Таъмини амнияти Раҳмон ва оилааш, меҳвари боздид аз Суғд

Раҳмон аз 23−уми март сафари кориаш ба вилояти Суғдро оғоз кард ва дар шаҳрҳои мухталиф ба сухан пардохт. Меҳвари суҳбатҳои Раҳмон “таъмини амнияти статуси Раҳмон ва оилаи он” буд. Агар суханрониҳои Раҳмон дар ин чандрӯз дар Суғдро диққат кунем, ба равшанӣ мефаҳмем, ки ӯ аз амният, аз мубориза бо терроризм, аз бетараф набудани суғдиҳо, аз муқовимат дар муқобили тундравон суханронӣ кардааст. Ӯ аз мақомоти Суғд ба мубориза бар зидди терроризм ва тундравон даъват кардааст. Бо мутолиаи баромадҳои Раҳмон дар Суғд, саволҳое барои ман эҷод шудааст, ки ин саволҳоро матраҳ мекунам ва ҷавоби худамро низ меоварам.

Таъмини амнияти Раҳмон ва оилааш, меҳвари боздид аз Суғд

Раҳмон аз 23−уми март сафари кориаш ба вилояти Суғдро оғоз кард ва дар шаҳрҳои мухталиф ба сухан пардохт. Меҳвари суҳбатҳои Раҳмон “таъмини амнияти статуси Раҳмон ва оилаи он” буд. Агар суханрониҳои Раҳмон дар ин чандрӯз дар Суғдро диққат кунем, ба равшанӣ мефаҳмем, ки ӯ аз амният, аз мубориза бо терроризм, аз бетараф набудани суғдиҳо, аз муқовимат дар муқобили тундравон суханронӣ кардааст. Ӯ аз мақомоти Суғд ба мубориза бар зидди терроризм ва тундравон даъват кардааст. Бо мутолиаи баромадҳои Раҳмон дар Суғд, саволҳое барои ман эҷод шудааст, ки ин саволҳоро матраҳ мекунам ва ҷавоби худамро низ меоварам.

Саволҳо аз баромади Раҳмон дар Суғд

Чаро Раҳмон аз амният зиёд сухан гуфт?

Манзури ӯ аз амният чӣ аст? 

Чаро инқадар аз тундаравон метарсад?

 Чаро суҳбат аз “амният” мекунад?

Чаро маркази таълимии “Алфа” мекушояд?

Оё Раҳмон воқеан дар садади амният барои мардум аст ё ҳадафи дигаре дорад?

Чаро аксари будҷаи давлатро ба ҷои инки сарфи сохтани корхонҳои истеҳсолӣ кунад, сарфи омода кардани аскару афсар мекунад???

Ҷавоби саволҳои эҷодшуда аз суханронии Раҳмон дар Суғд

Ҳамаи ин саволҳо баргирифта аз суханронии Раҳмон дар Суғд аст. Ба назари нависанда, ин саволҳо баёнгари он аст, ки Раҳмон эҳсоси хатар карда, хатарро бехи гуши худ мебинад, барои дифоъ аз статуси худ ва оилааш мардумро даъват мекунад, то омодаи дифоъ аз Раҳмон шаванд. Бо суханронии худ дар дили мардум аз тундравон тарсу ҳарос эҷод карда, зери чатри “амният” ҳадафи худро меҷӯяд.

Манзури ӯ аз амният, таъмини амнияти статуси Раҳмон ва оилаи он аст; яъне мардумро омодаи ҷонсупорӣ дар муқобили тундравон ва ба истилоҳ “терроризм” барои нигоҳдории пешвогии миллат, президентии Рустам, сенатории Озода ва дигар решаю пайвандонаш аст.

Чаро аз тундаравон метарсад? Раҳмон дар воқеъ на аз тундравон, балки аз амалкарди зидидинии худ метарсад. Чун ӯ зидди дин корҳоеро кард, ки дилҳои мусулмонони Тоҷикстонро ҷариҳадор кард. Ба ҳамин хотир аксари Исломдӯстон ва мусулмонони тоҷик аз ӯ безоранд. Эҳтимоли он меравад, ки ин идда аз мардум қиём карда, Раҳмону сиёсати зиддидиниашу оилаи ҳарисашро чапагардон кунанд.

Чаро маркази таълимии “Алфа” кушод? Таълимгирандагони ин марказҳо аскарону афсароне ҳастанд, ки таҳти шиори “амният”, амнияти мавқеияти Раҳмон ва оилаашро таъмин мекунанд. Ба ҳамин хотир бояд инхел марказҳо зиёд шаванд, то амнияти статуси Раҳмон қавитар шавад.

Оё Раҳмон барои мардуми кишвар дил месӯзонад, ки мехоҳад “амнияти кишвар”− баҳона кунад?

Дар нигоҳи аввал, шояд ҳама фикр кунанд, ки Раҳмон дилаш барои мардум месӯзад, барои ҳамин мехоҳад ба гуфти худаш “амнияти кишвар”−ро таъмин кунад, то мардум хубу хушу хурраму шодоб зиндагӣ кунанд, аммо бо каме диққат мефаҳмем, ки ин тавр нест. Чун агар дили ӯ барои мардум месухт, пулҳоеро ки аз Созмонҳои байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва... мегирифт, баҷои харҷ дар карнавалу рақсу бозию кайфу сафо ва мастии оилаи пуррешаи ҳарисаш, ки ҳар кадомашон даҳҳо мошинҳои қимату дачаҳои калон ва...ро соҳибанд, корхонаҳои истеҳсолӣ месохт, то мардум ба кор таъмин шуда, дигар ба Русия “барои гастарбайтерӣ” намерафтанд. Маълум мешавад, ки ӯ аз баҳонаи таъмини амният, будҷаи кишварро харҷ мекунад, то амнияти “статуси худаш ва оилаи пуррешаи ҳарисаш” таъмин шавад. Ба ҳамин хотир аст, ки амниятро тақвият карда, нерӯи омодаи ҷонсупорӣ таёр мекунад, то дар вақти лозим сипари дифоии ӯ ва оилааш шаванд ва амнияти ӯ ва оилаашро таъмин кунанд.

Чаро Раҳмон калонтарин корхони семент кушод?

Хонандаи ин мақола, шояд ба ин натиҷа расад, ки қазоватҳо беинсофона аст; чаро ки Раҳмон на танҳо аз амният гап зад, балки калонтарин корхонаи сементро ва.... кушод. Набояд фаромӯш кард, ки ин корхона бештари ҳиссааш аз ширкати чинӣ аст (Озодӣ). Ва хитой низ амнияти Раҳмонро таъмин мекунад, дар қиболаш нисфи замини Бадахшонро гирифту роҳҳо сохту ин корхонаро кушод. Пас ин корхона низ барои таъмини амнияти Раҳмон тавассути хитоиҳо аст.

 

Таҳлил: Сиддиқ Акбар.

general.images