ва давлати Эрон дар 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон нисбат ба солҳои гузашта;

  3. Ҳузури мушовири сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гаромидошти солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар Тоҷикистон пас аз 5 сол;

  4. Истиқбол аз беҳбурди равобит дар суханрониҳои охири Сироҷиддини Мӯҳриддин вазири корҳои хориҷа ва раисони пешин ва нави МТС-и Тоҷикистон;

  5. Эҳтимоли болои мувофиқат бо гузинаи нави сафорати Эрон дар Душанбе.

Зарурати ҳушёрии дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон дар мувоҷеҳа бо роҳбурди нави Тоҷикистон

Муаллифаҳое, ки аз онҳо ба унвони тағйири роҳбурд ёд шуд; алорағми аҳаммият дар тафсир, аммо ба унвони шохисе дар равобити байни кишварҳо маҳсуб намешавад. Аз сӯи дигар; дар дипломосӣ ҳеч рӯйдоде ба сурати ҷудогона дида намешавад балки боистӣ дар зайли маҷмӯъае аз авомил таҳлил шавад.

Ба ҳар ҳол, мавориде, ки дар боло зикр шуд; дар канори умедворӣ ба бозгашти равобит ба мизони пеш аз 2015; ба назар мерасад ҳушёрӣ ва парҳез аз ҳаргуна завқзадагиро аз тарафи эронӣ талаб мекунад зеро ҳамчунон тарафи тоҷик саъй дорад бо таъдили бархе мулоҳизоти худ; ҳамчунон тӯпро ба майдони Эрон биандозад ва боистӣ нисбат ба ин рафтори давлати Тоҷикистон ҳушёр буд.

Шоҳиди ин мисол, сӯҳбатҳои охири вазири хориҷаи Тоҷикистон аст, ки дар охирин изҳори назари худ роҷеъ ба таҳаррукоти тоза дар равобит бо Теҳрон гуфтааст: “Мутаъассифона бархе аз гурӯҳҳои ҷудогонаи сиёсӣ ва молии Эрон аз созмони ифротӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар таҳаввулоти моҳи сентябри соли 2015 даст дошт, ҳимоят карданд ва мо ин мушкилро бо тарафи эронӣ дар сатҳҳои мухталиф пайгирӣ кардем аммо мутаъассифона ҳанӯз аз сӯи Эрон роҳи ҳалли муносиб пайдо нашудааст.”

Ин ки ВКХ-и Тоҷикистон аз такрори иттиҳомоти худ ба давлат ва низоми ҶИЭ бозгашта ва онро такрор намекунад кори хубе аст аммо зикри номи ибҳомдори “ниҳодҳо ва гурӯҳҳои ҷудогонаи сиёсӣ” бидуни ироаи ҳеч мадраке, ҳикоят аз ҳамон роҳу равиши чанд соли охирро дорад.

ВКХ-и Эрон бо вуҷуди адами инкори ҳимоят аз ҲНИТ ба унвони як ташаккули сиёсӣ-мазҳбии миёнарав дар минтақаи мусалмоннишини Осиёи Марказӣ; ҳамвора, ҳаргуна ҳаракоти харобкорона ва террористиро маҳкум карда ва аслро бар ҳимояти ҳамаҷониба аз давлати қонунии Тоҷикистон қарор дода ва хоҳад кард.

Албатта, ки боистӣ ба ин нукта низ изъон дошт, ки тамоми мушкилоти мавҷуд дар равобитро набояд дар чорчӯби рафтори Тоҷикистон таҳлил кард. Дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон низ дар ин масир, бо ихтиёри сиёсати сукут ва инфиъол ва ҳамчунин адами посух ва вокунишҳои бамавқеъ ва мавриди ниёз; ба таҳрики бештари тарафи муқобил пардохт ва ҳечгоҳ, ба рағми гузашти беш аз 3 сол аз мамнӯъияти фаъолияти ҲНИТ ва ибҳомҳои мавҷуд; мавзеъи расмӣ ва мушаххаси худро эълом накард.

Гуфтугӯ бидуни таъсирпазирӣ аз лоббиҳо ва фишорҳои хориҷӣ

Дар ниҳоят ин ки, рафторҳо ва гуфторҳое, ки имрӯз аз он умедвориҳое ҳосил шудааст; дар сурате ба натоиҷи хубе мерасад, ки мавзӯъи гуфтугӯҳои ду кишвар ҳамзамон бо оғози ба кори сафирони нав ба сурате мустақим ва бидуни таъсирпазирӣ аз лоббиҳои кишварҳои хориҷӣ бошад. Лоббии бозигарони хориҷӣ, ки дар таниши 3-4 солаи охир нақше пурранг дар тирагии ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон дошт; ба назар мерасад ҳамчунон дар мавозеъи худ пойфишорӣ дошта ва дар сурати адами ҳазф аз ҷараёни музокирот, таъсироти бади худро бар қувва ва ҷараёни оқилаи Тоҷикистон хоҳад гузошт.

www.farsnews.com

general.images