Таъмири мактабҳо ҳанузҳам бо пул гирифтан аз волидони донишомузон инҷом мешавад

Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар ҳоле, ки пул гирифтан аз волидони талабаҳо барои таъмири мактаб манъ шудааст, аммо дар асл ҳоло ҳам мактабҳо бо пули ҳамин қишр таъмин мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар ҳоле, ки пул гирифтан аз волидони талабаҳо барои таъмири мактаб манъ шудааст, аммо дар асл ҳоло ҳам мактабҳо бо пули ҳамин қишр таъмин мешавад. Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 26-уми июл дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, мавқеи ӯ дар баробари манъ кардани ҷалби волидон ба таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо тағйир наёфтааст ва ӯ талош мекунад, ки дар оянда корхои сохтусоз аз ҳисоби буҷа анҷом шавад. Изҳороти ин мақом дар ҳоле пахш шуд, ки солҳои охир бо вуҷуди шикояти хонаводаҳо, махсусан оилаҳои камбизоат, мактабу кӯдакистонҳо волидонро маҷбур мекунанд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд. Ин кор дар пойтахти Тоҷикистон баъди дахолати мири Душанбе Рустами Эмомалӣ каме ба сомон омад. Аммо дар манотиқи дуртар аз пойтахт таҷрибаи "сармоягузории хонаводаҳо" ба таъмири мактаб ҳамоно ҷараён дорад.Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳоро расман манъ карда, чунин амалро “ғайриқонунӣ ва нодуруст” мехонад. Бархе волидон ба ҳамин қарору тасмимҳои мақомот ишора карда дар ҳайрат мемонанд, ки чаро амрҳо иҷро намешаванд.Аксари онҳое, ки аз талаби пардохти пул норозӣ ҳастанд, мегӯянд, тавони пардохти ин харҷҳоро надоранд. Пули таъмири мактаб ба даромади бе ин ҳам начандон баланди оилаҳо, ки маъмулан чанд фарзандашон ҳамзамон дар мактаб таҳсил мекунанд, гаронӣ мекунад.

general.images